Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

«МИНТАҚАИ МАКТАБӢ»: БЕХАТАРИИ КӮДАКОН ДАР РОҲҲОРО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати Кореяи Ҷанубӣ санади ҳамкорӣ ба имзо расид

Санаи нашр: 30-10-2026 Просмотрено: 2025

29 октябри соли 2026 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азим Иброҳим бо ҳайати Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии  ноиби Президенти  ширкати «KUKJE ST Co., LTD»  Ҷи Ҳо Ҳан баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни ҷонибҳо баррасӣ  карда шуд.

Азим Иброҳим меҳмони кореягиро ба Вазорати нақлиёт хайрамақдам гуфта, аз рушди ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Корея дар солҳои охир дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла дар соҳаи роҳу нақлиёт изҳори қаноатмандӣ намуд. 

Гуфта шуд, ки тайи солҳои  2025-2026 бо дастгирии Ҷумҳурии Корея дар соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи 5 лоиҳа бо маблағи 7 млн доллари ИМА роҳандозӣ гардидааст, ки  аз ин 3 лоиҳа – лоиҳаи асосноккунии техникӣ-иқтисодии таъсиси маркази логистикӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе аз бинои Сирки давлатӣ то дарвозаи шарқии пойтахт ва лоиҳаи дастгирии Гурӯҳи машваратӣ оид ба сохтмони метро дар шаҳри Душанбе ба анҷом расида, лоиҳаи асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён» ва лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҳушманд дар шаҳри Душанбе» дар марҳилаи татбиқшавӣ қарор доранд.

Дар ҷараёни мулоқот миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «KUKJE ST Co.,LTD»-и Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Ҳадаф аз имзои Ёддошти тафоҳум таҳияи лоиҳаи «Навсозии иншооти бехатарии ҳаракат дар роҳҳои асосии шаҳри Душанбе ва ҷорӣ намудани низоми зеҳнии “Минтақаи мактабӣ” дар асоси технологияи зеҳни сунъӣ (AI) барои таъмини бехатарии кӯдакон дар роҳҳои Тоҷикистон» мебошад.

Татбиқи лоиҳа  бо истифода аз технологияҳои ҷадид (таҳлили вазъи ҳаракати нақлиёт дар роҳ дар ҳамгироӣ бо чароғакҳои раҳнамои «ҳушманд» ва аз рӯи сабти камераҳо,  огоҳсозии фаврии кӯдакон ва масъулини мактабҳо аз ҳолатҳои хатарнок) бехатарии ҳаракат дар роҳҳои ҳамшафати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии зери ҳадафи лоиҳаро  таъмин менамояд.