Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ «МУРҒОБ – КУЛМА» НАВСОЗӢ МЕШАВАД. Оид ба асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи мазкур байни Вазорати нақлиёти ҶТ ва Сафаорати ҶМЧ санад ба имзо расид

Санаи нашр: 30-10-2026 Просмотрено: 3057

29 октябри соли 2026 байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Протокол оид ба асосноккунии техникии иқтисодии лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Мурғоб – Кулма» ба имзо расонида шуд.

Зери Протокол Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Мушовири Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ Сун Хе имзо гузоштанд.

Санади мазкур дар асоси натиҷаи гузаронидани корҳои омӯзишӣ ва  асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Мурғоб – Кулма» таҳия таҳия гардида, тамоми ҷанбаҳои техникӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва инчунин усул ва стандартҳои сохтмони роҳи мазкурро ба танзим медарорад.

Лоиҳаи  таҷдиди роҳи автомобилгарди «Мурғоб – Кулма» навсозии 90 км роҳро дар бар гирифта, дар доираи кӯмакҳои грантии Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ мегардад.

Интизор меравад, ки корҳои сохтмноӣ дар лоиҳаи мазкур соли 2027 оғоз гарданд.

Ёдовар мешавем, ки гузаргоҳи Кулма дар баландии 4365 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.Дар ин ҷо барои кори самараноки кормандони гумрук ва дигар идораҳои дахлдор шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Роҳи мазкур, ки Тоҷикистонро бо Чин мепайвандад, барои робитаи минтақаҳо  ва рушди тиҷорат аҳамияти муҳим дорад.

Тибқи маълумоти оморӣ, танҳо дар  дар се моҳи аввали соли 2026 тавассути гузаргоҳи Кулма ба кишвар беш аз якуним ҳазор мошини боркаш, зиёда аз 3300 мошини сабукрав, инчунин автобусҳо, техникаю таҷҳизот ва маводи гуногун  барои сохтмони корхонаҳои саноатӣ   ворид гардидаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи як соли пеш хеле зиед аст. Илова бар ин, тавассути ин гузаргоҳи дӯстӣ тамоюли афзоиши ҷараёни омадурафти сайёҳон ба назар мерасад.