Бонувони арҷманди маҷмааи нақлиёту роҳ!
Ҳар яки мо ҳамчун фарзанди олиҳаи зебоию муҳаббат – яъне, Зан-Модар, аз он мефахрем, ки дар радифи ҷашнҳои бузургамон рўзи Модар яке аз идҳои муҳим ва ботантанаи мо мебошад. Чунин муносибат ба ин ҷашн реша дар истиқболи бисёр гарму самимонаи Пешвои миллат дорад, ки дар яке аз суханрониҳояшон дар ҳузури бонувон фармудаанд: «Агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба киштукор ва оғози нави корҳои ободониву созандагӣ бошад, Модар худ оғозгари зиндагӣ ва бахшандаи ҳаёт аст. Аз ин рў, мо модарро ҳамчун мавҷуди муқаддас дўст медорем, мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми ўро ҳамеша пос медорем».
Дар умқи ин сатрҳо чӣ қадар меҳру муҳаббат, чӣ қадар садоқату эҳтиром ба ҷинси латиф ниҳон аст! Оре, модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дўш гирифта, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд. Баробари ин, боз дар сари гаҳвораи тифлаш шабзиндадорӣ карда, камолоти ўро интизор мешавад ва тамоми ҳастиашро ба парвариши ҷигарбандаш сарф намуда, бо камоли садоқатмандӣ ўро мададгорӣ менамояд. Маҳз ба ҳамин хотир Зан-Модар нисбат ба мард имтиёз ва бартарӣ дошта, соҳиби мақому мартабаи муқаддасу беназир ҳам дар ҷомеа ва ҳам дар зиндагӣ гардидааст.
Ҳозирини арҷманд!
Ҳукумати ҷумҳурии кишварамон масъалаи нигоҳ доштани манзалат ва мақоми занро як ҷузъи муҳими сиёсати давлатӣ қарор дода, тарбияи кадрҳо аз ҳисоби бонувони болаёқат, дастгирии ташаббуси онҳо дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла роҳу нақлиёт ва ғамхорӣ нисбат ба оиларо аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи худ медонад.
Дар Вазорати нақлиёт дастуру нишондодҳои Сарвари давлат дар мавриди баланд бурдани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини духтарону ҷавонзанон бо кор ва ғамхорӣ ба бонувон пурра амалӣ гардидааст. Айни замон дар тамоми корхонаҳои вазорат аз шумори умумии кормандон 37% - ро бонувон ташкил медиҳанд. Аз ин 7 бону дар мансабҳои роҳбарикунандаи Вазорати нақлиёт фаъолият дошта, натиҷаҳои заҳматашон аз мардон камтар нест.
Ба хотири он ки бартарии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатамон аз бисёр давлатҳои ҷаҳони сеюм ва ҳатто рў ба рушд равшантар ба назар расад, аз соҳаи худамон як мисоли одӣ меорам.
Ду сол қабл занон дар чанде аз кишварҳо пас аз талошҳои чандинсолаашон ниҳоят ҳаққи дар сари чанбари нақлиёт нишастанро дар доираи маҳдуд ба даст оварданд. Ё худ вазъи ҳуқуқии бонувон дар бархе аз кишварҳои ҳамсоя имрўз барои кулли мардуми дунё рушан аст. Аммо дунявияту демократӣ будани сохти давлатдории мо барои бонувон имкон медихад, ки на танҳо сари фармони автомобил нишинанд, балки дар соҳаҳои гуногун, вазифаҳои роҳбарикунанда ва аз ҷумла соҳаи роҳу нақлиёт, қобилияти худро нишон диҳанд.
Хушбахтона, мо имрўз мушоҳида менамоем, ки сафи бонувони ронанда рўз ба рўз бештар гардида, мувофиқи маълумоти оморӣ, занони ронанда нисбат ба мардон воситаи нақлиётро баэҳтиёттар меронанд, ки аз ин ҳисоб шумораи садамаҳо хеле коҳиш ёфтааст.
Хонумони азиз!
Албатта, ин танҳо як мисоли одии шарофати ҳузури занон дар ҷамъият аст. Ба туфайли иштироки бонувон дар ҷараёни корҳо, даҳҳо масъала роҳи ҳалли худро ба осонӣ меёбанд, интизому тартиби доимӣ ҳукфармо мешавад, аз мардон дида нисбат ба бахши фаъолияти худ ҷиддитар рафтор менамоянд.
Барои ҳамин устод Мирзо Турсунзода фармудаанд:
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,
Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо.
Пас аз Парвардигор танҳо Зан – Модар қудрати бахшидан барои инсонҳоро дорад. Тамоми бузургони дунё фарзанди модаранд ва маҳз аз ин хотир Сарвари хирадманди давлатамон, Пешвои муаззами миллат ин ҷашнро аз Рўзи Байналмилалии Занон ба Рўзи Модар табдил доданд.
Дар ин рўзи пурфайз барои Шумо, бонувони арҷманди соҳа, хоҳарон ва модарони азиз, ободии хонадон, камоли умри фарзандон, тандурустӣ ва осудагии дилу ҷон таманно менамоям.
Идатон ҳумоюн бод, бонувони азиз!