Хабарҳо

slider_img

Таҷлили Рӯзи Модар дар Вазорат

Санаи нашр: 05-03-2022 Просмотрено: 2262

Бахшида ба Рӯзи Модар дар Вазорати нақлиёти кишвар ҷамъомад баргузор гардид, ки онро вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо суханони табрикотӣ оғоз бахшида, дар васфи Зан – Модар – офарандаи ҳаёти инсонҳо суханони самимӣ баён дошт. Сипас аз номи собиқадорони соҳа Ҳикмати Неъмат ва Робия Завқиева, аз номи ҷавонони соҳа Забарҷад Асхӯҷаева ва Ганҷинаи Эмомалӣ, ҳамчунин раиси Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи ҷумҳуриявии кормандони соҳаи нақлиёту роҳ Нисо Бобоенва бонувонро бо Рӯзи Модарон  табрик гуфта, дар васфи модар шерҳо ва суханони нек баён карданд.

Дар чорабинӣ нахуст ба ғолибони Озмуни «Зан – олиҳаи ҳусн», ки ба ифтихори Рӯзи Модар  1 март доир гардида буд,  Диплом ва мукофоти пулӣ тақдим гардида,  бо фамоиши вазири нақлиёти кишвар як қатор бонувон барои фаъолияти пурсамар ва саҳми аразанда гузоштан дар пешрафти кори соҳа бо Ифтихорномаҳои вазоратинақлиёт ва туҳфаҳо қадр карда шуданд. Ҳамчунин чанде аз бонувони фаъоли соҳа  бо Ифтихономаҳои Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи нақлиёту роҳ сарфароз гардиданд.

 

//