Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ТАҶДИДИ ФАРОГИРИ ИНФРАСОХТОРИ РОҲҲОИ ПОЙТАХТ. Барои бунёди ду иншоот қарордод ба имзо расид

Санаи нашр: 13-10-2026 Просмотрено: 3095

То  охири соли ҷорӣ сохтмони як гузаргоҳ (эстакада) ва як пули автомобилгард дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе оғоз мегардад. Дар ин бора 13 октябр қарордоди дахлдор байни Вазорати нақлиёти ҶТ, консортсиуми ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва ширкати чинии «Heze Urban Construction Engineering Development Group Co., Ltd (HUCG)», инчунин Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе ба имзо расид.

Зери қарордод Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Директори генералии ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» Сафари Иқбол, намояндаи ширкати чинии «Heze Urban Construction Engineering Development Group Co., Ltd (HUCG)»  Сун Сяолей ва Директори Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе  Маҳмадюсуф Раҳимзода имзо гузоштанд.

Консортсиуми  (шариконаи) ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва ширкати чинии «Heze Urban Construction Engineering Development Group Co., Ltd (HUCG)» дар озмуни интихоби пудратчии лоиҳа ғолиб дониста шудааст.

Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳа то охири соли 2026 оғоз гардида, дар доираи он корҳои зерин анҷом дода шаванд:

– азнавсозии хиёбони С. Шерозӣ аз кӯчаи Н. Қарабоев то пули дарёи Душанбе бо шумули як гузаргоҳи 2 сатҳа (эстакада);

– азнавсозии пул аз болои дарёи Душанбе дар хиёбони С. Шерозӣ (маъмул бо номи «Мостопоезд»).

Қарор аст хиёбони С. Шерозӣ то 8 хати ҳаракат васеъ ва дар баъзе қисматҳои он хатҳои алоҳидаи ҳаракат барои нақлиёти ҷамъиятӣ ҷудо карда мешаванд ва зимни иҷрои корҳои сохтмону таҷдид  технологияҳои муосир истифода мегарданд.

Мақсади асосии лоиҳа кам кардани садамаҳо, баланд бардоштани бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон, инчунин бартараф сохтани тамбашавӣ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаҳои  ҳамшафати он мебошад.

Муҳлати корҳои сохтмонӣ тибқи қарордод 3 сол аз санаи баимзорасонӣ пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи мазкур дар доираи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, ки  29 апрели соли 2025 ба маблағи 28,4 млн евро ба имзо расидааст, амалӣ карда мешавад.

Бо мақсади татбиқи лоиҳа дар назди вазорат Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст.