Дар ҷараёни сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои мумфаршгардидаи маҳаллиро мавриди истифода қарор дода, бо лоиҳаҳои сохтмони роҳу пулҳо шинос гардиданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни сафари кории худ ба вилояти Хатлон, 4 октябр дар ноҳияи Восеъ 70 километр роҳи мумфаршгардидаи маҳаллиро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар ноҳияи Фархор Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди «Гулистон – Фархор», ки 29,6 километр дарозӣ ва 12 метр паҳноӣ дорад, шинос шуданд. Нақши ин роҳ дар рушди боркашонӣ ва мусофиркашонӣ, тиҷорати наздисарҳадӣ ва пешрафти сайёҳӣ басо муҳим арзёбӣ гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани лоиҳа вазифадор намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 109 километр роҳҳои мумфаршгардидаи байни деҳаҳои ноҳияи Фархорро, ки аз ҷониби соҳибкорон ва сокинони боҳиммату ватандӯсти ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мумфарш гардидаанд, мавриди истифода қарор доданд. Сокинон бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои ободониву созандагии ноҳия саҳмгузорӣ намуда, роҳҳои байни деҳаҳоро мумфарш намудаанд.
5 октябри соли 2026 зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб лоиҳаҳои бунёду барқарорсозии роҳ ва пулҳои мошингарди дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ муаррифӣ гардиданд, ки татбиқи онҳо ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони роҳи «Гулистон – Кӯлоб» бо дарозии 32,2 километр ва роҳи «Гулистон – Восеъ» дар масофаи 14 километр дар доираи лоиҳаи мазкур, ки дар маҷмӯъ 46,5 километрро ташкил медиҳад, санги асос гузоштанд. Бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 12 нуқтаи роҳи «Гулистон – Кӯлоб» корҳои сохтмонӣ оғоз ёфтанд.
Роҳи «Гулистон – Кӯлоб» ба дараҷаи техникии 1 дохил мешавад ва аз 4 хатти ҳаракат иборат буда, паҳноии қисми роҳи мошингард дар ду самт 17 метрро ташкил медиҳад. Дар ин масир 6 пул, 8 гузаргоҳи болозаминӣ, зеризаминӣ ва барои чорво, хатти махсус барои дучархаронҳо, 31 истгоҳ ва таваққуфгоҳҳо барои хонаи модару кӯдак сохта мешавад. Дар корҳои сохтмон зиёда аз 30 техника ва 78 коргар аз ширкатҳои Хунан ва ТГЭМ ҷалб гардидаанд. Дар доираи татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи «Гулистон – Кӯлоб» навсозии 15 километр роҳ дар ҳудуди ноҳияи Восеъ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳоло сохтмони роҳи «Данғара – Гулистон» бо маром идома дошта, дар 52 нуқта корҳо ҷараён доранд. Мавриди зикр аст, ки дар нуқтаи охири роҳи мазкур ва оғози роҳи «Гулистон – Кӯлоб» барои рафтуомади беисти нақлиёт дар нуқтаи буриши самтҳои «Данғара – Кӯлоб» ва Фархору Ҳамадонӣ роҳи дусатҳа сохта мешавад.
Ҳамчунин, ба Сарвари давлат лоиҳаи бунёди 2 пули мошингузар дар роҳи «Гулистон – Кӯлоб» муаррифӣ гардид.
Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар пули якум, ки дар болои дарёи Сурхоб бо дарозии 133 метр бунёд мегардад, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Пули мазкур аз навъи оҳанубетонии болорӣ буда, таҳкурсии такягоҳҳои он бо истифода аз мехсутунҳо бо диаметри 1,2 метр бунёд меёбад.
Сохтмони пули дуюм дар болои дарёи Ёхсу, воқеъ дар ноҳияи Восеъ, тибқи нақша идома дошта, дарозии он 100,4 метр ва паҳноияш 14 метрро ташкил медиҳад. Пули дуюм низ бо усули оҳанубетонии болорӣ сохта шуда, барои таъмини устуворӣ ва мустаҳкамии иншоот таҳкурсии такягоҳҳо тавассути мехсутунҳо бунёд карда шуда, дар арафаи анҷомёбӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ҳар ду иншооти муҳими нақлиётӣ тибқи талаботи техникию меъёрӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, барои сохтмони роҳи таворавии «Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин» ба масофаи 11 километр санги асос гузоштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳи мазкур бо 2–3 хатти ҳаракат пешбинӣ гардида, паҳноии ҳар як хат 3,5 метр ва паҳноии қисми ҳаракати нақлиёт аз 7,0 то 10,5 метрро ташкил медиҳад.
Дар доираи лоиҳа бунёди 1530 метр пиёдароҳ дар маҳаллаҳои аҳолинишин, насби низоми равшаннамоии офтобӣ, сохтмони қубурҳои обгузар, 2 адад пул ва истгоҳҳои нақлиётӣ пешбинӣ гардида, барои таъмини бехатарии ҳаракат аломатҳои роҳ насб карда мешавад.
Дар доираи лоиҳаи роҳи таворавӣ дар 5 мавзеъ барои то 3500 оила замини наздиҳавлигӣ дар масоҳати 5 дарсадӣ дар назар аст. Ҳамчунин, бунёди хатти оби нушокӣ ва барқ пешбинӣ шудааст.
Бо саҳми сокинону соҳибкорони шаҳри Кӯлоб, ҳамчунин, 62,5 километр роҳҳои маҳаллӣ, ки дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти шаҳр таъмиру навсозӣ гардидаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки дар деҳаҳои «Файзобод», «Танёл», «Хонобод» ва «Лавова» - и ҷамоати деҳоти «Даҳана» 24 километр, дар маҳаллаи «Зарқалъа» 8 километр, «Хоҷа Исҳоқ» 6 километр, «Бахтобод» 6 километр, «Корези Поён» 2 километр ва дар деҳаи «Пахтакор» - и ҷамоати деҳоти «Зиракӣ» 6,5 километр роҳ мумфарш карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки корҳои созандагию ободонӣ ба хотири рушди инфрасохтори нақлиётӣ ба сифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳо ба роҳ монда шавад.
Ҳадафи асосӣ аз амалӣ намудани лоиҳаи бунёду навсозии роҳҳои мошингард таъмини бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолат ва андозаҳои геометрии роҳ, инчунин сарфа намудани вақт ва сӯзишворӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Инчунин 5 октябр зимни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ «Тоҷик-Алмос» мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти нави истеҳсолӣ бо саҳми соҳибкори ватанӣ Хайриддин Бобоев бунёд гардида, барои рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, васеъ намудани имкониятҳои истеҳсолии минтақа ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ замина фароҳам меорад.
Дар корхона истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ, аз ҷумла ҳавотозакунакҳои равғанӣ ва ҳавоӣ ба роҳ монда шудааст.
Таҷҳизоти технологӣ ва дастгоҳҳои истеҳсолии корхона пурра аз хориҷи кишвар ворид гардида, мутахассисони маҳаллӣ аз ҷониби коршиносони хориҷӣ омӯзонида шудаанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 700 ҳазор дона маҳсулотро ташкил дода, дар марҳилаи фаъолияти пурраи истеҳсолӣ имкони истеҳсоли беш аз 150 номгӯи ҳавотозакунак пешбинӣ шудааст.
Маҳсулоти истеҳсолии ҶДММ «Тоҷик-Алмос» ба талаботи бозори муосир мутобиқ буда, бо дарназардошти имкониятҳои истеҳсолӣ, метавонад талаботи бозори дохилиро таъмин намуда, дар оянда ба содирот низ равона карда шавад.
Дар корхона 20 ҷойи корӣ таъсис дода шуда, сокинони маҳаллӣ бо музди меҳнати муносиб таъмин гардидаанд.
Манбаъ: www.President.t