Кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз 6 то 19 августи соли 2026 дар Семинари байналмилалӣ оид ба идоракунии инфрасохтори нақлиётӣ ширкат намуданд.
Семинар, ки дар Чэнду ва Кунмин – ду шаҳри пешрафта дар ҷанубу ғарбии Чин сурат гирифт, аз ҷониби Академияи тиҷорати байналмилалӣ (AIBO), корпоратсияи муҳандисии Чин (China Railway Eryuanggineering Group, CREEG), ки ба тарроҳӣ ва корҳои ҷустуҷӯӣ барои инфрасохтори роҳи оҳан тахассус дорад, созмон дода, аз ҷониби Вазорати тиҷорати Чин маблағгузорӣ карда шуд.
Дар рафти семинар намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи ғании Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи сохтмон ва истифодаи роҳҳои автомобилгард дар минтақаҳои кӯҳӣ, идоракунии роҳи оҳан ва дигар нақлиёти ҷамъиятӣ, рақамикунонии равандҳо ва ташкили нақлиёти мултимодалӣ шинос шуданд. Аз ҷумла, технологияҳои лоиҳакашии нақбҳо, пулҳо ва қитъаҳои мураккаби кӯҳӣ барои татбиқ дар шароити Тоҷикистон муҳим дониста шуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш намояндагони кишвари мо дарёфтанд, ки Чин дорои инфрасохтори васеъ ва муосири нақлиётӣ мебошад, ки дар рушди иқтисодӣ ва суботи иҷтимоии кишвар нақши ҳалкунанда дорад. Кишвар дар марҳилаи навсозии глобалии инфрасохтори нақлиётии худ қарор дорад. Хабар дода шуд, ки инфрасохтори нақлиётии Чин аз рӯи миқёси худ дар ҷаҳон мавқеи пешсафро ишғол мекунад.
Хусусиятҳои асосии идоракунии инфрасохтори нақлиётӣ дар Чин инҳоянд:
– идораи марказонидашудаи стратегӣ, ки дар он Вазорати нақлиёти кишвар, ки ба Шӯрои Давлатии Чин тобеъ аст, нақши калидӣ мебозад;
– иерархия (тобеият ё субординатсия) ва банақшагирии стратегӣ;
– сохтори иерархии ибораи аз се сатҳ (сатҳи миллӣ, сатҳи музофотӣ, сатҳи мунисипалӣ ва ноҳиявӣ);
– истифодаи фаъолонаи механизмҳои шарикии давлатӣ-хусусӣ (ШДБХ);
– рақамисозии миқёсӣ ва татбиқи системаҳои зеҳнӣ;
– тамаркуз ба мултимодалӣ ва ҳамгироӣ;
– таваҷҷӯҳ ба технологияҳои «сабз» ва устуворӣ;
– самти сиёсати хориҷӣ (дар доираи ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» Чин дар кишварҳои дигар долонҳои нақлиётӣ ва марказҳои логистикӣ месозад).
Ин хусусиятҳо дар якҷоягӣ ба Чин имкон додаанд, ки яке аз шабакаҳои васеътарин ва технологии нақлиётро дар ҷаҳон эҷод намуда, сохтмони васеъмиқёсро бо рақамисозии амиқ ва ҳамгироӣ ба занҷирҳои логистикии ҷаҳонӣ муттаҳид кунад.
Дар ҷараёни семинар кори дипломии омодакардаи ҳайати Тоҷикистон ҳимоя карда шуд. Мавзӯи асосии кор ба «Рушди маҷмааи инфрасохтори нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳҳои автомобилӣ, шабакаи роҳи оҳан ва самтҳои ҳамкории стратегӣ бо CREEG» ва мавзӯи иловагӣ ба «Нақшакашии долонщои калидии васеъ ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард» бахшида шуд.
Дар натиҷаи семинар ҳамаи аъзои ҳайати Вазорати нақлиёти Тоҷикистон муваффақ дониста шуда, сертификатҳои расмии байналмилалии баланд бардоштани маҳорати касбиро ба даст оварданд.
Ҳамчунин аъзои ҳайат бо иншооти таърихию фарҳангии шаҳрҳои Чэнду ва Кунмин шинос шуда, дар таҳкими робитаҳои дӯстона байни ду кишвар саҳм гузоштанд.
Иштироки намояндагони кишвари мо дар ин семинар ба татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии муайяннамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ва рушди устувори инфрасохтори нақлиётии мамлакат мусоидат хоҳад намуд.