Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
ДАР ТОҶИКИСТОН
27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Хоруғи Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Сарвари давлат. Мақсади сафари корӣ – ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, баргузории вохӯриҳо ва сӯҳбатҳо бо аҳолӣ, инчунин иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин сафар дар ҳавопаймои нави тамғаи L-410 NG ширкати ҳавопаймоии ватанӣ «Шоҳин Эйрлайнз», ки ба наздикӣ дар Тоҷикистон таъсис ефтааст, сурат гирифт.
Ин ҳамчунин нахустин парвози ҳавоӣ бо хатсайри нави «Душанбе-Хоруғ» мебошад, ки тавассути он алоқаи мунтазами ҳавоӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ аз сар гирифта мешавад. Аз ин ба баъд байни Душанбе ва Хоруғ дар ин ҳавопаймо, ки «Бадахшон» номгузорӣ шудааст, парвозҳои мусофирбарӣ мунтазам анҷом дода мешаванд.
***
Дар нӯҳ моҳи соли 2026 Дар Душанбе 40 садамаи нақлиётӣ бо иштироки нақлиёти ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи садамаҳо 10 нафар ҳалок ва 41 нафари дигар захмӣ гардиданд.
Тибқи маълумоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии дар пойтахт, се садама бо иштироки автобусҳо рух додаанд. Бар асари онҳо як нафар ҳалок ва се нафари дигар захмӣ шуданд.
РВКД пойтахт ин оморро дар доираи амалиёти пешгирикунандаи «Автобус», ки аз 14 то 23 сентябр дар Тоҷикистон баргузор шуд, овардааст.
***
Дурнамои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Бунёди рушди иқтисодии арабии Кувайт баррасӣ шуд. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо иҷрокунандаи вазифаи Директори генералии Бунёди рушди иқтисодии арабии Кувайт Рашид Ал-Бадр мулоқот кард.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар дод, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди рушди иқтисодии арабиро баррасӣ намуда, ба масъалаҳои ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, инфрасохторӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва дигар лоиҳаҳои афзалиятнок диққати махсус доданд.
***
Дар Душанбе рушди авиатсияи граждании кишварҳои узви ИДМ баррасӣ шуд. 25 сентябри соли 2026 сессияи ғайринавбатии Шӯрои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ баргузор гардид.
Ҷаласа дар шакли видеоконфронс сурат гирифт. Дар ин бора хадамоти матбуоти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар кори ҷаласа раиси Шӯро, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода, намояндагони идораҳои авиатсионӣ, намояндагони ваколатдори Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон, инчунин роҳбарияти Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (КБА) иштирок намуданд.
Мақсади асосии ҷаласа баррасии масъалаҳои марбут ба омодагӣ ба 35-солагии Созишнома дар бораи авиатсияи гражданӣ ва истифодаи фазои ҳавоӣ, инчунин ташкили КБА буд.
Дар ҷараёни ҷаласаи ғайринавбатӣ иштирокчиён инчунин рушди муносибатҳои байнидавлатиро дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва ташкили алоқаи ҳавоӣ байни давлатҳои иштирокчии КБА баррасӣ карданд.
***
Аввалин вагонҳои нафти Эрон ба Тоҷикистон ворид шуданд. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ хабар медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи август Тоҷикистон бо Эрон дар бораи воридоти 2,55 миллион тонна нафту маҳсулоти нафтӣ созишнома ба имзо расонид. Душанбе дар як сол 2 миллион тонна нафт, 300 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 150 ҳазор тонна бензин ва 100 ҳазор тонна сӯзишвории авиатсионӣ дархост кард.Тибқи арзёбии Вазорати нақлиети ҶТ, барои интиқоли чунин ҳаҷм тақрибан 51 ҳазор вагонҳои роҳи оҳан лозим аст.
Душанбе пешниҳод кард, ки қаторҳои махсус ташкил карда шаванд ва барои интиқоли сӯзишворӣ тавассути шабакаи роҳи оҳани Эрон «долони сабз» таъсис дода шавад.
Нафти Эрон метавонад дар Тоҷикистон дар бузургтарин корхонаи коркарди нафт дар кишвар TK-Oil, ки дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҷойгир аст, коркард карда шавад.Корхона соли 2018 сохта шуда, дар охири соли 2024 дар ҳолати озмоишӣ ба кор даромад. Иқтидори лоиҳавии корхона дар як сол тақрибан 1,2 миллион тонна нафтро ташкил медиҳад.
***
Дар робита ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ сохтмони роҳҳо вусъат меёбад. Дар ин бора 27 сентябр АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ хабар медиҳад.
Бо дастгирии МИҲД ноҳия, ба шарофати соҳибкорони саховатманд ва сокинони деҳаи Кадучии ҷамоати деҳоти Бобошоён тасмим гирифта шуд, ки роҳи дохили деҳаро бо дарозии 300 метр ҳамвор ва асфалтпӯш кунанд.
Ҷавонони деҳа дар корҳои ободонӣ фаъолона иштирок мекунанд. Роҳи сохташаванда 7 метр паҳно дорад ва қисми болоии деҳаро бо қисми поёнӣ мепайвандад ва амнияти хонандагонро дар роҳ ба мактаб таъмин мекунад.
Дар айни замон, дар ду тарафи роҳ чароғҳо насб карда шудаанд. Пас аз ба итмом расонидани ҳама корҳои асфалтпӯшӣ хатҳои уфуқӣ ва аломатҳои пиёдагард насб карда мешаванд.
ДАР МИНТАҚА
Дар Қазоқистон ба мошинҳои боркаши гаронвазн вуруд ба Остона манъ карда шуд – акнун фураҳои транзитӣ танҳо дар роҳҳои атрофи пойтахт ҳаракат карда метавонанд. Шуруъ аз 10 августи соли 2026 ба воситаҳои нақлиети гаровазн ворид шудан ба Остона манъ карда шуд. Чунин бармеояд аз қарори мақомоти шаҳр, хабар медиҳад Sputnik.
Тарҳ ва тартиби ҳаракати нақлиёти автомобилӣ тавассути қаламрави шаҳри Остона аз ҷониби шаҳрдорӣ бо қарори махсус тасдиқ карда шуд. Ҳуҷҷат муқаррар мекунад, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёти транзитии вазнин тавассути роҳи автомобилгарди «атрофи шаҳри Остона» иҷозат дода мешавад.
***
Узбекистон ва Қазоқистон транзити мошинро содда мекунанд. Узбекистон ва Қазоқистон масъалаҳои рушди нақлиёти байналмилалии автомобилиро баррасӣ карданд, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон.
Дар Самарқанд ҷаласаи Еомиссияи омехта оид ба нақлиёти байналмилалии автомобилӣ байни ду кишвар баргузор гардид.
Мавзӯи муҳокима афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ, такмили системаи иҷозатдиҳӣ ва рушди иқтидори транзитӣ буд.
Ҷонибҳо дар бораи таъсиси Гурӯҳи кории дуҷониба оид ба ҷорӣ намудани механизми «транзити бефосила», ки соддагардонӣ ва рақамисозии расмиёти дахлдорро дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ ва инчунин гузариши марҳилавӣ ба гардиши ҳуҷҷатҳои электрониро пешбинӣ мекунад, ба мувофиқа расиданд», — гуфта мешавад дар хабар.
***
Дар Қирғизистон дар роҳи атрофи шимолӣ сохтмони 11 пули эстакадавӣ оғоз ёфт. Дар ин бора тариқи «Биринчи Радио» Кубанич Бексултонов, сардори шӯъбаи сохтмон ва таҷдиди Департаменти хоҷагии роҳҳои назди Вазорати нақлиёти Қирғизистон хабар дод.
Ба гуфтаи Бексултонов, ширкати хориҷӣ аллакай дар 34 километри роҳ қабати аввали пӯшиши асфалтбетонро гузоштааст. Сохтмони пулҳои эстакадавӣ барои бартараф кардани тамбашавӣ ва светофорҳо ба нақша гирифта шудааст.
Барои суръат бахшидан ва ба анҷом расонидани сохтмони роҳи атрофи шимолӣ корҳо дар ду баст идома доранд, ки имкон медиҳад иншоот дар мӯҳлати муқарраршуда ба истифода дода шавад.
Набудани чароғакҳои раҳнамо ҳаракати бефосилаи нақлиётро таъмин мекунад. Барои баланд бардоштани бехатарии роҳ дар марказ ва канори он панҷараҳои монеаи металлӣ, инчунин равшании муосир дар тамоми тӯли он пешбинӣ шудаанд. Барои пиёдагардон гузаргоҳҳои бехатари заминӣ ва роҳравҳои дорои паҳноии 2,25 метр сохта мешаванд.
ДАР ҶАҲОН
Вазорати нақлиёти Русия қоидаҳои интиқоли борро тағйир дод. Аз 1 сентябри соли 2026 дар ин кишвар қоидаҳои боркашонӣ тағйир пазируфтанд.
Тибқи маълумоти Вазорати нақлиети Федератсияи Русия, навовариҳо ба назорати ширкатҳои нақлиётии хориҷӣ дар сарҳад, интиқоли борҳои хатарнок ва рақамикунонии ҳуҷҷатҳо барои интиқоли маҳсулоти зуд вайроншаванда дахл доранд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба маҳдуд кардани хуруҷи интиқолдиҳандагони хориҷӣ аз кишвар нигаронида шудааст. Хадамоти федералии гумрук ҳуқуқ дорад, ки рафтуомади нақлиётро манъ кунад, агар ширкат ҷаримаҳои пардохтнашуда, қарз барои роҳкиро дар роҳҳои пулакӣ ё қарзҳо барои зарар ба роҳҳо аз ҷониби мошинҳои гаронвазн дошта бошад.
***
Дар ИМА барои дастгирии беморони паркинсон автомарафони мошинҳои ретро мегузарад. Қатори автомобилҳо иборат аз 14 мошини классикӣ ба масофаи даҳрӯзаи автомарафон дар роҳи таърихии Route 66 дар ИМА баромад. Иштирокчиен аз Кингман дар Аризона то Чикаго тақрибан 3,860 километрро тай мекунанд, хабар медиҳад Tengri Auto бо истинод ба Carscoops.
Автомарафон 28 сентябр оғоз ёфт ва 7 октябр ба анҷом мерасад. Ин хатсайр аз Аризона, Ню-Мексико, Техас, Оклахома, Канзас, Миссури ва Иллинойс мегузарад.
Мошини асосии қатор Hudson Hornet истеҳсоли соли 1953 хоҳад буд. Соҳиби он Монти Белшем зиёда аз 20 сол боз орзу дошт, ки дар масири 66 ҳаракат кунад. Имконияти амалӣ кардани ин сафар пас аз хариди мошини классикӣ пайдо шуд.
Автомарафон ба 100-солагии Route 66 бахшида шудааст. Ташкилкунандагон мехоҳанд, ки масири таърихии «Роҳи модарӣ» - ро ба мамти Чикаго такрор кунанд. Дар айни замон, сафар на танҳо хусусияти автомобилӣ дорад. Ширкаткунандагон барои ташкилоти Drive Toward a Cure хайрия ҷамъ мекунанд, ки ба одамон ва оилаҳое, ки ба бемории паркинсон дучор мешаванд, кӯмак мерасонад.