24-26 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси V байналмилалии роҳсозии Осиёи Марказӣ – 2026 / Central Asian Road Conference, CARS-2026/ баргузор гардид.
Конфронс бо ибтикори Шурои байниҳукуматии роҳсозони ИДМ, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамдастии ширкати «Технологияҳои инноватсионии роҳҳо» (InDorTech)-и Русия ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир карда шуд.
Пойтахти Тоҷикистон бори аввал мутахассисони варзидаи соҳаи роҳсозиро аз Осиёи Марказӣ, Русия, Гурҷистон, Чин, Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Италия, ИМА ва дигар кишварҳо ба ҳам овард.
Тавре қаблан хабар додем, дар маросими ифтитоҳи конфронс, ки дар меҳмонсарои Hyatt Regency Dushanbe сурат гинрифт, иштирокчиёни ҳамоишро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳмиддин Саломзода ва Раиси Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони ИДМ Бӯрӣ Каримов хайрамақдам гуфтанд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон баргузории CARC – 2026-ро дар Душанбе барои соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ рӯйдоди муҳим номид. Бино ба гуфтаи ӯ, имрӯз инфрасохтори нақлиётӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии рушди устувори иқтисодӣ, густариши тиҷорат, сармоягузорӣ, афзоишиҳамлу нақли бору маҳсулот ва рафтуои аҳолӣ, таҳкими робитаҳои байниҳамдигарии кишварҳои мо аҳамияти бештар пайдо мекунад.
«Барои Тоҷикистон рушди инфрасохтори замонавӣ, боэътимод ва бехатари нақлиётӣ аҳамияти махсуси стратегӣ дорад, – иброз дошт Вазири нақлиёти ҶТ. – Кишвари мо дорои мавқеи беназири ҷуғрофӣ буда, қисми зиёди қаламрави он кӯҳсор аст. Ин хусусият тарҳрезӣ, сохтмон, нигоҳдорӣ ва истифодаи хоси роҳҳои автомобилӣ, пулҳо ва нақбҳоро тақозо мекунад».
Вазир ба маълумоти ширкаткунандагон расонид, ки солҳои охир дар Тоҷикистон тадбирҳои зиёде ба рушд ва навсозии инфрасохтори нақлиётӣ, такмили шабакаи роҳҳо, баланд бардоштани бехатарии ҳаракати роҳ ва сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ равона шудаанд ва пай дар пай амалӣ карда мешаванд.
«Ҳамзамон муносибати мо дар ин самт чунин аст, ки роҳи муосир набояд танҳо аз рӯи далели бунёди он арзёбӣ карда шавад, – изҳор дошт ӯ. – Дар баробари ин сифати тарроҳӣ, эътимоднокӣ маводи истифодашуда, технологияҳои муосир, идоракунии самараноки равандҳои сохтмон, нигоҳдории дуруст ва устувории инфрасохтор дар тамоми давраи истифодабарии роҳҳо нақши бориз доранд. Бинобар ин, таҷрибаи байналмилалӣ, табодули таҷрибаи пешқадами муҳандисӣ ва рушди ҳамкории технологӣ барои мо махсусан муҳим аст.».
Дар кори конфронс намояндагони вазорату идораҳои марбута, ширкатҳои роҳсозӣ ва машваратӣ, истеҳсолкунандани маводу таҷҳизот пудратчиён, муҳаққиқон, мушовирон ва коршиносони байналмилалӣ, инчунин олимони соҳаи роҳдорӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳои ҷаҳон масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи роҳдорӣ ва логистикӣ, мубодилаи таҷриба, истифодаи васеи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ ва дигар масоили марбут ба роҳдориро дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд. Онҳо ҳамчунин самтҳои ояндаи рушди инфрасохтори устувори роҳҳоро дар минтақаи Осиёи Марказӣ муайян карданд.
Аз ҷумла, ширкаткунандагон ба мавзӯҳои зерин тамаркуз намуданд:
• долонҳои нави нақлиётӣ ва вуруди Осиёи Марказӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ;
• рушди инфрасохтори роҳу нақлиёти шаҳрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе;
• сохтмон, таҷдид ва истифодабарии роҳҳо, сифати битум ва технологияи истеҳсол ва хобонидани асфалтбетон;
• долонҳои байналмилалӣ, рақамикунонӣ, роҳҳои «ҳушманд», стратегияҳои экологии ESG.
Дар сессияҳои алоҳидаи конфронс ширкаткунандагон, аз ҷумла, ба маърӯзаҳои Роҳбари шуъбаи консерни BASF (Олмон) Марио Шандор, Директори тиҷоратии ширкати PR Industrie (Фаронса) Арно Бурбон, Директори ширкати Solstice (ИМА) оид ба рушди тиҷорати байналмилалӣ Ҷомо Лорентсони, Роҳбари минтақавии ширкати Maccaferri (Италия) оид ба кишварҳои ИДМ, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Алиаксий Петухов, Мудири кулли ширкати Beijing Zhongtian Road Tech Co., Ltd.(Чин) Ли Тинган, Роҳбари Маркази илмию тадқиқотии ширкати ВАД (Русия) Денис Колесник, Роҳбари гуруҳи ширкатҳои «ЮнидАс Групп (Қазоқистон) Наҷот Халиқов оид ба таҷрибаи ҷаҳонӣ ва маҳаллии сохтмону роҳу пулҳо мароқи зиёд зоҳир намуданд.
Дар доираи Конфронси CARC 2026 ҳамчунин маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни соҳавӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика доир гардид.
Ширкаткунандагони конфронс Намоишгоҳи CARC-2026-ро, ки дар он технологияҳои пешрафтаю муосири марбут ба сохтмон, таҷдид, таъмир ва истифодаи роҳҳҳо,маҳсулоти гуногуни роҳсозӣ ва таҷдиди роҳҳо ба намоиш гузошта шуда буданд, тамошо намуданд. Онҳо инчунин аз якчанд иншооти муҳими стратегӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва «Кохи Наврӯз» боздид намуданд.