Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД. Сарвари давлат даъват карданд, ки ба нигоҳдорӣ, истифодаи роҳҳо ва сифати инфрасохтори нақлиётӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда шавад

Санаи нашр: 25-09-2026 Просмотрено: 2473

23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар  дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд  Сарвари давлат бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти 15 ҳазору 400 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёд ва азнавсозӣ гардидааст.

«Дар се рӯзи охир дар доираи сафари кории мо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 43 иншооти навбунёди истеҳсоливу иҷтимоӣ  ба истифода дода шуданд, ки дар онҳо ҳазорҳо ҷойи кории нав муҳайё гардидаанд, –  гуфтанд Пешвои миллат ва илова намуданд, ки  дар солҳои соҳибистиқлолӣ танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои татбиқи барномаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Дар ин давра дар ҳудуди вилоят ба маблағи 11 миллиард сомонӣ беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 24 лоиҳа идома дорад. Илова бар ин, ба иқтисодиёти вилояти Суғд 117 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 28 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид.

«Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохториро пайгирона амалӣ намуд, – зикр намуданд  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.  –  Дар натиҷа Тоҷикистон дорои шабакаи нақлиётии мутобиқ ба талаботи замони муосир гардида, робитаҳои иқтисодии дохилӣ ва байналмилалии кишвар ба таври назаррас густариш ёфтанд».

Ба гуфтаи Сарвари давлат, маҳз бо бунёд ва таҷдиди роҳи мошингарди «Душанбе – Чаноқ» робитаи нақлиётӣ дар тамоми фаслҳои сол миёни вилояти Суғд, пойтахти мамлакат ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар таъмин гардида, барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа имкониятҳои нав фароҳам оварда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар вилояти Суғд то имрӯз 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 6,1 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, дар доираи онҳо 568 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, 90 пул ва 11,7 километр нақб сохта, ба истифода дода шудааст.

Илова бар ин, ба гуфтаи Сарвари давлат, ду рӯз пеш роҳҳои мошингарди «Куруш – Бекобод» ва «Хистеварз – Соҳилоб» ба дарозии 23 километр ва ба маблағи умумии 140 миллион сомонӣ ба истифода дода, санги асоси оғози азнавсозии роҳи «Хуҷанд – Ашт» бо дарозии 110 километр ва маблағи умумии лоиҳавии 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ гузошта шуд.   

Пешвои миллат изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру азнавсозӣ гардидаанд

«Бо дарназардошти он, ки рушди иқтисодиёт, ҷалби сармоя, тавсеаи тиҷорат ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум ба вазъи инфрасохтори нақлиётӣ робитаи мустақим дорад, масъулинро зарур аст, ки минбаъд низ ба нигоҳдории роҳҳо, истифодаи самараноки онҳо ва баланд бардоштани сифати инфрасохтори нақлиётӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоянд», – таъкид намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бегоҳи 23 сентябр ҳангоми суханронӣ дар чорабинии идона дар Варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаи роҳу нақлиёт таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. 

«Сокинони вилоят хуб дар ёд доранд, ки тайи даҳсолаҳои гузашта рафтуомад ба пойтахти мамлакат ва дигар минтақаҳои он тавассути роҳу ағбаҳои душворгузар бисёр мушкил ва дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ғайриимкон буд, – изҳор доштанд Сарвари давлат. – Бо амалӣ гардидани лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу    нақлиёт – бунёди нақбҳои ҳаётан муҳимми «Истиқлол» ва «Шаҳристон», таҷдиди шоҳроҳҳои Душанбе – Чаноқ ва Айнӣ – Панҷакент имрӯз робитаи шабонарӯзӣ ва бехатари сокинони вилоят бо тамоми гӯшаву канори кишвар ва давлатҳои хориҷӣ таъмин гардидааст».

Манбаъ: www.president.tj