Имсол Рӯзи мусовият ё баробаршавии тирамоҳии рӯзу шаб – оғози фасли пойизи астрономӣ 23 сентябр фаро мерасад. Офтоб хати устувои (экватори) осмониро убур карда, ба Нимкураи ҷанубӣ мегузарад. Дар кишварҳои минтақа рӯзу шаб баробар мешаванд ва баъди ин рӯзи равшан то меъроҷи зимистонаи моҳи декабр босуръат коҳиш меёбад.
Кормандони соҳаи нақлиёт дар бораи ин давра чиро бояд донанд?
Ин падидаи астрологӣ ҳамасола дар як рӯз, танҳо дар вақтҳои гуногун рух медиҳад. Дар Тоҷикистон баробаршавии рӯз соати 05:05 субҳ фаро мерасад, хабар медиҳад Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Шуруъ аз 23 сентябр, рӯзи равшан тадриҷан коҳиш меёбад, то он даме ки 22 декабр ба ҳадди ақали худ мерасад, пас аз он раванди баръакси афзоиши рӯз то баробаршавии шабу рӯз дар баҳор, яъне иди Наврӯз, оғоз меёбад.
«Дар натиҷаи мусовияти тирамоҳӣ шабу рӯз ба 12 соат баробар мешаванд. Баробаршавии шабу рӯз рӯз як падидаи астрономист, ки маркази Офтоб дар ҷараёни гардиши солонаи худ аз хати устувои осмонӣ мегузарад», – гуфтанд дар Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Бисёре аз халқҳо ин рӯзро бо рамзу рози осмонӣ алоқаманд ва ғайри қобили дарк медонанд, аммо директори Пажӯҳишгоҳи астрофизика, доктори илмҳои физика ва математика, узви вобастаи Академияи миллии илмҳо Гулчеҳра Коҳирова зимни мусоҳиба бо АМИТ «Ховар» таъкид кард, ки ин як падидаи астрологӣ аст. Ба ақидаи ӯ, оғози ҷашни ҳосилоти Меҳргон, ки аз 23 сентябр то 22 октябр идома меёбад, низ маҳз бо ҳамин рӯз алоқаманд аст.
Ин давра ба роҳу нақлиет ва ронандагон чӣ гуна таъсир мерасонад?
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон чунин ҳушдор ва тавсия медиҳад:
ВАҚТИ ФИКР КАРДАН ДАР БОРАИ ТАБДИЛИ ЧАРХҲОИ ТОБИСТОНА БА ЗИМИСТОНА. Дар ин бобат бояд ба вазъи обу ҳаво такя кард. Агар ҳароратсанҷ дар давоми рӯз аз +7...+10 °C пасттарро нишон диҳад ва шабона сардиҳо ба амал оянд, резинаи тобистона чандирии худро гум мекунад ва роҳро тавре, ки мебояд, нигоҳ дошта наметавонад. Аз ин сабаб, масофаи тормоз зиёд мешавад, устуворӣ дар гардишҳо коҳиш меёбад. Ин махсусан ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои намнок, пулҳо ва гузаргоҳҳо хатарнок аст – дар онҳо яхбандӣ зудтар ба амал меояд.
ТАЪСИРИ НУРҲОИ ҚАВИИ ОФТОБ. Дар роҳҳое, ки ба самти шарқ-ғарб нигаронида шудаанд, ронандагон субҳ ва шом бо нури мустақими офтобӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Агар асфалт намнок бошад, вазъият боз ҳам душвортар мешавад: нури офтоб аз роҳ инъикос ёфта, ронандаро аз биниши сареҳ маҳрум мекунад. Беваҷҳ нест, ки маҳз дар ин давра дар саросари ҷаҳон афзоиши садамаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.
«СОАТИ АВҶИ КОР» БА ТОРИКӢ МЕГУЗАРАД. Сарбории системаи нақлиёти шаҳрӣ ба вақти дертар, яъне ба торикӣ ё вақти говгум — наздиктар ба шом ё шаб ҳаракат мекунад. Соати биологии ронандагон ба зудӣ тағйир меёбад, ки ин боиси хастагири онҳо мегардад. Омори ширкатҳои суғуртаи ҷаҳон афзоиши шадиди садамаҳоро дар фосилаи аз соати 18:00 то 20:00 маҳз дар охири сентябр ва октябр ба қайд гирифтаанд.
ХАЗОНРЕЗИ ҲАМСОН БА ЯХБАНДӢ. Бо баробаршавии рӯзу шаб раванди биологии резиши баргҳо дар дарахтон оғоз мегардад. Баргҳои афтода бо оби борон ё шабнами субҳгоҳон омехта шуда, дар рӯи асфалт қабати лағжанда ба вуыуд меоранд. Коэффитсиенти пайвастшавии чархҳо бо чунин роҳ ба сатҳи ахбандӣ баробар мешавад.
ГАРДИШИ ҲАРОРАТ: ТУМАН ВА ЯХБАНДИИ ХУРД. Мусовият шабонарӯзро ба ду бахш тақсим мекунад: ба шабҳои тӯлонӣ ва хунук ва гармшавии ҳаво дар дар давоми рӯз. Аз сабаби тафовути шадиди ҳарорат, субҳ туманҳои зичи радиатсионӣ ба вуҷуд меоянд, ки кори фурудгоҳҳоро мушкил месозанд ва сатҳи бинишро дар роҳҳои автомобилгард то якчанд метр коҳиш медиҳанд. Илова бар ин, дар пулҳо, роҳҳои бисёрқабата (эстакадаҳо) ва қитъаҳои соядори роҳҳо дар соатҳои субҳ аввалин қабати тунуки ях ба вуҷуд меояд, ки ронандагон бо чархҳои тобистона ҳанӯз ба он омода нестанд.
Хулласи калом, тирамоҳ айёми рангину заррину зебост! Аммо барои ронандагон ин айём воқеан таваҷҷӯҳи бештарро талаб мекунад. Биёед аз рангҳои дурахшони ин фасли сол лаззат бибарем, аммо дар паси чамбараки мошин бисёр эҳтиёткор бошем!