Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати иқтисод ва савдои Корея мулоқот доир кард

Санаи нашр: 16-09-2026 Просмотрено: 1022

15 сентябр дар Сеул Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндагони Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии Директори генералӣ оид ба маблағгузории рушд Юнҷин Кан мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, бахусус дар соҳаи нақлиёт, ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва истифодаи технологияҳои муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар оғози мулоқот Вазири нақлиёт барои дастгирии пайвастаи Ҷумҳурии Корея аз Тоҷикистон ва фароҳам овардани имконияти муҳокимаи дурнамои ҳамкориҳои минбаъда изҳори сипос намуд.

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Корея аҳамияти хос дода, ин кишварро ҳамчун яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар самти рушди иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ, интиқоли технологияҳои муосир ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ арзёбӣ менамояд.

Рушди инфрасохтори нақлиётӣ – самти афзалиятнок

Зимни мулоқот Азим Иброҳим таъкид намуд, ки рушди инфрасохтори нақлиётӣ яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодии кишвар ба ҳисоб рафта, нақлиёт дар густариши тиҷорат, ҷалби сармоягузорӣ ва таҳкими пайвастагии минтақавӣ нақши калидӣ дорад.

Дар ин замина, ба гуфтаи Вазири нақлиёти ҶТ, яке аз вазифаҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди низоми муосир ва самараноки нақлиётӣ, баланд бардоштани иқтидори транзитии кишвар ва ташаккули пайвандҳои нави нақлиётӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мебошад.

Вазир ҳамкориҳои Тоҷикистону Кореяро дар доираи Фонди рушди иқтисодӣ ва ҳамкорӣ (EDCF) баланд арзёбӣ намуда, зикр кард, ки бо дастгирии ҷониби Корея дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ амалӣ гардидаанд.

Аз ҷумла, омода намудани асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе, электрификатсияи қитъаи роҳи оҳани «Пахтаобод–Ваҳдат» ва рушди маркази логистикӣ дар шаҳри Кӯлоб аз ҷумлаи чунин лоиҳаҳо мебошанд.

Лоиҳаҳои муштараки ҷорӣ

Дар мулоқот таъкид гардид, ки айни замон бо дастгирии грантии Ҷумҳурии Корея боз як қатор лоиҳаҳо ба маблағи умумии тақрибан 4,9 миллион доллари ИМА, аз ҷумла, омода намудани асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ–Панҷи Поён» то сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, рушди маркази логистикӣ дар шаҳри Кӯлоб ва рушди минбаъдаи метрополитен дар шаҳри Душанбе  амалӣ шуда истодаанд.

Тавре Вазири нақлиёт изҳор дошт, Тоҷикистон манфиатдор аст, ки лоиҳаҳои мазкур аз марҳилаи таҳия ва омодасозӣ ба марҳилаи амалисозии воқеӣ гузаранд. Дар ин раванд ҷалби бештари муассисаҳои молиявӣ ва бахши хусусии Ҷумҳурии Корея метавонад баҳри татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок заминаи мусоид фароҳам оварад.

Самтҳои ояндаи ҳамкорӣ

Ҷонибҳо инчунин дурнамои ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои сохтмон ва навсозии роҳҳои оҳан ва автомобилгард, рушди метро ва нақлиёти муосири шаҳрӣ, таъсиси марказҳои логистикӣ ва рушди системаҳои мултимодалии нақлиётӣ, инчунин рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани системаҳои ҳушманди нақлиётиро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон, Вазири нақлиёт ба рушди ҳамкорӣ дар самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷалби сармоягузории мустақим ва ворид намудани технологияву истеҳсолоти муосир таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои ширкатҳо ва сармоягузорони кореягии манфиатдор ҷиҳати ҳамкориҳои дарозмуддат шароити мусоид фароҳам оварда, омода аст ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштараки нақлиётӣ ва инфрасохторӣ минбаъд густариш диҳад.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Корея ба татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак, афзоиши сармоягузорӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва рушди устувори соҳаи нақлиёти Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамзамон, рушди пайвастагии нақлиётӣ ҳамчун яке аз омилҳои муҳими таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ арзёбӣ гардид.