Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Бонки содироту воридоти Корея мулоқот кард

Санаи нашр: 16-09-2026 Просмотрено: 2024

Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Корея мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Директори иҷроия ва Роҳбари Гуруҳи амалиётии EDCF Бонки содироту воридоти Корея (Korea Eximbank) Со Ҷонг-Хва баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Корея дар соҳаи нақлиёт, ҷалби маблағгузории дарозмуддат барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки Тоҷикистон рушди шарикӣ бо Ҷумҳурии Кореяро муҳим арзёбӣ намуда, Кореяро на танҳо ҳамчун шарики боэътимод, балки чун манбаи технологияҳои муосир, таҷрибаи муҳандисӣ ва маблағгузории дарозмуддати лоиҳаҳои инфрасохторӣ медонад.

Зимни мулоқот зикр гардид, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон рушди низоми муосири нақлиётӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ташаккули масирҳои самараноки транзитӣ мебошад, ки Осиёи Марказиро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ мепайванданд.

Дар ин замина, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Корея дар доираи Фонди рушди иқтисодӣ ва ҳамкорӣ (EDCF) натиҷаҳои назаррас ба бор овардаанд. Аз ҷумла, соли 2025 бо дастгирии ҷониби Корея се лоиҳаи муҳим — омода намудани асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе, электрификатсияи қитъаи роҳи оҳани «Пахтаобод–Ваҳдат» ва рушди маркази логистикӣ дар шаҳри Кӯлоб амалӣ гардиданд.

Дар айни замон бо дастгирии грантии Ҷумҳурии Корея чор лоиҳа ба маблағи умумии тақрибан 4,9 миллион доллари ИМА, аз ҷумла, омода намудани асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ–Панҷи Поён», рушди маркази логистикӣ дар шаҳри Кӯлоб ва идомаи рушди метрои шаҳри Душанбе  амалӣ шуда истодаанд.

Ҷониби Тоҷикистон аҳамияти махсуси лоиҳаҳои метрои шаҳри Душанбе ва роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ–Панҷи Поён»-ро таъкид намуда, изҳори умед кард, ки онҳо дар қатори лоиҳаҳои афзалиятноки EDCF қарор гирифта, барои гузаштан аз марҳилаи омодасозии  асосноккунии техникию иқтисодӣ ба марҳилаи амалии татбиқ дастгирии зарурӣ хоҳанд ёфт.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки татбиқи лоиҳаи роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ–Панҷи Поён» аҳамияти стратегӣ дошта, барои тавсеаи робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон, фароҳам овардани имкониятҳои нави транзити борҳо ва рушди савдо байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои созанда ва таҳкими ҳамоҳангӣ ҷиҳати ҷалби маблағгузории дарозмуддат ва татбиқи амалии лоиҳаҳои афзалиятноки нақлиётии Тоҷикистон изҳор намуданд.