Дар доираи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои сатҳи баланд дар Ҷумҳурии Корея 15 сентябр мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Вазири замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея Ким Юн Док баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариш ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиёт, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо, инчунин татбиқи ташаббусҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Корея дар самти навсозӣ ва рушди устувори соҳаи нақлиёт таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Дар ин замина, таҷриба ва технологияҳои муосири Корея метавонанд дар рушди минбаъдаи низоми нақлиётии Тоҷикистон нақши муҳим дошта бошанд.
Дар доираи мулоқот ду санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид.
Санади аввал Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи роҳи оҳан буда, ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи роҳи оҳан, табодули таҷриба ва технологияҳо, инчунин ҳамкорӣ дар самти лоиҳаҳои сохтмон, истифода ва нигоҳдории инфрасохтори роҳи оҳан равона шудааст.
Санади дуюм — Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилот ва омодасозии захираҳои инсонӣ дар соҳаи нақлиёт мебошад. Ҳуҷҷати мазкур ба рушди ҳамкорӣ дар самти омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи нақлиёт, метро, баргузории семинарҳо, омӯзишҳо ва дигар барномаҳои рушди иқтидори кадрӣ равона шудааст.
Ба имзо расидани ин ду санади муҳим барои густариши ҳамкориҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея заминаи хуб фароҳам оварда, ба таҳкими робитаҳои дуҷониба, табодули таҷриба ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар соҳаи нақлиёт мусоидат хоҳад кард.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколама ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати рушди соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори ҳар ду кишвар изҳор намуданд.