15 сентябри соли 2026 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷаласаи сатҳи баланди бисёрҷонибаи Конфронси ҷаҳонӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор — GICC 2026, ки бо иштироки намояндагони воломақом ва шарикони байналмилалӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои муҳими рушди инфрасохтори нақлиётӣ, таҳкими ҳамбастагии байналмилалии нақлиётӣ, рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи инфрасохтор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ мавқеи Тоҷикистонро оид ба аҳамияти рушди инфрасохтори муосир, боэътимод ва устувори нақлиётӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва тавсеаи робитаҳои тиҷоратию транзитӣ баён намуд.
Гуфта шуд, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари маҳсур дар хушкӣ ва воқеъ дар минтақаи стратегии Осиёи Марказӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани иқтидори логистикӣ аҳамияти хос дорад.
Дар ин замина, ҷонибдории Тоҷикистон аз густариши ҳамкориҳо бо давлатҳои шарик, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, сармоягузорон, ширкатҳои муҳандисӣ ва бахши хусусӣ таъкид гардид. Ҳамзамон, зарурати истифодаи технологияҳои муосир, рақамикунонии соҳаи нақлиёт, рушди низомҳои интеллектуалии нақлиётӣ ва татбиқи ҳуҷҷатгузории электронии нақлиётӣ муҳим арзёбӣ шуд.
Вазир инчунин ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба ҳамбастагии нақлиётӣ ва рушди устувор ишора намуда, аз ҷумла қабули қатъномаи бо ташаббуси Тоҷикистон пешниҳодшуда дар иҷлосияи 82-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) дар Бангкокро зикр кард.
Иштирок дар чунин чорабиниҳои сатҳи баланд барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти муҳим ҷиҳати муаррифии афзалиятҳои кишвар дар соҳаи нақлиёт, баррасии лоиҳаҳои ояндадори инфрасохторӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ фароҳам меорад.
ҲамзамонТоҷикистон омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои нақлиётиву инфрасохторӣ бо шарикони хориҷӣ изҳор намуд.
МАЪЛУМОТНОМАИ МО
GICC (Global Infrastructure Cooperation Conference) майдони муколамаи сатҳи баланд аст. Конфронс аз соли 2013 инҷониб доир карда мешавад ва дар ин муддат он аллакай 13 маротиба баргузор шудааст. Мақсади он ҳавасмандгардонии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи инфрасохтор. Иштирокчиён – намояндагони ҳукуматҳо, тиҷорат, ташкилотҳои байналмилалӣ аз тамоми ҷаҳон мебошанд.
Дар тӯли солҳои фаъолияти конфроснс дар он намояндагони зиёда аз 90 кишвар ва тақрибан 600 ширкат иштирок кардаанд.
Дар ин майдони муколама самтҳои гуногун — аз инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ то технологияҳои рақамӣ, лоиҳаҳо дар соҳаи иқтисодиёти «сабз» ва идоракунии захираҳои об муҳокима карда мешаванд.