Шуруъ аз имрӯз дар Тоҷикистон қоидаҳои санҷиши техникии мошинҳо тағйир ёфтанд. Тибқи иттилои Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, аз 15 сентябри соли 2026 баҳомуҳр (талон) дар бораи гузаштан аз ташхиси техникӣ танҳо тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ (www.eKhizmat.tj) ба расмият дароварда мешавад.
Бо вуҷуди ин, тавре дар хабар мушаххас карда мешавад, ташхиси мошин мисли пештара дар истгоҳи ташхисии БДА гузаронида мешавад. Тавассути Портали ягонаи хизматрасонии давлатӣ танҳо ҳуҷҷати ҷамъбастӣ – талони электронӣ (варақаи баҳомуҳр) ба расмият дароварда мешавад.
Худи ташхис аз ду марҳила иборат хоҳад буд. Аввал соҳиби мошин бояд аз муоинаи тиббӣ, санҷиши ҳолати техникии мошин, аз ҷумла партовҳои гази заҳролуд гузарад.
Пас аз ташхис, соҳиби воситаи нақлиёт бояд бо нишон додани рақами бақайдгирии давлатии мошин.ба Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ (eKhizmat.tj) муроҷиат кунад, Агар соҳиби мошин дар давоми 30 рӯз ин корро карда натавонад, пас ӯро барои санҷиши дубора мефиристанд.
Зикр карда мешавад, ки Портали хизматрасониҳои давлатӣ маълумотро дар бораи ташхиси гузаронидашуда аз назар мегузаронад, пардохти андози нақлиётро месанҷад, арзиши боҷи давлатӣ (156 сомонӣ дар соли 2026) ва ҳаққи хизматрасонӣ (50 сомонӣ)-ро ҳисобу китоб мекунад ва барои пардохти онлайн ҳисобнома-фактура пешниҳод менамояд.
Дар РВКД дар шаҳри Душанбе илова намуданд, ки танҳо баъди ин баҳомуҳри (талони) электронӣ оид ба гузариш аз ташхиси техникӣ ба таври худкор (автоматӣ) таҳия ва ба соҳиби мошин пешниҳод карда мешавад.
Моҳияти ин навоварӣ аз байн бурдани қадами коғазии зиёдатӣ аст: соҳибони мошинҳо набояд барои гирифтани талон алоҳида ба идораи БДА раванд - он фавран дар шакли электронӣ дар утоқи шахсии портал дастрас хоҳад шуд.