11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари кории худ ба минтақаи Рашт 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода дода, бо лоиҳаи роҳи мошингарди «Лабиҷар – Сангвор» шинос шуданд.
Умуман, дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 404 иншоот, Нуробод 270, Лахш 99, Тоҷикобод 94 ва дар ноҳияи Сангвор 95 иншоот сохта ба истифода дода шудааст.
Зимни муаррифии лоиҳаи роҳи мошингарди «Лабиҷар – Сангвор» ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки роҳи мазкур бо дарозии умумии 64,5 километр амалӣ карда мешавад.
Ҳамин сол аз Лабиҷар то деҳаи Кафтаргузар сохтмони роҳ бо дарозии 10 километр, бунёди ду пул бо дарозии умумии 148 метр, 18 қубури обгузар бо андозаҳои гуногун, 21 такядевор ва чароғонсозӣ оғоз мегардад.
Лоиҳаи роҳи мошингарди «Лабиҷар – Сангвор» аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон – Зиғар» амалӣ гардонида мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи роҳи «Лабиҷар – Сангвор» масъулини дахлдори соҳаро ҷиҳати иҷрои босифату саривақтии сохтмон бо назардошти талаботи кӯҳистон, ҷалби бештари сармоя ва тезонидани раванди корҳо вазифадор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки расо ду сол пеш, 11 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ро роҳбарону фаъолони ноҳияи Сангвор чунин таъкид намуда буданд: «Дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат корҳои зиёд амалӣ гардидаанд. Ҳадафи мо аз бунёди инфрасохтори нақлиётӣ дар минтақаи Рашт аз он иборат аст, ки рушди соҳаҳои мухталифи ноҳияҳои водӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро таъмин намуда, дар ин замина даҳҳо ҳазор ҷойи кории нав таъсис диҳем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем».