5 сентябр дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Кормандону фаъолон ва собиқадорони соҳаро бо ин ҷашни бузург ва таърихӣ Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим шодбош гуфт.
Дар зер матни паёми табрикии Вазир пешниҳод мешавад.
Дӯстони арҷманд, ҳамкорони азиз!
Ҳамаи шумо ва дар шахси шумо кулли ҳамватанонамонро ба ифтихори бузургтарин ҷашни миллиамон – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябр ҷашн гинрифта мешавад, ва Рӯзи роҳсозони кишварамон, ки ба 13 сентябр рост меояд, самимона табрик мегӯям!
Ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, саодати рӯзгор ва файзу баракат орзу менамоям.
Истиқлолу озодӣ барои мардуми кишвари азизамон гаронтарин неъмати таърих ва қиматтарин сарвати зиндагӣ мебошад. Ин ҳарду барои тамоми инсоният дастоварди беназир ва гавҳари бебаҳо маҳсуб меёбанд.
Ҳама гуна сарват – пулу мол, тилло, нафту газ, заводу фабрика ва ғайраву ҳоказо бо мурури замон метавонанд қурби худро аз даст диҳанд, аммо арзиши истиқлолу озодӣ ҳаргиз паст намешавад, баръакс, торафт меафзояд ва обрӯю нуфуз ва мартабаи давлати соҳибистиқлолро баланд мебардорад.
Истиқлол ва озодӣ – виҷдон аст, номус аст, шараф аст. Бе виҷдону номусу шараф зистан дар рӯи замин барои инсон маънӣ надорад.
Тавре устод Абулқосим Лоҳутӣ фармудааст:
Зиндагӣ озодии инсону истиқлоли ӯст,
Баҳри озодӣ ҷадал кун, бандагӣ даркор нест!
Аз ин рӯ дар тӯли таърих, дар роҳи расидан ба истиқлолу озодӣ садҳо, миллионҳо нафар одамон ҷони худро аз даст додаанд. Вале бо вуҷуди қурбониҳои зиёд на ҳама ба истиқлолу озодӣ расидаанд.
Аз ин рӯ мо, сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорон бор шукр мегӯем, ки ба ин рӯзи нек расида ва ба ин дастоварди воқеан беҳамто ва бебаҳо сазовор шудаем. 35 сол пеш, 9 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии кишвар даъвати XII эъломия ва қарор «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. 2-юми марти соли 1992 Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид.
Ин руйдоди бузургро Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин чунин арзёбӣ кардаанд: «Бо камоли ифтихору сарфарозӣ иброз медорам, ки расидан ба истиқлоли сиёсӣ ва таъсис додани давлати соҳибихтиёр бузургтарин, муқаддастарин ва муҳимтарин падидаи таърихи муосири халқи тоҷик мебошад».
Ҳамкасбони муҳтарам!
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди пош хӯрдани Давлати Шӯравӣ ба истиқлол расид. Вале агар касе фикр кунад, ки истиқлолияти мо осон ба даст омадааст, хатои маҳз мекунад. Қабули қарор ва эълони истиқлолият ҳанӯз маънии дастёбии пурра ба истиқлолро надорад. Аз таърих ба мо маълум аст, ки чандин давлаҳои дунё бар асари дахолати берунӣ ва зиддиятҳои дохилӣ истиқлолияти худро аз даст додаанд. Ҳатто салтанатҳо ё империяҳои бузург аз байн рафтаанд.
Мавриди зикр аст, ки сиёсатмадорон ва удабову уламои мо, мисли Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва дигарон дар тӯли даҳсолаҳо барои истиқлоли сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҷаҳду ҷадал намудаанд ва баъзеҳо барои андешаҳои истиқлолхоҳиашон дучори таъқибу ҷазо ҳам шудаанд.
Баъди эълони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавре медонем, кишвари мо ноамн гардид, аҳзоб ва гуруҳҳои сиёсие сар боло карданд, ки бо шӯру шар ва фитнаю фасоди худ суботу оромиро аз байн бурданд ва бо ин амали худ ба осиёби бадхоҳони миллату кишвари мо об мерехтанд.
Тоҷикистон ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ гирифтор гардид. Истиқлолияти давлатӣ зери хатар монд, ҳатто хатари аз байн рафтани давлат ва ба қисматҳои алоҳида ҷудо шудани мамлакат ба вуҷуд омад.
Моҳи ноябри соли 1992 намояндагони миллати озодидӯст, сулҳпарвар ва хирадманди тоҷик дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шурои Олии мамлакатро баргузор намуданд ва бо иттифоқи оро Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сари худрат оварданд, шахсеро, ки мардуми шариф ва азияткашидаи тоҷик ва сарзамини куҳанбунёд ва озордидаи мо ба донишу маърифат, хираду наҷобат ва ҷасорату матонати ӯ ниёз доштанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ғайрату қатъияти беназир ва бо муҳаббати беандозае, ки ба ин мардум ва ин сарзамин доранд¸ аз паи ба ҳам овардани тарафҳои даргир шуданд. Бо ташаббуси Пешвои миллат ва миёнҷигарии Созмони Милали Муттаҳид муколамаи сулҳ оғоз гардид. Дар тӯли чаҳор сол 8 даври музокирот доир карда шуд ва, ниҳоят, 27 сентябри соли 1997 дар Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Агар гӯем, ки аз ин руйдоди бесобиқа тамоми дунё ба ваҷд омад, хато намешавад.
Президенти ҳамонвақтаи Сенегал Абдулай Вад зимни яке аз мусоҳибаҳояш иброз дошт «Тоҷикон халқи хушбахтанд. Зеро Худои таъоло ба онҳо чунин марди оқил ва бомаҳоратро ҳамчун роҳбар ва пуштибон ато кардааст».
Собиқ Дабири Кулли СММ Кофи Аннан гуфтааст: «Тоҷикистон ба аксари кишварҳои дигар мисоли беназири ҳаллу фасли низоъҳои дохилиро тақдим намуд. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи сулҳофаринӣ мебошад».
Президенти Федератсия Русия Владимир Путин, соли 1999, дар арафаи ба сари қудрат омаданаш, чунин изҳор намудааст: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз мавқеъҳои асосиро ишғол менамояд. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад, — барои бисёре аз халқҳо ва кишварҳои олам намунаи ибрати хуб аст».
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар як номааш ба Сарвари давлати мо навиштааст: «Ман ба рушди муносибатҳо миёни Чин ва Тоҷикистон аҳамияти калон медиҳам ва ният дорам ҳамроҳ бо Шумо талошҳои муштаракро ҷиҳати ба сатҳи баландтар ба нафъи кишвару халқҳоямон бардоштани муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ба харҷ диҳам».
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп навиштааст: «Муҳтарам ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон! Дар тӯли 28 соли охир Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ифтихор дорад, ки истиқлолият ва рушди Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд. Мо аз кӯшишҳои Тоҷикистон дар самти таҳкими амнияти байналмилалӣ ва ҳамкорҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ истиқбол мекунем».
Ҳамкасбони муҳтарам,
Пазируфта шудани чандин пешниҳодоти Пешвои муаззами миллатамон аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мапсъалаҳои обу иқлим ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти башарият гувоҳи нуфузи афзояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад ва аз сатҳи ҷаҳонии фаъолияти Президенти муҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.
Аз ҷумла, пешниҳоди қабули қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар Созмони Миллали муттаҳид нишонаи барҷастаи тааҳуди Тоҷикистон ба сиёсати сулҳҷӯёна ва таъмини ояндаи бехатари сокинони сайёраи Замин мебошад. Истиқлол ба мо мо, тоҷикони хуштолеъ имкон дод, ки бо роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Сарвари бохиради кишварамон на танҳо давлати озоду осуда бунёд кунем, инчунин дар арсаи ҷаҳонӣ куҳанбунёду тамаддунофар будани миллатамонро бори дигар исбот намоем.
Яке аз иқдомҳои наҷибона, фарҳангпарварона, таърихсоз ва инсондӯстонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад, бори дигар собит менамояд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳёи хотираи таърихӣ, гиромидошти фарзандони барӯманди миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ ба самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст
Дӯстони азиз!
Такрор мекунам, ки истиқлолият ва рушди Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мешавад, ба туфайли роҳбарии хирадмандона ва дастуру супоришҳои пайгиронаи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату кушишҳои пайваста ва шабонарӯзии мардуми шарифи Тоҷикистон ба даст омадааст.
Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамроҳи дигар кишварҳои мутараққии олам ба сӯйи ояндаи дурахшону ободи худ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Кишвари мо аз як ҷашни истиқлол то ҷашни дигар ободу зеботар ва дастовардҳои он дар ҳама самтҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ сол ба сол бештар мегарданд.
Тоҷикистони азизи мо ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии худро бо дастовардҳои назаррас дар иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаву нақшаҳои қабулгардида таҷлил менамояд.
Аз ҷумла, тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз доштанд: «Ҳоло мо дар роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва бо ғизои хушсифат таъмин кардани аҳолӣ, инчунин, саноатикунонии босуръати кишвар корҳои зиёдеро амалӣ намудем. Иқдомоти амалигардида имкон фароҳам оварданд, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар сол ба сол коҳиш ёфта, болоравии некӯаҳволии мардум таъмин карда шавад».
Тавре Пешвои миллатт дар идомаи суханашон илова намуданд, дар ин давра беш аз 2200 километр роҳ, даҳҳо километр нақб ва садҳо пули ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд карда, ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил гардидем.
Яъне Тоҷикистони сепорчаро ба як қаламрави воҳид табдил додем ва кишвари маҳбубамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшида, онро ба мамлакати транзитӣ мубаддал хоҳем сохт.
Ҳамкорони арҷманд!
Агар ба рамзи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сомонаи расмии мо низ чоп шуд, диққат карда бошед, дар маркази рамз акси «Маҷмааи Истиқлол», ки ифодагари эҳёи давлатдории миллӣ, нишона аз озодӣ, истиқлол ва рушди бомароми Тоҷикистон мебошад, ҷой дода шудааст.
Дар пасманзари рамз ҷилои нури офтоб дар осмони соф акс ёфтааст, ки аз рӯшноӣ, сулҳу субот ва ояндаи дурахшони кишвар дарак медиҳад.
Акси кӯҳу пиряхҳо, обу дарахтон ва сабзазоре, ки дар рамз ҷойгир аст, ишора ба ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо буда, ҳамзамон нишона аз иқлими сабз ва дорои захираҳои бойи табиии Тоҷикистон мебошад.
Аксҳои роҳ, нақб ва нерӯгоҳ, ки рамзро мукаммал гардонидаанд, ифодагари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошанд.
Яъне маҳсули меҳнати мову шумо – роҳу пулҳо ва нақбҳо дар рамзи расмии 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷкистон мунъакис шудаанд. Боиси ифтихори мо, кормандони соҳаи роҳу нақлиёт аст, ки дар солҳои Истиқлол бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ва заҳмати шабонарӯзии роҳсозон садҳо километр роҳу пулҳо сохтаву таҷдид гардида, кишвари моро ба ҷаҳони мутамаддин пайваст сохтанд.
Ман итминон дорам, ки мову шумо минбаъд низ аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои пурмасъулият ва пуршарафе, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наздамон гузошта мешаванд, бо сарбаландӣ мебароем ва дар тақвияти Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду нумӯи боз ҳам бештари кишварамон ҳиссаи сазовори худро мегузорем.
Дӯстони азиз!
Ҳамаи шуморо бори дигар бо ҷашни муқаддасу муборак – 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи роҳсозони кишвар самимона табрик мегӯям ва бароятон тани сиҳат, хонаи обод ва хушбахтию саодат мехоҳам!
Саломат бошед!