Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар соҳили чапи обанбори Роғун роҳи автомобилгарди «Сайидон Лабиҷар» сохта мешавад. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 август дар мулоқот бо сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» изҳор доштанд.
Сарвари давлат зимни суханронии худ дар мулоқот зикр намуданд, ки муассисаи давлатии «Маъмурияти минтақаи обхезии Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ ва инфрасохториро идома медиҳад.
«Тибқи созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ барои сохтмони роҳи автомобилгарди «Сайидон — Лабиҷар» дар соҳили чапи обанбор 30 миллион доллари ИМА ҷудо шудааст», - гуфтанд Пешвои миллат. Ба гуфтаи Сарвари давлат, баъди анҷоми расмиёти тендери байналмилалӣ корҳои сохтмонӣ дар ин роҳ оғоз мешаванд.
«Ин роҳ барои беҳтар кардани алоқаи нақлиётии сокинони соҳили чапи обанбор ва рушди минбаъдаи минтақа аҳамияти муҳим дорад», – таъкид карданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
***
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки хизматрасонииҳои давлатии кишвар пурра ба шакли электронӣ гузаронида шавад. Дар ин бора Сарвари давлат 19 август дар ҷаласаи якуми Шӯрои рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони вазорату идораҳо супориш доданд.
Яке аз масъалаҳои асосии ҷаласа рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳамгироии пойгоҳи додаҳо буд. Пешвои миллат зикр намуданд, ки рақамисозӣ бояд вақт ва маблағҳои шаҳрвандон ва тиҷоратро сарфа намуда, шаффофияти идоракунӣ ва рақобатпазирии иқтисодиётро баланд бардорад.
***
Аз 1 сентябр шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе зиёд карда мешавад. Дар Душанбе аз 1 сентябри соли ҷорӣ шумораи нақлиети ҷамъиятӣ – автобусҳо, троллейбусҳо ва микроавтобусҳо (маршруткаҳо) — 360 адад ё 20 фоиз зиед карда мешавад. Дар ин бора муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенаклиётхадамотрасон» иттилдоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, ин қарор ҳар сол дар арафаи соли нави таҳсил қабул карда мешавад, зеро шумораи мусофирон аз ҳисоби хонандагон ва донишҷӯен меафзояд.
Муассиса хабар додааст, ки бо оғози соли нави таҳсил шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ дар роҳҳои пойтахт ба нишондиҳандаҳои зерин зиёд карда мешавад:
410 автобус ва троллейбус ба ҷои 350 адад;
1200 микроавтобус (маршрутка) ба ҷои 900 адади ҳозира.
Дар муассиса хабар доданд, ки микроавтобусҳои нав ба хатсайрҳои дорои теъдоди зиёди мусофирон хизмат мерасонанд.
***
Барномаи рушди роҳҳои ободи деҳот дар амал аст. Дар Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Барномаи рушди роҳҳои ободи деҳот барои солҳои 2023-2028» соли ҷорӣ бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ ба маблағи 123,4 миллион сомонӣ роҳҳои автомобилгард ва иншооти бо онҳо алоқаманд таъмиру таҷдид карда шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
«Барномаи рушди роҳҳои ободи деҳот барои солҳои 2023-2028» бо супориши Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати нақлиёти Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ шудааст.
Беҳтар кардани алоқаи нақлиётӣ дар деҳот, таъмини дастрасии боэътимоди сокинони ноҳияҳои дурдаст ба роҳҳои асосӣ, мактабҳо, беморхонаҳо ва дигар иншооти муҳим аз ҳадафҳои асосии Барномаи мазкур мебошанд.
ДАР МИНТАҚА
Тоҷикистон пешниҳод кард, ки парвозҳо бо кишварҳои ИДМ васеъ карда шаванд. Дар ин бора 19 августи соли 2026 дар ҷаласаи кории Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (КБА), ки дар Маскав баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Дар ҷаласа Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур ширкат намуд.
Тавре хадамоти матбуоти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ хабар додааст, иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои асосии рушди авиатсияи гражданиро баррасӣ карданд. Бехатарии парвозҳо, ҷорӣ намудани стандартҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ, инчунин рушди ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар маркази диққати ширкаткунандагон қарор доштанд.
Ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои соҳавӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи соҳаи авиатсия, инчунин имконияти кушодани хатсайрҳои нави авиатсионӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил диққати махсус дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2026 Тоҷикистон раисиии Шӯрои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ-ро бар уҳда дорад.
***
Дар Узбекистон талабот ба таваққуфгоҳҳо ва истгоҳҳои барқдиҳӣ барои мошинҳои барқӣ нав карда шуд. Дар кишвар қоидаҳои тарҳрезии таваққуфгоҳҳо тағйир дода шуданд. Ҳоло истгоҳҳои барқпуркунӣ барои мошинҳои барқӣ ва омеха (гибридҳо) дар таваққуфгоҳҳои дохилӣ танҳо дар ошёнаи якуми зеризаминӣ ё ошёнаи якуми рӯизаминӣ насб карда мешаванд.
Меъерҳои нав инчунин таваққуфгоҳҳоро дар минтақаҳои хатарноки кӯҳӣ манъ мекунанд ва талаб мекунанд, ки вуруди мавсимии сайёҳон ба назар гирифта шавад. Дар ин бора Podrobno.uz. хабар додааст.
Тағйирот ба меъёрҳои шаҳрсозӣ аз ҷониби Вазорати адлия 11 август ба қайд гирифта шудааст. Мувофиқи талаботи нав, истгоҳҳои пуркунандаи барқ барои мошинҳои барқӣ ва гибридҳо дар майдончаҳои кушод ва таваққуфгоҳҳои дорои сифатҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҷойгир карда мешаванд.
***
Узбекистон ва Гурҷистон ба табодули электронии рухсатномаҳо гузаштанд. Кишварҳо ба системаи мубодилаи электронии рухсатномаҳо барои интиқоли борҳои E-Permit гузаштанд. Тавре 21 август Trans.ru навиштааст, дар ин бора Вазорати нақлиёти Узбекистон хабар додааст.
Акнун рухсатномаҳо барои ҳамлу нақли байналмилалӣ байни ду кишвар байни интиқолдиҳандагони миллӣ тақсим карда намешаванд, балки дар асоси дархостҳои онҳо дода мешаванд. Чунин раванд бояд гирифтани рухсатномаҳоросуръат бахшад ва дар маҷмӯъ интиқоли молро байни Узбекистон ва Гурҷистон осонтар кунад.
Мавриди зикр аст, ки барои Узбекистон Гурҷистон яке аз самтҳои афзалиятнок аст, зеро он ба ҷумҳурии маҳсур дар хушкӣ роҳи баромад ба баҳрро боз мекунад. Дар навбати худ, Гурҷистон тавассути Узбекистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳ меёбад.
***
Дар Қазоқистон ба мотороллерҳои (самокатҳои) барқӣ ҳаракт кардан дар пиёдаравҳо манъ карда шуд. Дар кишвар аз 25 август қоидаҳои нави ҳаракат барои корбарони самокатҳои барқӣ эътибор пайдо карданд. Акнун дар роҳравҳо ва роҳҳои пиёдагард ҳаракат кардан манъ аст, ронандагон бояд аз роҳҳои велосипедронӣ истифода баранд ва дар сурати набудани онҳо аз канори рости роҳи мошингард, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, истифода баранд, навиштааст Tengrinews.kz.
Пештар ба скутерҳои барқӣ ҳаракат дар роҳравҳо бо суръати то 6 километр дар як соат иҷозат дода шуда буд. Пас аз ворид шудани меъерҳои нав, ин гузина дигар эътибор надорад.
Танҳо ба корбарони аз 18-сола боло, ки шаҳодатномаи ронандагӣ ва кулоҳи муҳофизатӣ доранд, иҷозат дода мешавад, ки ба қисми роҳ бароянд. Дар вақти торикӣ бояд инчунин элементҳои нурафкан истифода шаванд.
Додситонии кулли Қазоқистон гуфтааст, ки афзоиши воситаҳои ҳаракати инфиродӣ боиси зиёдшавии садамаҳо гардидааст.
ДАР ҶАҲОН
Tesla пешниҳод кард, ки мошинҳои барқӣ аз нерӯи офтоб истифода баранд. Ширкати Tesla ба корбарони системаҳои энергияи офтобии Powerwall иҷозат дод, ки мошинҳои барқиро бо нуруи офтоб пур кунанд. Дар ин бора нашрияи TechCrunch хабар медиҳад.
Ба гуфтаи рӯзноманигорон, хусусияти системаи Drive on Sunshine моҳи май санҷида шуд ва моҳи июл барои ҳамаи истеъмолкунандагон дар ИМА ва Канада дастрас гардид. Опсия ба соҳибони системаи Powerwall, ки энергияи офтобро ҷамъоварӣ ва нигоҳ медорад, имкон медиҳад, ки мошинҳои барқии Tesla-ро пур кунанд.
Муаллифи мавод мегӯяд, ки дар лаҳзае, ки батареяи хонагии Powerwall пурра пур карда мешавад, система метавонад ба пур кардани мошинҳои барқӣ аз энергияи офтоб шурӯъ кунад. Корпоратсия зикр кардааст, ки истеъмолкунандагон метавонанд нерӯи барқро сарфа ва партовҳои гази карбонро кам кунанд.
***
Дар Беларус мӯҳлати санҷиши соддашудаи скутерҳои барқӣ ба охир мерасад. Дар он ҷо давраи гузариш барои соҳибони воситаҳои ҳаракати шахсӣ ба анҷом мерасад. Рӯзи охирин, ки мувофиқати нақлиётро бо схемаи содда баҳо додан мумкин аст, 31 август хоҳад буд. Аллакай аз 1 сентябр қоидаҳо сахттар мешаванд.
Дар робита ба ин, мақомоти стандартизатсияи кишвар ба шаҳрвандон ва аҳли тиҷорат тавсия дод, ки фавран ба озмоишгоҳҳои марбута муроҷиат кунанд. Дар ин бора агентии давлатии иттилоотии «БелТА» хабар медиҳад.
Тартиби зикршуда барои ҳама ҳатмӣ нест. Дастгоҳро барои ташхис дар се ҳолат ба озмоишгоҳ бурдан лозим аст: агар он то 1 сентябри соли 2025 харида шуда бошад, метавонад зудтар аз 25 км/соат суръат гирад ё барои сафар дар роҳҳои дорои пӯшоки сахт истифода шавад. Агар дастгоҳҳо аз рӯи хусусиятҳо ва намуди зоҳирии худ ба мопедҳо ё мотосиклҳо наздиктар бошад, ба соҳибонашон лозим нест, ки аз ин санҷиш гузаранд.
Рӯйхати пурраи истисноҳоро мақомот дар ёддошти махсус дар сомонаи худ нашр кардааст.
Натиҷаи санҷиши бомуваффақият дар шиносномаи электронии воситаи нақлиётзикр карда мешавад.Бо ин ҳуҷҷат соҳиби он барои бақайдгирии минбаъда ба БДА фиристода мешавад.
***
Дар Италия суд барои истифодаи телефони мобилӣ дар паси чамбараки мошин қарор қабул кард. Тибқи қарори суди кассатсионии Италия, истифодаи телефони ронандагӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳ нақзи қоидаҳои ҳаракат астаст. Дар ин бора TranaInfo хабар медиҳад.
Суди кассатсионии Италия қарор қабул кард, ки он қоидаҳои истифодаи телефони мобилиро ҳангоми ронандани мошин мушаххас мекунад. Тибқи муқаррарот, истифодаи телефони мобилӣ ҳангоми ҳаракат қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ҳатто агар ронанда дар тамбашавии мошинҳо банд монад.монад. Ин ба тафсирҳои эҳтимолии баҳсбарангези моддаи 173 Кодекси роҳ хотима бахшид, хабар медиҳад портали нақлиётии Италия trasporti-italia.com.
Суд қарор дод, ки истифодаи телефони мобилӣ танҳо дар сурате иҷозат дода мешавад, ки воситаҳои нақлиёт дар роҳ ба муддати тӯлонӣ таваққуф кунанд, ки имкон медиҳад, ки дастгоҳи телефон бе монеа то барқарор шудани ҳаракат истифода барда шавад.
Ҳамин тариқ, барои истифодаи телефони мобилӣ ҳангоми ҳаракат, масалан, ба ронандае, ки дар чароғи сурх қарор дорад, ҷазо пешбинӣ шудааст.