18 августи соли 2026 нахустин мулоқоти онлайнии ҳамоҳангсозони миллии Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ бо иштироки намояндагони мақомоти нақлиётии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот иштирокчиён ҳадафҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Марказро, ки бояд ба платформаи минтақавӣ барои рушди ҳамкории касбӣ, табодули таҷриба ва таҳияи қарорҳои муштарак дар соҳаи нақлиёт табдил ёбад, баррасӣ карданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таъмини занҷираҳои бефосилаи таъминот, рушди пайвастагии нақлиётӣ ва ҳамоҳангсозии равишҳои кишварҳои минтақа зоҳир гардид. Намояндаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон омодагии кишварро барои иштироки фаъолона дар фаъолияти Марказ ва таҳияи минбаъдаи ташаббусҳои муштарак таъкид намуд.
Дар миёни самтҳои ояндадори ҳамкорӣ рушди касбӣ ва омӯзиши мутахассон, табодули таҷрибаи коршиносӣ, таҳияи маводи таҳлилӣ, ҳамкорӣ бо донишгоҳҳо ва ҷомеаи коршиносӣ, инчунин рушди рақамикунонии соҳаи нақлиёт муайян карда шуданд.
Иштирокчиён инчунин имкониятҳои ҳамкорӣ дар самти ҷалби сармоягузорӣ барои инфрасохтори нақлиётиро алоҳида баррасӣ карданд. Таъкид гардид, ки татбиқи ташаббусҳои дахлдор ҳамоҳангсозиро бо мақомоти давлатии соҳавӣ ва ниҳодҳои молиявӣ талаб мекунад.
Намояндагони Ҷумҳурии Қирғизистон низ рушди минбаъдаи Марказро дастгирӣ намуда, омодагии худро барои иштирок дар кори муштарак ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба васеъ намудани фаъолияти он изҳор доштанд.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқот иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории ҳамоҳангсозони миллӣ идома дода шуда, дар вохӯриҳои минбаъда ба баррасии мушаххаси самтҳои ҳамкорӣ гузаранд.
Мулоқоти аввал оғози муколамаи минбаъдаи касбӣ байни мақомоти нақлиётии кишварҳои минтақа ва ташаккули механизми амалии ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи дипломатияи нақлиётӣ гардид.
Бояд зикр кард, ки дар таъсис ва рушди Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ доранд, ки борҳо зарурати пешбурди дипломатияи нақлиётиро аз минбари форумҳои байналмилалӣ изҳор доштаанд. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим моҳи апрели соли 2023 ин ташаббуси Сарвари давлатро дар ҷаласаи 10-уми вазирони нақлиёти Созмони Ҳамкории Шанхай дар Ҳиндустон ва моҳи июли ҳамон сол дар як ҳамоиш, ки дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувори Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ дар Ню-Йорк дар сиғаи маҷозӣ баргузор гардид, муаррифӣ намуд.
29 октябри соли 2024 дар назди Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ расман ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи Марказ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок намуданд.
Марказ ҳамчун майдони муколама пешбинӣ шудааст: мутахассисони соҳавӣ ва коршиносони сатҳи байналмилалӣ омода месозад, конфронсҳо, гурӯҳҳои корӣ, табодули таҷриба ташкил мекунад, дар таҳияи рӯзномаи минтақавии нақлиётӣ иштирок ширкат ва манфиатҳои Тоҷикистонро дар самтҳои транзит ва логистика ҳимоя менамояд.