Тавре қаблан хабар дода будем, 15 августи соли 2026 дар Теҳрон, дар доираи сафари кории ҳайати расмии Тоҷикистон мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Вазири роҳҳо ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон Фарзона Содиқ баргузор гардид.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои нақлиёт, боркашонӣ, сӯзишворӣ, транзит ва логистика мубодилаи афкор намуданд.
«Кишвари мо ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории бисёрҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аҳамияти махсус медиҳад, – изҳор дошт Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим. – Мо ҳамкориҳои нақлиётиро яке аз самтҳои муҳимтарини робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии ду кишвар мешуморем ва омодаем, ки ин ҳамкориро аз сатҳи муносибатҳои анъанавии дуҷониба ба марҳилаи нави ҳамгироии нақлиётӣ ва логистикӣ барорем».
Вай изҳори қаноатмандӣ кард, ки заминаи ҳуқуқии ҳамлу нақли байналмилалӣ байни ду кишвар устувор буда, торафт таҳким меёбад – то имрӯз дар ин самт 17 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 432790 тонна бор (аз ҷумла 333924 тонна бо нақлиёти роҳи оҳан ва 98866 тонна тавассути нақлиёти автомобилӣ) интиқол дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 117,5%-ро ташкил медиҳад.
Ҷонибҳо ба ташкили интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва нафти хом аз Эрон ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, имкониятҳои мавҷудаи нақлиётӣ ва логистикиро баррасӣ намуданд ва ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳалли масъалаҳои ба миёномада якҷоя корбарӣ мекунанд.
«Вазъи геополитикии ҷаҳон боиси коҳиш ёфтани воридоти сӯзишворӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Қаблан беш аз 80% сӯзишворӣ аз Русия ба Тоҷикистон ворид карда мешуд», - изҳор дошт Вазири нақлиёти ҶТ ва зикр намуд, ки воридоти маводи сӯзишворӣ аз дигар кишварҳо, аз ҷумла, аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нақша гирифта шудааст.
Ба гуфтаи Вазир, ҳаҷми умумии сӯзишвории аз Эрон дархостшуда 2 550 000 тонна (аз ҷумла нафти хом 2 миллион тонна, бензин 150 000 тонна, сӯзишвории дизелӣ 300 000 тонна ва сӯзишвории ҳавопаймоӣ 100 000 тонна) ё 51 000 вагонро ташкил медиҳад.
Дар робита ба ин, Азим Иброҳим аз ҳамтои эронии худ хоҳиш кард, ки ба ҳалли баъзе масъалаҳо мусоидат намояд. Аз ҷумла:
– ташкили қатораи махсуси боркаши иборат аз вагонҳо-систернаҳо ҷиҳати самаранок амалӣ намудани ҳамлу нақл;
– бо ташкили режими махсус ва долони сабз таваҷҷуҳи афзалиятнок додан ба вагонҳои сӯзишворӣ барои Тоҷикистон ҳангоми ҳаракати онҳо дар шабакаи роҳи оҳани Эрон;
– пешниҳоди имтиёзҳо дар шартномаи консессионӣ барои сохтмон, истифода ва баргардонидани иншоот ҷиҳати таъсис ва оғози фаъолияти маркази логистикии «Тоҷикистон» дар бандари «Чобаҳор»;
– рафъи мушкилоти воситаҳои нақлиёти Тоҷикистон ҳангоми ҳаракат дар қаламрави Эрон, ки ба рухсатномаҳои истифоданашуда барои ҳамлу нақли байналмилалӣ ва миқдори зарурии сӯзишворӣ дар зарфҳои мошин марбутанд;
– ворид намудани тахфифҳо ба хизматрасониҳои заминӣ, навигатсионӣ ва таъминоти сӯзишворӣ дар фурудгоҳҳои Эрон, инчунин дар бимакунии парвозҳои ширкати «Сомон Эйр», ки қарор додааст парвозҳои ҳавопаймоиро ба самти Эрон оғоз кунад.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаи таъсиси долони нави логистикии «Эрон – Афғонистон – Тоҷикистон – Чин» матраҳ гардид. Дар доираи ин хатсайр лоиҳаи бунёди роҳи оҳан низ пешбинӣ шудааст, ки он маблағгузории зиёдро талаб мекунад.
Ба гуфтаи Вазир, роҳи оҳани зикршуда ҳамчун долони заминӣ дар муқоиса бо дигар хатсайрҳои мавҷудаи обӣ масири интиқоли борҳоро то 2 ҳазор километр ва вақти паймудани онро то 10 рӯз коҳиш медиҳад, ки ин боиси арзон шудани хароҷоти ҳамлу нақл хоҳад шуд. «Агар ин хатти роҳи оҳан ба истифода дода шавад, Эрон метавонад ба маркази таъминоти қораӣ (континенталӣ) табдил ёбад» – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Азим Иброҳим, ҳоло ҳаҷми табодули маҳсулоти нафтӣ байни ду кишвар дар як сол тақрибан 800 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, аммо бо ҳалли масъалаҳои зикршуда, роҳандозии механизмҳои нави логистикӣ ва ҷалби имкониятҳои транзитии кишварҳои ҳамсоя, ки бо онҳо низ гуфтушунид анҷом дода хоҳад шуд, ин нишондиҳанда метавонад якчанд маротиба афзоиш ёбад.
Вазири роҳҳо ва шаҳрсозии Эрон Фарзона Содиқ дар навбати худ тавсеаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро самти муҳими кор номида, изҳори омодагӣ намуд, ки дар ҳалли масъалаҳои зикршуда, аз ҷумла тавассути ҳамоҳангсозии гурӯҳҳои кории байниидоравӣ ва дастгирии зарурии лоиҳаҳо мусоидат менамояд.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон, ки 15 -16 январи соли 2025 сурат гирифта буд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши сатҳи баланди ҳамкории дуҷониба, номида шуд. Аз рӯи натиҷаҳои ин сафар 23 санади ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Аз ҷумла, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири роҳҳо ва шаҳрсозии Эрон Фарзона Содиқ Барномаи иҷрои ҳамкорӣ байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони бандару киштиҳои дарёии Ҷумҳурии Исломии Эронро дар рушди транзити бор тавассути бандари «Чобаҳор» ба имзо расониданд.
4 августи соли 2026 лоиҳаи ниҳоии асосноккунии техникию иқтисодии ҶСП «Холдинг Осиё Гурӯҳи Тоҷикистон» оид ба таъсиси маркази логистикии «Тоҷикистон» дар бандари «Чобҳор» бо роҳи дипломатӣ ба ҷониби Эрон пешниҳод карда шуд.