4 августи соли 2026 дар шакли омехта таҳти раёсати муовини Вазири нақлиёти Федератсияи Русия Борис Ташимов ҷаласаи 16-уми Шӯрои иттилоотонӣ дар нақлиёти назди Машварати ҳамоҳангсозии нақлиётии (МҲН) давлатҳои иштирокчии ИДМ баргузор шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи Иҷроияи Иттиҳод.
Дар ҷаласа намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Еумитаи Иҷроияи ИДМ, Кумитаи Иҷроияи Машварати ҳамоҳангсозии нақлиетии (МҲН) ИДМ, Комиссияи иқтисодии Авруосиё, инчунин аъзои ассотсиатсияшудаи МҲН ИДМ иштирок карданд.
Иштирокчиён татбиқи ҳуҷҷатҳои қабулкардаи мақомоти роҳбарикунандаи ИДМ ва ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ равонашударо муҳокима карданд. Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии нақлиетии мултимодалии давлатҳои иштирокчии ИДМ, Нақшаи амал оид ба беҳдошти инфрасохтор ва рушди долонҳои байналмилалии нақлиётии ИДМ барои давраи то соли 2030, инчунин Нақшаи тадбирҳо оид ба татбиқи марҳилаи дуюми (солҳои 2026-2030) Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2030 дар маркази таваҷҷӯҳи ширкаткунандагон қарор гирифтанд.
Ҳайати Тоҷикистон лоиҳаи «Харитаи роҳ»-ро оид ба татбиқи Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалии давлатҳои иштирокчии ИДМ муаррифӣ намуд.
Намояндагони Қазоқистон ташаббуси таъсиси харитаи ягонаи рақамии нақлиётӣ-логистикии ИДМ, намояндагони Узбекистон лоиҳаи Консепсияи таъсиси марказҳои иттилоотӣ-логистикиро пешниҳод карданд. Ҷониби Русия лоиҳаҳои табдили рақамии соҳаи нақлиётро пешниҳод ва иштирокчиени ҷаласаро бо қарорҳои муосир ва таҳияҳои амалӣ дар ин соҳа шинос намуд.
Донишгоҳи нақлиётии Русия (МИИТ) инчунин баргузории сессияи байналмилалиро оид ба тайёр кардани кадрҳо барои табдили рақамии маҷмааи нақлиётӣ эълон кард. Он дар доираи Конфронси VI байналмилалии илмӣ-амалии технологияҳои рақамии нақлиёт ва логистика баргузор мешавад.
Тавре иштирокчиён зикр карданд, масъалаҳои баррасишуда имкон доданд, ки дар бораи ҷараёни табдили рақамии системаҳои нақлиётӣ дар кишварҳои узви Машварати ҳамоҳангсозии нақлиётии ИДМ тасаввуроти мукаммал ҳосил гардад ва самтҳои асосии кори минбаъдаи муштарак муайян карда шаванд.
Ёдовар мешавем, ки Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалии ИДМ, ки аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи раёсати кишвар дар Иттиҳод бо дастгирии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором ва Комиссияи иқтисодии Аврупои СММ таҳия шудааст, 5 сентябри соли 2025 дар ҷаласаи 107-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ дар шаҳри Душанбе маъқул дониста шуд.
29 сентябри соли 2025 дар Минск таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон Кохир Расулзода ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор гардид. Дар он Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим лоиҳаи Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалии ИДМ-ро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ Стратегияро тасдиқ кард ва ба сохторҳои марбута супориш дод, ки лоиҳаи «Харитаи роҳ», яъне нақшаи муфассал-ҷадвали татбиқи стратегияро таҳия ва ба баррасии Шӯрои иқтисодии ИДМ пешниҳод кунанд. Таҳияи ҳуҷҷат ба Машварати ҳамоҳангсозии нақлиётии давлатҳои иштирокчии ИДМ вогузор карда шуд. Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои иштирокчии Иттиҳод ва Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа низ ба кор ҷалб карда шуданд.
Акнун қадами навбатӣ тасдиқи «Харитаи роҳ» аз ҷониби Шӯрои иқтисодии ИДМ хоҳад буд. Пас аз он марҳилаи татбиқи амалии он оғоз меёбад.