Омодагӣ ба зимистон аз ҳоло хеле муҳим аст, ҳатто агар дар берун ҳаво ҳанӯз гарм ҳам бошад. Хусусан барои ронандагон ва онҳое, ки ба фаъолияти инфрасохтори нақлиётӣ ё ҳолати роҳҳои автомобилгард масъуланд.
Бо мақсади таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёти автомобилӣ ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2026 № 178 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ба фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027» бо фармоиши Вазири нақлиёти ҶТ таҳти № 79 аз 28 апрели соли 2026 Нақшаи тадбирҳои Вазорат оид ба саривақт омода намудани соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ ба фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 тасдиқ карда шудааст.
Масъулини соҳа муваззаф гардидаанд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати ҳамаи бандҳои Нақшаи мазкурро таъмин намоянд.
Ҳамчунин Ситоди фаврӣ таҳти сарварии муовини аввали Вазири нақлиёт Фаррух Неъматзода ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва назорати раванди тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон таъсис дода шудааст.
Айни замон дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар 2957 корхонаи шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла 2579 субъекти хоҷагии нақлиёти автомобилӣ, 241 хоҷагии роҳ ва 137 корхонаи роҳи оҳан фаъолият мекунанд. То 1 январи соли ҷорӣ 800 926 адад воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст. 94,6% борҳо ва 99,8% мусофирон тавассути нақлиёти автомобилӣ интиқол дода мешаванд.
Қобили зикр аст, ки дастуру супоришҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон аз баҳор ва тобистон ба равиши муназзами амнияту осоиштагии кишвар дар фасли сарди сол мусоидат менамоянд.
Ҳанӯз 28 марти соли равон дар ҷаласаи Ҳукумати ҶТ таҳти раёсати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 баррасӣ гардид. Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки Нақшаи тадбирҳоро тасдиқ намуда, барои омодасозии кишвар ба давраи тирамоҳу зимистони оянда Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис диҳад. Пешвои миллат ҳамчунин мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор карданд, ки то 20-уми ҳар моҳ дар бораи омодасозии иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоии Тоҷикистон ба мавсими хунукӣ ҳисоботи ҷамъбастӣ пешниҳод намоянд.
28 июли соли 2026 дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳо ҷиҳати омодагии пурра ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода супоришҳои мушаххас доданд.