Ҳамасола, тибқи Қонуни ҶТ «Дар борап рӯзҳои ид», Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат имрӯз дар Вазорати нақлиёт маҷлиси ботантана баргузор гардид. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим кормандон ва собиқадорони соҳаи нақлиётро бо иди касбиашон шодбош гуфт.
Матни паёми табрикии Вазир дар зер пешниҳод мегардад.
Дуруд ба шумо, меҳмонони гиромиқадр, собиқадорон ва кормандони соҳаи нақлиёт!
Ҳамаи шумо ва дар шахси шумо тамоми онҳоеро, ки дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ кор мекунанд ё фаъолияташон аз ин ё он ҷиҳат бо ин соҳа рабт дорад, бо Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям!
Расо 87 сол муқаддам, 25 июли соли 1939 қарори махсуси Комиссариати халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба ташкили сохторҳои нақлиёти автомобилӣ ба тасвиб расида, тибқи муқаррароти он ҳамаи хоҷагиҳо, муассисаҳо ва корхонаҳои таъмири автомобилӣ мутаҳид карда шуданд. Баъдан ин сохтор мунтазам ташаккул ёфта, ба таври расмӣ як қисми таркибии шабакаи нақлиёти Иттиҳоди Шӯравӣ шинохта шуд. Ҳамин тавр 25 июл ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар таърих монд.
Мегӯянд, таърихро бояд эҳтиром кард ва нигоҳ дошт. Эҳтиром ба гузашта – ин эътироф кардани он чизест, ки наслҳои пешин офаридаанд. Нигоҳ доштан маънои онро дорад, ки он офарида аз байн наравад, рушду такомул дода, ба наслҳои оянда интиқол дода шавад.
Маҳз ба ҳамин хотир Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид карда шуд ва дар даврони соҳибистқлолии кишварамон ҳамасола ин ид дар фазои орому осоишта ва ваҳдати миллӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Вожаи «нақлиёт» ва ибораи «ҳамлу нақл» як маънӣ доранд – аз ҷое ба ҷое кашонида бурдани ҳар гуна бор, одамон ва иттилоот. Яъне ҳамлу нақл на танҳо ҳаракат дар роҳи пешбурди зиндагӣ, балки худи зиндагист. Бидуни он ягон соҳаи иқтисодиёт ё иҷтимоиёт фаъол буда наметавонад.
Рушди босуръати соҳаҳои саноат, сохтмон ва кишоварзӣ, таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳалли мушкилоти мубрами иҷтимоӣ аз кори самаранок ва ҳамоҳангшудаи ҳамаи пайвандҳои маҷмааи нақлиёти кишвар, таҷриба, салоҳият ва масъулияти кормандони он вобаста аст.
Аз ин рӯ, афзалият додан ба масъалаҳои такмили инфрасохтори нақлиёт, баланд бардоштани эътимоднокӣ, бехатарӣ ва дастрасии хизматрасониҳои нақлиётӣ, зиёд кардани шумораи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ хеле муҳим аст.
Тасаввур кунед, ҳамарӯза ҳазорҳо нафар ронандагон бо хатсайрҳои гуногун ба роҳ мебароянд, миллионҳо нафар мусофиронро аз ҷое ба ҷое интиқол медиҳанд, бор мекашонанд, иттилоот мерасонанд. Онҳо вазифаи масъулиятнокеро иҷро мекунанд, кореро ба ҷо меоранд, ки неруи зиёд, касбияти баланд, таҷрибаи ғанӣ ва диққати пайвастаро талаб мекунад. Ин кори пурмашаққат аст. Самаранокии он бештар аз шароити кор ва истироҳати ронандагон, диспетчерҳо, механикҳо ва дигар мутахассисони соҳа вобаста аст, онҳое, ки эътимоднокии воситаҳои нақлиёт, бехатарии мусофирон ва сари вақт расонидани борҳоро таъмин мекунанд.
Беваҷҳ нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавқеъ ва рушди маҷмааи нақлиётӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда, борҳо ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаи рушди соҳа супоришҳо дода буданд. Дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Президенти кишвар чунин таъкид намуданд:
«Мавқеъ ва рушди маҷмааи нақлиёти ҷумҳурӣ дар шароити куҳсори Тоҷикистон, ташаккули инфрасохтори нақлиётӣ, ба хусус нақлиёти автомобилӣ яке аз шартҳои асосии пешрафти иқтисодиёти миллӣ ба шумор меравад. Пайваста инкишоф ёфтани соҳаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тараққиёти ҳамаи бахшҳои иқтисодии ба он алоқаманд мусоидат карда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтаршавии муҳити иҷтимоиро дар ҷомеъа таъмин менамояд».
Бо кӯшишу талошҳои павастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон ба рушди шабакаи роҳҳои автомобилгард ва инфрасохтори он, хизматрасониҳои нақлиётию логистикӣ, инчунин навсозии парки воситаҳои нақлиёти мусофирбар ва боркаши ҷумҳурӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шуда, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосии стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст.
Дар ин раванд, бо бунёд гардидани шоҳроҳҳои автомобилӣ ва инфрасохтори нақлиётӣ Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, бо пайваст ва таъмин гардидани шабакаи нақлиётӣ ба як кишвари воҳид табдил ёфт.
Ҳоло дар соҳа 2957 корхона, аз ҷумла 2579 корхонаи нақлиёти автомобилӣ фаъолият мекунанд.
Шабакаи иборат аз 920 хатсайри мунтазами мусофиркашонии дохилӣ ва байналмилалӣ (автобусҳо, троллейбусҳо, роҳи оҳан ва дигар намудҳои нақлиёт) ба мардум хизмат мерасонанд.
Ба ҳолати то 1 январи соли 2026 дар кишвар 800 926 воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 99731 адад ё 14,2% зиёд аст. Аз ин миқдор 67 230 воситаи нақлиёт (тақрибан 8,8%) дар фаъолияти хоҷагидорӣ барои интиқоли бор ва мусофирон, кори корхонаҳои логистикӣ, такси ва дигар равандҳои иқтисодӣ истифода бурда мешаванд. Тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёт зиёда аз 76 миллион тонна бор ва беш аз 552 миллион мусофир интиқол дода шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 14 ва 8 фоиз зиёд аст.
Дӯстони арҷманд!
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат Тоҷикистони азизи мо бо мақсади таъмини рушди самти байналмилалии соҳаи нақлиёт узви 9 Конвенсия ва Созишномаҳои бисёрҷонибаи байналмилалии Созмони Миллали Муттаҳид гардида, айни замон бо 40 кишвари хориҷии дуру наздик интиқоли молу маҳсулот ва мусофирон амалӣ мегардад.
Тавре шумо медонед, се рӯз пеш, 21 июл, дар ҷараёни сафари давлатиии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмолн ба Муғулистон Созишнома байни ҳукуматҳои ду кишвар оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ба имзо расид.
Бо мақсади рушди долонҳои нақлиётӣ, истифодабарии иқтидори транзитии кишвар ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои интиқолдиҳандагони ватанию хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якчанд барномаю созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором (ЭСКАТО ООН), Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО), ТРАСЕКА, ҲИМОМ (REC), Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мебошад.
Барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон бо дастгирии Хукумати мамлакат Вазорати нақлиёт тадбирҳои зиёд мендешад, конфронсу чорабиниҳои дигари сатҳи байналмилалӣ доир мекунад. Аз ҷумла, моҳи октябри соли 2022 дар Душанбе, дар ҷараёни Конфронси байналмилалии «Логистика ва афзалиятҳои он дар рушди алоқаи автомобилӣ бо кишварҳои минтақа» долони байналмилалии мултимодалии нақлиётии «Чин – Тоҷикистон –Узбекистон –Туркманистон– Эрон –Туркия –Аврупо» муаррифӣ карда шуд.
Вазорат бо супориши Ҳукумати мамлакат ва дар ҳамдастӣ бо шарикони рушд, дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Стратегияи рақамикунонии долонҳои мултимодалии нақлиётии давлатҳои иштирокчии ин Иттиҳодро таҳия ва пешниҳод намуд, ки он моҳи марти соли 2025 дар ҷаласаи Шурои роҳбарони ҳукуматҳои ИДМ дар шаҳри Минск тасдиқ гардид.
24 апрели соли ҷорӣ дар иҷлосияи 82-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) бо пешниҳоди кишвари мо қатъномаи «Таҳкими ҳамкорӣ дар самти иртиботи мутақобилаи нақлиётӣ ва логистика ба манфиати рушди устувор дар Осиё ва Уқёнуси Ором» қабул карда шуд.
Ҳуҷҷати мазкур ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика, рушди долонҳои устувори байналмилалии нақлиётӣ, рақамикунонии равандҳои логистикӣ, баланд бардоштани устувории занҷираҳои таъминот, ҷорӣ намудани навгониҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва тавсеаи имкониятҳои кишварҳои маҳсур дар хушкӣ равона шудааст.
Қабули қатъномаи нав, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардидааст, бори дигар нақши пешбарандаи кишвари мо, муваффақияти назарраси дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва идомаи мантиқии сиёсати дурандешонаи давлатии Президенти мамлакатро, ки барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон ва ба кишвари муҳими транзитии минтақа табдил додани он равона шудааст, собит намуд.
Бо мақсади амалӣ намудани Барномаи «Шаҳри сабз», баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ва ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани он, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии кишвар, инчунин ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, таъмини дастрасии умум ба манбаҳои неруи арзон ва боэътимод, «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» қабул гардид, ки мавриди татбиқ қарор дорад.
Барои амалисозии Барнома дар умум 228 млн. 916 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст, ки 1 млн.390 ҳазор сомонӣ аз буҷети давлатӣ, 6 млн. 156 ҳазор сомонӣ аз шарикони рушд ва 221 млн. 370 ҳазор сомонӣ аз бахши хусусӣ пешбинӣ гардидааст.
Ташкили дурусти фаъолияти боркашонию мусофирбарӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ бо пешниҳоди хизматрасониҳои бонизому самарабахш яке аз вазифаҳои муҳими соҳа буда, имрӯзҳо ҳиссагузории ширкатҳои нақлиётии кишвар дар азнавкунии парки воситаҳои нақлиёт, сохтмони инфрасохтори зарурӣ, интиқоли молу маҳсулот ва борҳои таъиноти иншооти стратегӣ назаррас аст.
Имрўз кормандони соҳаи нақлиёт дар рушди тамоми соҳаҳо ва ободии кишвари азизамон саҳми арзанда дошта, бо ташкил намудани корхонаҳои нақлиётӣ ҳазорон нафарро соҳиби ҷои кор ва бо меҳнати софдилонаи худ мавқеъ ва обрўву эътибори хоса пайдо кардаанд.
Ҳамкасбони азиз!
Бори дигар Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилиро ба ҳамаи собиқадорон ва кормандони имрӯзаи соҳа самимона табрик гуфта, барои ҳамагон сиҳатмандиву умри бардавом, саодату хушбахтӣ ва аз ҳама муҳим фазои орому осоиштаро дар кишвари азизамон Тоҷикистон орзу намуда, дар фаъолияти пурифтихори шумо комёбиҳо таманно дорам.
Итминон дорам, ки дар амалӣ намудани вазифаи ба зимаи мо гузошташуда, яъне табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитии минтақа, зиёд намудани ҳиссаи соҳа дар ММД, афзоиш додани содироти бор ва ба ин васила рушди иқтисодиёти кишвар ҳамаи нақлиётчиён софдилонаву содиқона саҳми босазо хоҳанд гузошт.
Идатон муборак, ҳамкорон ва ҳамкасбони арҷманд!