Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

САФАРИ ДАВЛАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Тоҷикистон ва Муғулистон ба мувофиқа расиданд ки ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт рушд диҳанд

Санаи нашр: 22-07-2026 Просмотрено: 3495

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20-22 июл ба Муғулистон  сафари давлатӣ анҷом доданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад.

Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, уҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон рӯзи 20 июл дар Улан-Батор маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардид.

 21 июл дар майдони марказии шаҳри Улан-Батори Муғулистон, ки ба ифтихори сафари давлатии меҳмони олӣ ба таври идона оро дода шуда буд, маросими ботантанаи пазироии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух самимона истиқбол намуда, ба  болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.

Маросими  истиқбол бо гузориши командири  Қаровули фахрӣ ба меҳмони  воломақом,  садо додани  сурудҳои миллии ду кишвар, гузариши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз назди сафи  Қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба парчами давлатии Муғулистон, муаррифии ҳайатҳои расмии ду ҷониб ва гузариши ҷузъу томҳои  Қаровули фахрӣ бо марши тантанавӣ дар назди сарони ду давлат идома ёфт.

Ҳамчунин ба ифтихори ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.

Сипас сарони давлатҳо музокироти расмӣ доир карданд, ки дар ҷараёни он вазъ ва дурнамои   густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва фарҳанг баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо инчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.

Ба Муғулистони дӯст барои дастгирии ташаббуси Тоҷикистон дар бораи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» эълон кардани солҳои 2027-2036, инчунин дигар ташаббусҳои байналмилалии кишвари мо, пеш аз ҳама, дар соҳаи об ва иқлим, изҳори сипос карда шуд.

Дар робита ба ин, аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкории ду давлат дар доираи Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, махсус таъкид гардид.

Ҷонибҳо имзои Протоколи ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистонро ҳамчун қадами муҳим дар роҳи густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ карданд.

Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон маросими имзои ҳуҷҷатҳои нави дуҷониба дар бораи ҳамкорӣ баргузор гардид. Сараввал Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух дар бораи густариш ва рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон қабул ва эълон карда шуд.

Сипас, дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо 12 санади дуҷониба, аз ҷумла,  Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ ба имзо расиданд.    Дар зери созишнома Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири нақлиёт ва роҳҳои автомобилгарди Муғулистон Борхуугин Делгерсайхон имзо гузоштанд.

Тавре ки дар муқаддимаи ин санад зикр шудааст, созишнома «бо мақсади рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар; ҳифзи муҳити зист ва таъмини  бехатарии нақлиётӣ дар асоси талош барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти байналмилалии автомобилӣ ба имзо расид». Муқаррароти он нисбат ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо байни тарафҳои аҳдкунанда ва транзит тавассути ҳудуди онҳо, инчунин аз/ба кишварҳои сеюм, ки аз ҷониби интиқолдиҳандагон ва воситаҳои нақлиёти дар ҳудуди давлати яке аз тарафҳои аҳдкунанда бақайдгирифта анҷом меёбанд, татбиқ мегардад».

Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир Муғулистон ҳамкориро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолона тақвият медиҳад. Дар ин раванд яке аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ соҳаи нақлиётӣ-логистикӣ, аз ҷумла рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ ва таъсиси долонҳои  нави транзитӣ боқӣ мемонад.

Дар сатҳи минтақавӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Муғулистон метавонад дар доираи барномаи CAREC ва дигар форматҳои бисёрҷониба рушд ёбад, ки дар онҳо ҳарду кишвар дар муҳокимаи масъалаҳои нақлиёт, энергетика, инфрасохтор ва рушди устувор иштирок мекунанд.