Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июли соли 2026 Суҳроб Ёқубзода муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Имрӯз дар маҷлиси васеи вазорат муовини нави Вазири нақлиёт муаррифӣ карда шуд.
17 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳои ҳайати роҳбарӣ дар вазорату идораҳои соҳаҳои бонкдорӣ, маориф, илм, нақлиёт, энергетика, гумрук ва нафақа пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибихтисос, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотӣ-истеҳсолӣ муовинони роҳбарони вазорату идораҳои бахшҳои номбурда доир ба рақамикунонии истеҳсолот ва технологияи муосири рақамӣ таъин гардиданд.
Аз ҷумла Суҳроб Ёқубзода муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншударо ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон ва бо дасту дили пок иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ҳидоят намуданд.
17 июл Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба максъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода дар маҷлиси васеи Вазорати нақлиёт Ёқубзода Суҳробро ба ҳайси муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуд.
***
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 17 июли соли 2026 №471 ш. Душанбе
Дар бораи муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ёқубзода С.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ёқубзода Суҳроб муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
***
МАЪЛУМОТНОМА
Ёқубзода Суҳроб 10 январи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллул шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 2023 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва соли 2015 магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст. Донишҷӯи маълумоти дуюми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ аз рӯи ихтисоси таъминоти программавии техникии ҳисоббарор ва системаҳои автоматӣ ва идоракурии давлатӣ мебошад.
Ёқубзода Суҳроб дар вазифаҳои зерин кор кардааст:
Солҳои 2004 - 2005 – мутахасситси пешбари Хадамоти корҳои дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти ҶТ;
2005 - 2012 – сардори шуъбаи иттилоот ва комммуникатсияи Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти ҶТ;
2012 - 2021 – сардори шуъбаи иттилооти Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодии Вазорати нақлиёти ҶТ;
2021-2023 – муовини сардори раёсат- сардори Шуъбаи рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёти Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодии Вазорати нақлиёти ҶТ;
Аз феврати соли 2023 то ҳоло – Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикуонии соҳаи нақлиёт» - и Вазорати нақлиёти ҶТ.
Забонҳои русӣ в англисиро медонад.
Соли 2024 Ёқубзода Суҳроб бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.