Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ШАҲРНИШИНӢ (УРБАНИЗАТСИЯ) – ЯКЕ АЗ ОМИЛҲОИ ТАМБАШАВИИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ. Дар ин бора дар гузориши нави Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гуфта шудааст

Санаи нашр: 17-07-2026 Просмотрено: 2847

Шаҳрнишинӣ (урбанизатсия) яке аз омилҳои таъсигузор ба тамбашавӣ дар роҳҳо мебошад. Дар ин бора дар гузориши нави Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар бораи раванди ҷаҳонии шаҳрнишинӣ (урбанизатсия) ва тамоюлҳои калидӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ гуфта шудааст. Ин гузориш 19 ноябри соли 2025 нашр шудааст.

Ёдовар мешавем, ки урбанизатсия раванди афзоиши шумораи аҳолии шаҳр ва болоравии нақши шаҳрҳо дар ҳаёти ҷомеа мебошад. Ба ибораи оддӣ, урбанизатсия ҳаракати шумораи бештари одамон аз деҳот ба шаҳрҳо барои зиндагӣ, кор ва сохтани ояндаи худ  мебошад.

Раванди мазкур на танҳо густариши физикии шаҳрҳо (сохтмони маҳаллаҳои нав, роҳҳо, корхонаҳо), балки тағйироти амиқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро низ дар бар мегирад.

Ба гуфтаи З. Н. Галич (ходими илмии Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Зоя Галич):  «Урбанизатсия барои ҳар як давлат раванди ногузир аст, он дар тамоми ҷаҳон рух медиҳад. Гузашта аз ин, он яке аз шартҳои ҳатмии рушд аст. Ҳар қадаре, ки дар шаҳр одамони серкор зиёд бошанд, рушди иқтисодӣ ҳамон қадар баландтар мешавад».

«Урбанизатсия яке аз муҳимтарин тағйироти демографӣ дар таърихи инсоният аст, ки тарзи зиндагӣ, кор ва ташаккули ҷомеаҳоро ба куллӣ дигаргун месозад», – омадааст дар гузориши Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ.  Зикр карда карда мешавад, ки дар миёнаи асри гузашта дар шаҳрҳо танҳо 20 фоизи аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекарданд, дар ҳоле, ки имрӯз ин нишондиҳанда 45 фоизи шумораи умумии сокинони сайёраро, ки аллакай ба 8,2 миллиард расидааст, ташкил медиҳад.

Дар айни замон, муаллифони тадқиқот изҳори итминон кардаанд, ки раванди урбанизатсия  дар оянда  рӯ ба коҳиш хоҳад овард.

Бино ба ақидаи муҳаққиқони СММ, урбанизатсия «фоидаи назаррас дорад, аммо ҳамзамон мушкилоти возеҳро низ ба вуҷуд меорад. Дар қатори ҷанбаҳои мусбати он рушди иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустӣ ва инфрасохтор барои шумораи бештари одамонро метавон ном бурд. Шаҳрҳо тавассути тамаркузи захираҳо ва мутахассисон навовариро ҳавасманд мекунанд ва ҳосилнокиро баланд мебардоранд. Дар баробари ин, афзоиши босуръати аҳолӣ оқибатҳои манфӣ, аз ҷумла норасоии манзил, зиёд шудани  шумораи воситаҳои нақлиёт, тамбашавӣ дар  роҳҳо ва ифлосшавии муҳити атрофро ба вуҷуд меорад.

Чанде пеш шаҳри Истамбули Туркия  дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирифт – ин дафъа бо сабаби вазъияти шадиди нақлиётӣ. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии Kazinform хабар медиҳад. Тибқи таҳқиқоти нави ширкати таҳлилии Inrix, шаҳр дар рейтинги ҷаҳонӣ дар сатҳи бандшавии роҳҳо  ба ҷои авввал баромад ва аз метрополияҳои Ню-Йорк, Чикаго, Мехико ва Лондон пеш гузашт.

Тибқи гузориш, ҳар як сокини Истамбул ҳамасола тақрибан 105 соатро дар  роҳ аз даст медиҳад. Барои шаҳре, ки аҳолии он аз 20 миллион нафар зиёд шудааст, мушкилоти боркашонии нақлиёт яке аз  масоили ҳалталаб боқӣ мемонад. Коршиносон зикр мекунанд, ки танҳо дар як соли охир вазъ 15% бадтар шуд, ки ин яке аз ҷаҳишҳои назаррас дар байни шаҳрҳои ҷаҳон  мебошад.

Тадқиқот 900 шаҳрро дар 37 кишвар фаро гирифтааст, ки ин раддабандиро низ  ба яке аз калонтарин  дар ҷаҳон табдил додааст. Пештар, дар соли 2024, ҷои аввалро Чикагои Амрико ишғол мекард. Коршиносон бар ин назаранд, ки сатҳи баланди сарбории роҳҳо дар Истамбул бо суръати баланди шаҳрсозӣ, инфрасохтори роҳҳо ва мавқеи беназири ҷуғрофии шаҳр, ки онро Босфор ба ду қитъа — Осиё ва Аврупо тақсим кардааст, алоқаманд аст.

Ҳамин тавр, урбанизатсия яке аз омилҳое мебошад, ки ба шиддати ҳаракат ва  тамбашавӣ дар роҳҳои автомобилгард мусоидат мекунад. Афзоиши шаҳрҳо,  зиёдшавии нуфуси аҳолӣ ва  васеъшавии ҳудудҳо талаботро ба нақлиёт зиёд мекунанд, ки ин боиси сарбории инфрасохтори роҳ мегардад. Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи аҳолии мамлакат аз 5,5 миллион нафар то 10,6 миллион нафар, яъне зиёда аз ду баробар афзудааст.

 Ба ҳолати 1 январи соли 1991 дар Душанбе 584,3 ҳазор нафар зиндагӣ мекарданд, ҳоло шумораи аҳолии пойтахт аз 1,2 миллион нафар  бештар аст.

Гузашта аз ин, тибқи рақамҳои пешакии  Раёсати омори демографӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзоиши табиии аҳолӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  ба андозаи 2 фоиз афзуда, ба 98,9 ҳазор нафар ё 18,8 нафар ба 1000 нафар  аҳолӣ баробар гардидааст.

Хотиррасон мешавем, ки тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 1 то 31 октябри соли 2030 дар кишвар барӯихатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил доир карда мешавад.    

Қаблан бо истинод ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ хабар дода шуда буд, ки афзоиши бештари аҳолӣ дар байни ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар 30 соли баъди ба даст овардани истиқлолият дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ки  76,6%-ро ташкил медиҳад. 

Бино ба  пешгӯии СММ, то соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 миллион нафар зиед хоҳад шуд, аз ҷумла шумораи аҳолии Тоҷикистон ба 14,5 миллион нафар мерасад.

Мутобиқи гузориши Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, Тоҷикистон гузаришро ба модели шаҳрӣ суръат мебахшад: то миёнаи аср қариб 9 нафар аз 10 сокини кишвар шаҳрвандон хоҳанд шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои зудурбанизатсияшавандаи Осиёи Марказӣ мебошад. Аллакай дар соли 2025 беш аз 51% аҳолии кишвар дар шаҳрҳои хурд ва шаҳракҳои намуди шаҳрӣ ва 33,3% дар шаҳрҳои калон зиндагӣ  хоҳанд кард.

Тадқиқот нишон медиҳад, ки кишварҳои минтақа фаъолона ба модели рушди шаҳр мегузаранд ва ин раванд дар даҳсолаҳои оянда тақвият хоҳад ёфт.

Албатта, тамаркузи зиёди одамон дар шаҳрҳо боиси зиёд шудани талабот ба хизматрасониҳои нақлиётӣ мегардад.

Чор сол пеш, 21 декабри соли 2021, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳор доштанд: «Соли 1991 дар қаламрави Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини хусусии сабукрав ба қайд гирифта шуда буд. Танҳо дар 20 соли охир ба кишвар зиёда аз 730 ҳазор адад мошинҳои сабукрав ва беш аз 875 ҳазор адад воситаҳои нақлиёт ва дигар техникаҳо барои истифодаи бахши хусусӣ ворид карда шуданд, зиёда аз 320 ҳазор адад воситаҳои нақлиёт ва дигар техникаи таъиноти гуногун хусусӣ гардонида шуданд, яъне аҳолии кишвар дар даврони истиқлолият соҳиби зиёда аз 2 миллион адад воситаи нақлиёти шахсӣ  гардиданд».

Табиист, ки ин нишондиҳандаи афзоиши аҳолӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ мебошад, ки дар ниҳоят ба роҳҳои аллакай серҳаракат, ки дар замони  гузашта барои чунин ҳаҷми нақлиёт тарҳрезӣ нашуда буданд, бори иловагӣ меорад.

Аз ин рӯ, бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Вазорати нақлиёт, дигар вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода шудаанд, роҳҳои нави автомобилӣ, пулҳо, нақбҳо, эстакадаҳо, таваққуфгоҳҳо, ки ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқанд, сохта шуда, роҳҳои мавҷудаи дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ таҷдид ва васеъ карда мешаванд. Шабакаи ягонаи назорати рақамии ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъсис дода шудааст.

Тавре Сарвари давлат дар Паеми худ ба Парлумони кишвар 28 декабри соли 2023  иброз намудакнд, солҳои наздик дар Душанбе 40 километр роҳҳои автомобилгард бо 7 эстакада бо арзиши умумии беш аз 3 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

Ҳамаи ин тадбирҳо ба коҳиш додани  тамбашавии воситаҳои нақлиёт, баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва беҳтар сохтани сифати зиндагии аҳолӣ нигаронида шудаанд.