Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Тоҷикистон андоз аз баъзе воситаҳои нақлиёт меафзояд

Санаи нашр: 15-07-2026 Просмотрено: 3297

Мо  чопи маводҳоро дар  бахши «Маърифати ҳуқуқӣ» идома медиҳем. Дар зер маълумот оид ба тағйирот дар Кодекси андози ҶТ вобаста ба воситаҳои нақлиёт пешкаш мегардад.

Дар Тоҷикистон ба Кодекси андоз тағйирот ворид карда мешавад. Тағйирот ба андоз аз воситаҳои нақлиёт, инчунин имтиёзҳои андоз ҳангоми таҳвил ва содироти намудҳои алоҳидаи маҳсулот  таъситр мерасонад.

Қонуни дахлдор 16 июни соли 2026 дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ баррасӣ ва тасдиқ карда шуд. Дар ин бора 18 июн рӯзномаи парлумонии «Садои мардумӣ» хабар дод.

Қонун тағйир додани меъёрҳои андоз аз воситаҳои нақлиётро пешбинӣ мекунад. Тавре дар суханронии худ дар иҷлосия Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ оид ба иқтисод ва коммуникатсия Давлаталӣ Саид шарҳ дод, меъёрҳои нав ба категорияҳои алоҳидаи воситаҳои нақлиёт дахл доранд.

Тибқи тағйирот меъёри андоз барои мошинҳои сабукрав бо иқтидори то 350 қувваи асп 20 фоизи нишондиҳандаро барои ҳисобҳо  барои ҳар як қувваи асп, барои мошинҳои дорои  зиёда аз 350 қувваи асп 30 фоизро ташкил медиҳад.

Барои автобусҳо ва микроавтобусҳо меъёр дар сатҳи 20% муқаррар карда мешавад.

Ҳамин тариқ, бори андоз пеш аз ҳама барои соҳибони мошинҳои сабукрав ва нақлиёти мусофирбар зиёд мешавад.

Ба гуфтаи Давлаталӣ Саид, тағирот ба коҳиш додани таъсири омили инсонӣ дар ҳисоб ва ситонидани андоз, инчунин баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии маъмурияти андоз нигаронида шудааст.

ДАР БОРАИ АҲАМИЯТИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ  

 Маърифат (ё саводнокии)  ҳуқуқӣ гарави риояи қонун, амният, адолат, оромӣ ва эътимод, самаранокии кор ва рушд мебошад. Аз ин рӯ, соли 2024 дар кишвари мо Соли  маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шуд. Ташаббуси мазкурро бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 пешниҳод намуданд.

Дар доираи ин ташаббус дар вазорату идораҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои кишвар мизҳои мудаввар, конфронсҳо, семинарҳо ва тадобири дигар   бо иштироки садҳо ҳазор шаҳрвандон баргузор гардиданд. Мақсад – баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими волоияти қонун, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ва мусоидат ба иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад.

12 декабри соли 2025  Маҷмаи  СММ дар иҷлосияи 80-уми худ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона қатъномаро дар бораи Соли байналмилалии  маърифати ҳуқуқӣ эълон кардани соли 2027 қабул намуд. Пешниҳодро дар ҷараёни мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 80-уми СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд. Сарвари давлати мо хабар доданд, ки соли 2024  дар Тоҷикистон Соли  маърифати  ҳуқуқӣ эълон шуда буд ва пешниҳод карданд, ки таҷрибаи Тоҷикистон ба арсаи байналмилалӣ  бароварда шавад.

Дар қатъномаи СММ таъкид шудааст, ки саводнокии ҳуқуқӣ асоси таъмини адолат, идоракунии самаранок ва сулҳи пойдор мебошад. Инчунин дар ҳуҷҷат нақши калидии  маърифати ҳуқуқӣ дар  ҳимояи ҳуқуқи инсон, тавсеа бахшидани иштироки ҷомеа ва таъмини дастрасӣ ба адолат эътироф карда мешавад.

Ҳадафҳои Соли байналмилалии  маърифати ҳуқуқӣ чунин баён гардидаанд:

- сафарбар кардани кӯшишҳои ҷаҳонӣ барои пешбурди ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи маорифи ҳуқуқӣ;

- ворид намудани таҳқиқоти ҳуқуқӣ ба барномаҳои мактабҳо ва таълимоти касбӣ;

- таҳкими дастрасӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ, махсусан барои занон, кӯдакон ва шахсони осебпазир; - дастгирии ташаббусҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва лоиҳаҳои қишри поёни ҷомеа дар соҳаи маърифати ҳуқуқӣ;

- ҳавасмандгардонии ҳамкорӣ байни сохторҳои СММ, давлатҳои аъзо, муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои табодули таҷрибаи пешқадам.

Интизор меравад, ки ин ташаббус дар татбиқи пурраи ҳуқуқи инсон ва таҳкими волоияти ҳуқуқ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ саҳми назаррас гузорад.