Дар семоҳаи дуюми соли 2026 Бахши аудити дохилии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 18 муассиса ва корхонаи тобеи вазорат санҷишҳо доир кард. Маълум гашт, ки хароҷоти баъзеи онҳо аз даромадашон бештар аст.
Дар натиҷаи санҷишҳо зарари умумии молиявӣ ба маблағи 42208,0 сомонӣ ошкор карда шуд.
Маълум гардид, ки талафоти молиявӣ, аз ҷумла, аз ҳисоби музди меҳнат – 3831,0 сомонӣ, хароҷоти роҳ – 3646,0 сомонӣ, зиёд будани сарфи сӯзишворӣ – 18767,0 сомонӣ, изофапулӣ дар сохтмон – 13683,0 сомонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағ – 2281,0 сомонӣ ба вуҷуд омадааст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз маблағи зарари умумии молиявӣ ба буҷети муассисаву корхонаҳои тобеи вазорат 35098,0 сомонӣ ҷуброн карда шуд, ки 83 фоизро ташкил медиҳад.
Аудиторҳо бо кормандони масъули ин сохторҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд, то дар мӯҳлатҳои муайяншуда қисми боқимондаи зарарро ҷуброн кунанд ва минбаъд ба такрори камбудиҳои зикршуда роҳ надиҳанд.
Ҳадафи аудити дохилӣ на ёфтани гунаҳкорон, балки кӯмак ба роҳбарият дар қабули қарорҳои огоҳонаи идоракунӣ, коҳиш додани хатарҳо ва баланд бардоштани самаранокии кор мебошад.
Бахши аудити дохилии Вазорати нақлиёти ҶумҳурииТоҷикистон фаъолияти худро тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» таҳти № 631 аз 21 июли соли 2010, Стратегияи рушди назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 , инчунин нақшаи тасдиқшудаи корӣ ва супоришҳои роҳбарияти Вазорат амалӣ менамояд.
Қобили зикр аст, ки назорат яке аз самтҳои асосии идоракунии давлатӣ маҳсуб меёбад ва аудити дохилӣ ҷузъи ин назорат ҳисобида мешавад. Аудити дохилӣ як қатор вазифаҳои муҳимро иҷро мекунад, ки ба баланд бардоштани самаранокӣ, шаффофият ва ҳисоботдиҳии кори дастгоҳи давлатӣ равона карда шудаанд.