Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2026 ҳамоҳангсози Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (LLDC) интихоб гардид. Кишвари мо фаъолияти Гурӯҳро дар давоми як сол ҳамоҳанг хоҳад кард.
Интихоби ҳамоҳангсоз 22 июни соли 2026 дар Женева (Швейтсария), дар ҷаласаи сатҳи сафирони ин Гурӯҳ баргузор шуд.
Дар ҷаласа Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода иштирок ва суханронӣ намуд. Вай ҷанбаҳои марбут ба аҳамияти сиёсати тиҷоратӣ, рушди системаҳои транзитӣ, инфрасохтор, робитаи минтақавӣ ва инчунин татбиқи Барномаи амалиёти Авазаро зикр кард.
Мақсад ва вазифаҳои ин Гурӯҳ аз рафъи маҳдудиятҳои логистикӣ, рушди долонҳои якҷояи нақлиётӣ ва марказҳои логистикӣ, аз ҷумла «бандарҳои хушк», ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ барои суръат бахшидан ва арзон кардани хизматрасонии нақлиётӣ, таҳкими ҳамкориҳo дар ин самт бо кишварҳои ҳамсоя иборатанд.
Акнун Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми як сол талошҳои аъзои ин Гурӯҳро ҳамоҳанг хоҳад кард, то ҳама ба сӯи ҳадафи умумӣ ба таври муташаккилона ва бидуни хароҷоти зиёдатӣ ҳаракат кунанд.
Қаблан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, таъкид доштанд, ки мавқеи ҷуғрофии ин давлатҳо мушкилоти онҳоро ба миён меорад.
Сарвари давлати Тоҷикистон зарурати амалисозии татбирҳои муассирро оид ба таъмини рушди устувор, рафъи мушкилоти марбут ба маҳдудиятҳои логистикӣ-транзитӣ ва инфрасохторӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи энергетика, инчунин сохтмони дигар иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ барои кишварҳои маҳсур дар хушкиро таъкид намуданд.
Интизор меравад, ки интихоби Тоҷикистон ба ҳайси ҳамоҳангсоз ба таҳкими нуфузи байналмилалии кишвар, пешбурди манфиатҳои миллӣ, рушди иқтидори нақлиётӣ ва транзитӣ, инчунин густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд.
«Тоҷикистон, ки дар маркази Осиёи Марказӣ воқеъ аст, дар назди худ ҳадаф гузоштааст, ки ба як маркази боэътимоди транзитии минтақа табдил ёбад», – изҳор дошт Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим 7 августи соли 2025 зимни суханронӣ дар ҷаласаи мувозии «Нақлиёти устувор барои LLDC: потенсиали ҳамкории “Ҷануб-Ҷануб”» дар доираи Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ, ки аз 5 то 8 августи соли гузашта дар минтақаи миллии сайёҳии «Аваза» (Туркманистон).баргузор шуд.
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта дар ҷаласаи гурӯҳи кории Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) 9 терминали нақлиётӣ ва марказҳои логистикии кишваррро барои дохил намудан ба рӯйхати «бандарҳои хушк»-и дорои аҳамияти байналмилалӣ пешниҳод намуд.
Ба Гуруҳи кишварҳои маҳсур дар хушкӣ (LLDC Landlocked Developing Countries), 32 давлат дохил мешаванд: Озарбойҷон, Арманистон, Афғонистон, Боливия, Ботсвана, Буркина - Фасо, Бурунди, Бутон, Замбия, Зимбабве, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаос, Лесото, Малави, Мали, Муғулистон, Непал, Нигер, Парагвай, Молдова, Руанда, Македонияи Шимолӣ, Тоҷикистон, Туркманистон, Уганда, Узбекистон, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Чад, Эсватини, Эфиопия ва Судони Ҷанубӣ.
Гурӯҳ кишварҳоеро муттаҳид сохтааст, ки бо набудани дастрасии ҳудудӣ ба соҳил, ҷудоӣ аз бозорҳои ҷаҳонӣ ва хароҷоти баланди тиҷоратӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ки ба рушди онҳо монеаи ҷиддӣ эҷод мекунанд.
Онҳо маҷбур мешаванд, ки барои дастрасӣ ба бозорҳои байналмилалӣ ба кишварҳои транзитӣ такя кунанд. Ин ба афзоиши хароҷоти нақлиёт, зиёд шудани мӯҳлати интиқол ва вобастагӣ аз суботи сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои дигар боис мегардад.
Дар натиҷа, сатҳи нокифояи сармоягузории мустақими хориҷӣ, содироти маҳдуд ва сустшавии рушди иқтисодӣ ба назар мерасад.
Ғайр аз мушкилоти умумии кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ин кишварҳо вобаста ба чуғрофияи худ харҷоти зиёд мекунанд. Ба ҳисоби миёна, онҳо аз хароҷоти шабеҳи давлатҳои ҳамсоя ду баробар зиёданд.