Дар шаш моҳи соли ҷорӣ тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёт беш аз 76 миллион тонна бор ва зиёда аз 552 миллион мусофир интиқол дода шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 14 ва 8 фоиз зиёд аст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири наклиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Нишасти матбуотӣ дар вазорат имрӯз тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мутибиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 бо иштироки роҳбарияти вазорат, сардорони раёсату шуъбаҳои он, роҳбарони идораю муассисаҳои тобеи вазорат ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Дар нишаст муовини Сардораи Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Раҳимзода ширкат варзид.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иттилоъ дод, ки раванди афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва мусофирбарӣ, ки нишондиҳандаҳои калидии фаъолияти соҳа маҳсуб меёбанд, мушоҳида мешавад. Бино ба гуфтаи ӯ, тайи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ тавассути ҳама намудҳои нақлиёт беш аз 76 миллион тонна бор бо гардиши 8 миллиард тонна-километр ва зиёда аз 552 миллион мусофир бо гардиши 8,2 миллиард мусофир интиқол дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта боркашонӣ беш аз 14 фоиз, гардиши бор зиёда аз 17 фоиз, мусофирбарӣ 8 фоиз ва гардиши мусофирон 9,1фоиз зиёд мебошад.
Гуфта шуд, ки ҳамлу нақли 94,7% борҳо ва 97,5% мусофирон дар ҷумҳурӣ бо нақлиёти автомобилӣ сурат мегирад. Зиёда аз 31,6% (22 млн. 946,1 ҳазор тонна) боркашонӣ ва наздик ба 97,3% (537 млн. 182,9 ҳазор мусофир) мусофирон тавассути нақлиёти автомобилии системаи вазорат интиқол дода шудаанд.
Дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби 24 нафар намояндагони ВАО 26 савол, аз ҷумла оид ба сохтмони метро дар шаҳри Душанбе, татбиқи лоиҳаҳои сохтмону навсозии роҳу пулҳои автомобилгарди «Лабиҷар – Қалъаихум», «Қалъаихум – Ванҷ – даромадгоҳи Рӯшон», «Рӯшон – Варшез», таъмири роҳҳои маҳаллӣ, тахфиф дар қатораи боркашонӣ, бунёди роҳҳои оҳани фаромарзӣ, марказҳои логистикӣ, нархи чипта дар қатораи мусофирбарии «Душанбе – Москва», фаъолияти таксиҳо ва ғайра пешниҳод карда, ба хама пурсишҳо посухҳои мушаххас дода шуданд.