Дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ, ИБНА (International Road Transport Union, IRU) Умберто де Претто зиёда аз 30 сол аст, ки дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ кор мекунад. Дар арафаи интиқоли роҳбарӣ ба вориси худ, ӯ дар бораи ин се даҳсолаи соҳа нақл кард. Андешаҳои ӯ 19 июни соли 2026 дар сомонаи ИБНА WWW.IRU.ORG чоп шудаанд.
Вақте Умберто де Претто соли 1995 ба ИБНА ба кор омад, ӯ мутахассиси соҳаи нақлиёти автомобилӣ набуд. Пеш аз ин, ӯ асосан аввал ҳамчун ёвар оид ба қонунгузорӣ дар Палатаи ҷамоатҳои Канада дар Оттава ва сипас ба ҳайси муовини директори Палатаи байналмилалии савдо дар Париж кор мекард.
«Ман ба ин соҳа бо нигоҳи хеле соддалавҳона омада будам», — ба ёд меорад ӯ. — Чаро борҳоро ба масофаи дур бо мошини боркаш бояд интиқол диҳед? Гиред ба чизи дигаре бор кунед!».
Аммо дере нагузашта ин ақидаи ӯ тағйир ёфт.
Вай аз имконоти интиқоли ба қавле «аз дар ба дар» ва чандирии (осебнопазир будани) соҳа ба ваҷд омад. Нақлиёти автомобилӣ танҳо яке аз чандин гузина набуд. Дар бисёр ҳолатҳо, он ягона роҳи ҳалли имконпазир боқӣ монд. Одамон аз мошинҳои боркаш, автобусҳо ва таксиҳо вобастаанд, ки метавонанд тавассути онҳо ба ҷое расанд, ки дигар намуди нақлиет рафта наметавонад.
«Вазифаи мо аз он иборат аст, ки ба дигарон дар ин бора нақл кунем ва шароити воқеии кори нақлиёти автомобилӣро шарҳ диҳем, — изҳор медорад ӯ. -— Барои ин, шумо бояд бо забоне сухан гӯед, ки барои одамони касбу кори гуногун, намояндагони мақомот, мутахассисони соҳа, ВАО ва муштариёни оддӣ фаҳмост: дар бораи иқтисод, интихоб, пул, ҷойҳои корӣ, бехатарӣ, устуворӣ ва далелҳои мушаххасе, ки афзарияти ҳамлу нақли автомобилиро ба таври возеҳ нишон диҳанд. На танҳо дар бораи он чизе, ки барои соҳа хуб аст, балки дар бораи ҳами он чизе, ки ба манфиати ҷомеа бошад».
ҚОҒАЗ, ҚОҒАЗ, ҚОҒАЗ...
Дар 30 соли охир соҳа ба таври назаррас тағйир ёфт. Яке аз равандҳои калидӣ, вале ҳанӯз ҳам давомдор рақамисозӣ маҳсуб мешавад
Дар миёнаи солҳои 1990-ум нақлиёти автомобилӣ ҳанӯз ба ҳуҷҷатҳои коғазӣ асос ефта буд. «Камтар аз 20% ширкатҳо почтаи электронӣ доштанд. Ҳатто ИБНА то соли 1995 почтаи электронӣ надошт», – гуфт Умберто де Претто.
Имрӯз вазъ дигар шудааст. Операторҳо технологияи навро барои идоракунии паркҳо, пайгирии воситаҳои нақлиёт, назорати кори ронандагон ва баланд бардоштани самаранокии амалиёт истифода мебаранд.
Аммо ин раванд нобаробар пеш мерафт. Дар соҳа корхонаҳои хурду миёна (КХМ) бартарӣ доранд. Ин осебнопазириро таъмин мекунад, аммо баъзан пешрафтро душвор мегардонад.
«Ҳеҷ як бахши дигари нақлиёт мисли мо пароканда нест», – мегӯяд Умберто де Претто ба ҳиссаи бештари КХМ дар соҳа ишора карда.
Маҳз ин парокандагӣ мефаҳмонад, ки чаро баъзе тағиротҳо тӯл мекашанд. Борхатҳои электронии нақлиётӣ, имзоҳои рақамӣ ва мошинҳои мустақилу сайёр нисбатан сусттар рушд мекунанд. Технология метавонад вуҷуд дошта бошад, аммо бозор бояд онро қабул кунад. Барои бисёре аз соҳибони ширкатҳои хурд манфиатҳо на ҳамеша равшан ё фаврӣ мебошанд, чӣ расад ба мавҷудияти чунин қарорҳо. Бо ҳиссаи КХМ дар сатҳи ҳамагӣ 1-3% сармоягузорӣ ба технологияҳои нав мушкилоти ҷиддӣ мегардад.
Намунаи хуб eCMR аст. Имзоҳои электронӣ аллакай дар аввали солҳои 1990-ум дар варақаҳои авиатсионӣ истифода мешуданд. Бо вуҷуди ин, экосистемаи нақлиёти автомобилӣ – интиқолдиҳандагон, мизоҷон, таъминкунандагон ва танзимгарон – пас аз даҳсолаҳо, ҳанӯз ҳам кӯшиш мекунад, ки муносибати ягона ба имзоҳои рақамиро таҳия кунад, гарчанде, ки протоколи eCMR ҳанӯз соли 2008 мувофиқа карда шуда буд.
ОҚИБАТИ КОҲИШ ДОДАНИ НАЗОРАТ
Коҳиш додани назорати давлатӣ боз як раванди муҳими 30 соли охир буд, аммо дар Амрикои Шимолӣ ва Аврупо натиҷаҳои комилан гуногун ба бор овард. Он дар ИМА ба бетартибӣ ба муттаҳидшавии соҳа ва пайдоиши ширкатҳои бузурги нақлиётӣ мусоидат кард. Дар Аврупо ин раванд ба таври дигар рушд намуд. Бозигарони калон бештар гурӯҳҳои логистикии мултимодалӣ е ширкатҳои экспедиторӣ буданд. Корхонаҳои сирф нақлиётӣ дар маҷмӯъ имрӯз нисбат ба он замоне, ки Умберто де Претто дар ИБНА ба кор шурӯъ кард, хурдтар боқӣ мемонанд.
«Дар ИА ба пояи як оператори хурди нақлиёт расидан хеле осон аст, ҳатто агар шахс барои пешбурди тиҷорат таҷриба ва дониши кофӣ надошта бошад, – гуфт ӯ. – Истифода карда тавонистана асбобу таҷҳизот шуморо ҳанӯз соҳибкори хуб намекунад. Агар як малакаи истифодаи асбоб кофӣ мебуд, пас аксарияти мо, бо як шаҳодатномаи ронандагӣ, метавонистем фардо, барои мисол, хадамоти таксии худро кушоем. Шумо мефаҳмед, ки ман дар бораи чӣ ҳарф мезанам?»
Ин аҳамияти калон дорад. Набудани дониши соҳибкорӣ метавонад ба демпинг, афзоиши хатарҳо ва тадриҷан паст шудани ҷолибияти касб оварда расонад.
«Одамон метавонанд бо сармояи ҳадди аққал, мошинҳои иҷора ва дониши маҳдуди тиҷоратӣ ба бозор ворид шаванд. Аммо шароити пешбурди тиҷорат душвор боқӣ мемонад, алахусус дар заминаи талабот ва технологияҳои доимо тағйиребанда. Мо бояд шароит фароҳам орем, ки операторони сатҳи гуногун на танҳо қобилияти идоракунии воситаҳои нақлиёт, балки инчунин малакаҳои идоракунии тиҷоратро дошта бошанд», - афзуд Претто.
Ба ақидаи ӯ, дар нақлиёти автомобилӣ ҳоло ҳам имкониятҳои рушд мавҷуданд. Аммо онҳо аз дониш, ҷуғрофия ва стратегия вобастаанд. Вақте аз ӯ пурсиданд, ки агар писаронаш мехостанд дар ин соҳа кор кунанд, ба онҳо чӣ маслиҳат медод, ӯ гуфт, тавсия медиҳад, ки аз паи ихтисоси мушаххас шаванд, технологияро фаъолона ба кор баранд ё дониши худро дар минтақаҳое истифода кунанд, ки тавонанд боиси рушд гарданд.
ЧОЛИШҲОИ МАВҶУДА
Баъзе мушкилот, ҳадди аққал дар сатҳи сиёсӣ, ҷиддитар қабул карда шуданд. Таваққуфгоҳҳои бехатар барои мошинҳои боркаш замоне як мушкили ҷиддӣ буданд, ки қариб ҳеҷ кас ба он таваҷҷӯҳ намекард.
«Имрӯз мушкилот ҳанӯз аз ҳалли масъала дур аст, аммо ба ҳар сурат вай эътироф карда мешавад, – таъкид кард Умберто де Прето. – Ҳукуматҳо мефаҳманд, ки ронандагон ба ҷойҳои бехатар барои истироҳат ниёз доранд, агар онҳо интизори риояи меъерҳои иҷтимоӣ ва бехатарӣ дар роҳ бошанд».
Норасоии ронандагон боз як мушкили дигар аст. Имрӯз он намоёнтар шудааст, аммо нав нест. «Ҷалби одамон ба саноат ҳамеша душвор буд», – гуфт ӯ.
Танҳо фишор ба касб тағйир ёфт. Талабот ба ҳуҷҷатгузорӣ, тахографҳои зеҳнӣ, қоидаҳои меҳнат ва истироҳат. Як ронандаи собиқи мошини боркаш, ки сиёсатмадор шуд, боре ба ӯ гуфт, ки ҷолибияти касб камтар шудааст, зеро ИА онро пас аз ворид шудан ба соҳа аз ҳад зиёд танзим кард ва ҳамзамон дастрасии нисбатан осонро ба касб нигоҳ дошт.
РАҚИБОНИ СОБИҚ – ҲАМКОРОНИ КУНУНӢ
Муносибатҳо байни нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан баркамолтар шуданд. Сӣ сол пеш мубоҳисаҳо аксаран зиддияти ошкоро доштанд. «Қариб ҳар як конфронс дучори баҳс мешуд: нақлиёти автомобилӣ алайҳи роҳи оҳан», — ба ед меорад ӯ. Имрӯз вазъ тағйир ёфтааст. Нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан торафт бештар ҳамчун намудҳои якдигарро такмилдиҳандаи ҳамлу нақл баррасӣ карда мешаванд. Рақобати асосӣ танҳо барои маблағгузории инфрасохтор боқӣ мемонад. Саволи амалӣ дигар ин нест, ки кадом намуди нақлиёт бояд ғолиб ояд, балки савол ин аст, ки чӣ гуна бояд тамоми системаро самараноктар кард.
Ба гуфтаи Умберто де Претто, сармоягузориҳои оқилона омили асосӣ мебошанд. Нақлиёти роҳи оҳан метавонад бо нақлиёти автомобилӣ ҳангоми беҳтар кардани терминалҳо ва иқтидорҳои боркашонӣ самараноктар ҳамкорӣ кунад. Суръати боркунӣ, борфарорӣ ва пайвастҳои интермодалӣ аз шиорҳои баланд муҳимтар аст. Ва рақамисозӣ гузариши бефосила байни намудҳои гуногуни нақлиётро хеле осон мекунад.
ДАСТ РӮИ НАБЗ БОЯД НИГОҲ ДОШТ
Мусофиркашонӣ бо роҳи худ пеш рафт. Умберто де Прето яке аз муҳимтарин тағиротҳоро паҳншавии босуръати автобусҳои барқӣ дар батареяҳои аккумуляторӣ мешуморад. Сафарҳо барои мусофирон оромтар шудаанд.
Барои шаҳрҳо, барқикунонӣ нақлиёти ҷамъиятии бе ин ҳам самаранок, бехатар ва устуворро боз ҳам ҷолибтар кард.
Вай инчунин фарқиятҳои равандҳоро мекунад.
Операторони автобусҳо ва нақлиёти байнишаҳрӣ ба мизоҷон хеле наздиканд, зеро мусофирон ҷисман дар дохили воситаи нақлиёт қарор доранд. Онҳо хизматрасониро мебинанд, сифати онро эҳсос мекунанд ва фавран ба он вокуниш нишон медиҳанд.
МОРО ЧӢ ХЕЛ ҚАБУЛ МЕКУНАНД
Сӣ сол пеш ҷомеа аксаран соҳаро манфӣ қабул мекард. Имрӯз шумораи бештари одамон дарк мекунанд, ки нақлиёти автомобилӣ ва ронандагони он ҳаётан муҳиманд. Мо як қисми муҳими ҳалли мушкилот ҳастем, на танҳо манбаи мушкилот.
Дар Амрикои Шимолӣ, тавре ӯ зикр мекунад, симои ронандаи мошин аз қадим ба симои чӯпон ё сорбони (ковбойи) муосир» наздиктар аст. Дар Аврупо муносибат одатан камтар мусбат буд. Аммо дар ин ҷо низ вазъ тадриҷан тағйир меебад.
Пандемия ин равандро ба таври назаррас суръат бахшид.
«Ман фикр мекунам, ки COVID-19 ниҳоят чашми одамонро кушод, – мегӯяд Умберто де Прето. – Онҳо фаҳмиданд, ки маҳз нацлиётчиён рушди иқтисодиро таъмин мекунанд».
Ба гуфтаи ӯ, қобилияти соҳа барои вокуниш ба бӯҳронҳо яке аз сифатҳои қавии он мебошад.
«Дар давраи пандемия, офатҳои табиӣ ва ҷангҳо мо одамонро ҳамлу нақл мекунем ва молҳои ҳаётан муҳимро бо ҷои даркорӣ мерасонем. Бисёре аз операторон ин корро ихтиёрӣ ва бо ташаббуси худ иҷро мекунанд. Мушкилот ба миён ояд, онҳо дарҳол ҳозир мешаванд ва мегӯянд: “Ман мошини боркаш дорам. Ман автобус дорам. Чӣ кӯмак карда метавонам?”.Ин наҷибтарин хислати соҳаи мост!».
Пас аз 30 сол, нақлиёти автомобилӣ рақамӣ, эътирофшуда ва барои устувории иқтисодиёт боз ҳам муҳимтар шуд. Аммо соҳа то ҳол бо мушкилоти шинос рӯ ба рӯ мешавад: сарҳадҳо, норасоии ронандагон, амният, парокандагии бозор ва танзим.
«Соҳа аз бисёр ҷиҳатҳо тағир ёфтааст. Аммо нақши асосии ӯ бетағйир боқӣ мондааст: вай борҳо ва одамонро интиқол медиҳад ва ҳамеша ин корро хоҳад кард», - хулоса намуд Умберто де Прето.
P.S. (Постскриптум). Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (ИБНА; IRU), ки 23 марти соли 1948 дар Женева таъсис ёфтааст, айни ҳол зиёда аз 3,5 миллион ширкатро намояндагӣ мекунад, ки дар зиёда аз 100 кишвар дар соҳаи нақлиёт ва логистика хидмат мерасонанд. Таҳти роҳбарии ИБНА қарорҳое ҷорӣ карда мешаванд, ки ба беҳдошти фаъолияти нақлиёти автомобилӣ дар саросари ҷаҳон имкон фарҳам моранд.
Тоҷикистон соли 1996 ба ИБНА шомил шуда буд. Ин рӯйдод як қадами муҳим барои рушди ҳамлу нақли автомобилӣ дар кишвар, аз ҷумла барои иштирок дар ҳамлу нақли байналмилалӣ (Transports Internationaux Routiers, TIR), ба ибораи дигар, дар системаи байналмилалии транзит, ки ба Конвенсияи СММ асос ёфтааст, гардид.
Моҳи феврали соли 2025 дар Женева Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Дабир кулли IRU Умберто де Претто мулоқот кард. Ҷонибҳо ҳамкории чандинсолаи Тоҷикистонро бо IRU зикр намуданд. Масъалаҳои марбут ба ҷорӣ намудани ҳуҷҷатгузории рақамии ҳамдлу нақл (e-CMR), инчунин ташкили курсҳои такмили ихтисос барои кормандони Вазорати нақлиети Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи IRU баррасӣ шуданд