Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
ДАР ТОҶИКИСТОН
Мумфарш кардани роҳи автомобилгарди «Хуҷанд – Истиқлол» оғоз ёфт. Дар доираи корҳои ободонӣ мумфарш кардани роҳи автомобилгарди «Хуҷанд — Истиқлол» оғоз ёфт, хабар дод АМИТ «Ховар» 30 июн бо истинод ба маркази матбуоти МИҲД вилояти Суғд.
Сохтмон ва мумфарш кардани 17,5 километр роҳ пешбинӣ шудааст.
Барои иҷрои корҳо 10 адад техникаи махсус сафарбар карда гардидаанд. Роҳ барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа аҳамияти муҳим дорад, зеро тавассути он маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ интиқол дода мешаванд. Илова бар ин, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳри Гулистон аз ин «шарёни» нақлиётӣ фаъолона истифода мебаранд.
***
Дар Ҳисор роҳи таҷдидшудаи «Чимтеппа – Шарора – Ҳисор» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. 27 июн дар шаҳри Ҳисор пас аз таъмири асосӣ роҳи мазкур бо дарозии 8,5 километр ифтитоҳ гардид. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар дод.
Гуфта мешавад, ки роҳ аҳамияти ҷумҳуриявӣ дорад ва роҳи муҳими алтернативӣ барои ворид шудан ба пойтахт, инчунин шаҳрҳо ва ноҳияҳои водии Ҳисор мебошад.
Лоиҳаи таъмири асосӣ бо ташаббуси МИҲД шаҳри Ҳисор ва иштироки фаъолонаи соҳибкорони маҳаллӣ ва роҳбарони корхонаҳои саноатӣ амалӣ карда шуд.
ДАР МИНТАҚА
«Аз ҳуқуқи инсон – ба долонҳои нақлиётӣ: сиёсати ИА дар Осиёи Марказӣ чӣ гуна тағйир меёбад» – бо ин ном дар «АП» гузориш нашр шудааст. Сӯҳбати асосии Аврупо ва Осиёи Марказӣ имрӯз бештар дар бораи нақлиёт, саноат, сармоягузорӣ, энергетика ва амнияти иқтисодӣ аст. Дар ин бора хабарнигори «Азия Плюс» Мохпора Киромова дар ёддоштҳои худ дар бораи сафар ба Аврупо изҳор доштааст.
«Дар аввали моҳи июн Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел 15 рӯзноманигорро аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ҷамъ овард. Сабаби вохӯрӣ тасодуфӣ набуд: таваҷҷӯҳи Аврупо ба минтақа ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Ва Брюссел ба он ҳарчи бештар сармоягузориро ба рушди гузаргоҳҳои нақлиётӣ, энергетика ва робитаи иқтисодӣ пешниҳод мекунад, менависад ӯ.
Муаллиф ба саммити аввали Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказӣ дар Самарқанд дар моҳи апрели соли 2025 ишора мекунад, ки дар он Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен дар бораи оғози бастаи сармоягузории Global Gateway дар ҳаҷми 12 миллиард евро эълон карда буд. Маблағҳо то охири давраи молиявии амалкунандаи ИА ба чор самт равона карда мешаванд: долонҳои нақлиётӣ, ашёи хоми муҳим, энергетика, захираҳои об ва иқлим, инчунин алоқаи рақамӣ.
«Сухан на дар бораи маблағест, ки аллакай дар байни кишварҳои минтақа тақсим шудааст, балки дар бораи бастаи сармоягузориест, ки то охири соли 2027 тадриҷан дар шакли лоиҳаҳо ва созишномаҳои мушаххас ба расмият дароварда мешавад», – менависад хабарнигори «АП».
***
БРАО:Барои Осиёи Марказӣ миллиардҳо доллар сармоя лозим аст. То соли 2030 кишварҳои Осиёи Марказӣ барои рушди инфрасохтори асосӣ ба 251 миллиард доллар сармоягузорӣ ниёз доранд. Тавре Sputnik хабар медиҳад, дар ин бора муовини Раиси Бонки рушди Авруосиё (БРАО) Руслан Даленов дар ҷаласаи солонаи бонк изҳор дошт.
Бино ба гуфтаи ӯ, маблағгузории аввалиндараҷа барои рушди чунин соҳаҳои муҳими иқтисодиёт зарур аст:
- энергетика - 170 миллиард доллар,
- нақлиёт - 60 миллиард доллар,
- обтаъминкунӣ - 14 миллиард доллар,
- логистика - 7 миллиард доллар.
«Ин танҳо эҳтиёҷоти молиявӣ нест – ин имкониятҳои сармоягузорӣ мебошанд. Ва Осиёи Марказӣ низ танҳо як минтақаи захираҳои табиӣ нест, балки минтақаи инноватсия, индустрикунонӣ ва сармоягузории дарозмуддат аст», – таъкид кард муовини раиси бонк.
ДАР ҶАҲОН
Кишварҳои ИДМ ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт дар формати «Русия — Осиёи Марказӣ» баррасӣ карданд. 29 июни соли 2026 намояндагони мақомоти давлатии нақлиётии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои мусоидат ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиётро дар формати «Русия — Осиёи Марказӣ» баррасӣ карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи Иҷроияи ИДМ.
Мулоқот дар сиғаи видеоконфронс бо иштироки намояндагони идораҳое, ки дар кори Машварати ҳамоҳангсозии нақлиётии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сафарбар шудаанд, баргузор гардид. Ба муҳокима намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон, инчунин Кумитаи Иҷроияи Машварати ҳамоҳангсозии нақлиётии ИДМ ҳамроҳ шуданд.
Иштирокчиени вохӯрӣ ба пешниҳодҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои соҳавӣ дар соҳаи нақлиёт диққати асосӣ доданд. Сухан дар бораи лоиҳаҳое мерафт, ки ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба амалӣ карда мешаванд.
Муҳокима ба татбиқи созишномаҳое, ки роҳбарони давлатҳо дар доираи саммитҳо дар формати «Русия — Осиёи Марказӣ» ба даст овардаанд, равона карда шуд.
Иштирокчиён масъалаҳои мусоидати минбаъдаи рушди ҳамкории нақлиётӣ байни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказиро дар доираи форматҳои мавҷудаи ҳамкорӣ баррасӣ карданд.
***
СММ бори аввал Қоидаҳои байналмилалиро барои мошинҳои комилан худгард тасдиқ кард. Форуми умумиҷаҳонӣ барои мувофиқа кардани қоидаҳо оид ба воситаҳои нақлиёт (WP.29), ки таҳти сарпарастии Комиссияи иқтисодии Аврупои СММ (КИА СММ) амал мекунад, аввалин заминаи меъёрии ҷаҳонро барои системаҳои комилан бесарнишини ронандагии худкор тасдиқ кард. Қоидаҳои нав талаботи ягонаи байналмилалиро барои бехатарӣ ва сертификатсияи чунин воситаҳои нақлиёт муқаррар мекунанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти СММ.
Тавре зикр карда мешавад, ҳуҷҷат марҳилаи муҳим дар рушди технологияҳои нақлиёти мустақил гардид. Бо вуҷуди он ки даҳ сол пеш гузариши босуръати соҳаи автомобилсозӣ ба ронандагии бесарнишин интизор мерафт, чунин мошинҳо то ҳол ба таври оммавӣ ҷорӣ карда нашудаанд. Қабули қоидаҳои ягонаи байналмилалӣ барои фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди минбаъдаи соҳа пешбинӣ шудааст.