1 июли соли 2026 дар меҳмонхонаи «Hilton»-и шаҳри Душанбе лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе (масири 2, аз хиёбони Саъди Шерозӣ то дарвозаи шарқии пойтахт) бо иштироки ҳайатҳои васеи Тоҷикистону Корея ҷамъбаст карда шуд.
Ҳамоиши мазкур бо иштироки Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, муовини Раиси шаҳри Душабе Раҳмиддин Саломзода, муовини якуми Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Сорбон Гулаҳмадзода, намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар, Сардори Департаменти амалиётии Бонки cодирот ва воридоти Корея Ҳан Ҷон Су, Сардори Департаменти ҳамкориҳои байналмилалии ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» Юн Ҳак Сан, Президенти ширкати муҳандисии «Cheil Engineering» Ким Ён Кю, намояндагони корпоратсияи «Роҳи оҳани Корея», ширкатҳои «Sejong Engineering», «Teso Engineering» ва «DMEC Engineering» доир гардид.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ташрифи меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, миннатдории ҷониби Тоҷикистонро ба он ҷониб барои рушди муносибатҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳои роҳу нақлиёт изҳор намуд.
Дар ҳамоиш ҳисоботи лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе (аз хиёбони Саъди Шерозӣ (Сирки Давлатӣ) то Дарвозаи шарқии пойтахт), ки аз ҷониби корпоратсияи «Роҳи оҳани Корея», ширкатҳои «Cheil Engineering», «DMEC Engineering» ва Донишгоҳи Сеули Корея амалӣ шудааст, пешниҳод ва баррасӣ гардид.
Мавриди зикр аст, ки соли 2024 марҳилаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе, қисмати аз Дарвозаи ҷанубии пойтахт то хиёбони Саъди Шерозӣ (Сирки давлатӣ) аз ҷониби ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» амалӣ гардида буд. Ҷонибҳо тасмим гирифта буданд, ки марҳилаи асоснокунии техникии иқтисодӣ ва лоиҳакашии ин қисматро солҳои 2026-2028 анҷом диҳанд.
Аммо, бо назардошти зиёд будани шумораи гардиши мусофирон дар масири хиёбони Саъдии Шерозӣ - Дарвозаи шарқии пойтахт, талаботи барзиёд ба нақлиёти ҷамъиятӣ, зиёд будани ҳолатҳои тамбашавӣ ва зичии ҳаракт дар роҳи мазкур назар ба масири қаблӣ (аз Дарвозаи ҷанубии пойтахт то Сирки давлатӣ) ҷонибҳо қарор доданд, ки корҳои лоиҳакашии пешакӣ ва омӯзиширо ба ин масир равона намоянд.
Бояд тазаккур дод,ки моҳи ноябри соли 2025 зимни сафари намояндагони ширкатҳои болозикр ба Тоҷикистон ва имзои Ёддошти тафоҳуми сеҷониба байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки содирот ва воридоти Корея ва Консортсиуми Донишгоҳи Сеул аз ҷониби корпоратсияи «Роҳи оҳани Корея», ширкатҳои «Cheil Engineering», «DMEC Engineering» ва Донишгоҳи Сеули Корея корҳои омӯзишӣ дар лоиҳа оғоз гардид.
Дар ин муддат, мутахассисони ду кишвар тамоми ҷанбаҳои техникию иқтисодии лоиҳаи мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, имконияти сохтмони метрои зеиризаминиро дар ин қисмат ба таври мусбӣ арзёбӣ намуданд.
Айни замон, ҷонибҳо ҷиҳати ҳарчи зудтар оғоз намудани марҳилаҳои асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашии он корабарӣ намуда истодаанд.