Дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо низоми нави вуруд/хуруҷи EES (Entry/Exit System) ҷорӣ карда шуд. Он дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои автомобилӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан амал мекунад. Расман аз 10 апрели соли 2026 низоми нав бояд тамоми маҳали сарҳадҳои берунии Шенгенро пурра фаро гирад.
Барои шаҳрвандони кишваҳои сеюм, аз ҷумла Тоҷикистон ки ба хориҷа, аз ҷумла ба минтақаи Шенген сафар мекунанд, ин хабар муҳим аст. EES ҳоло дар гузаргоҳҳои автомобилӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан фаъолият мекунад. Расман аз 10 апрели соли 2026 он бояд тамоми маҳали сарҳадҳои берунии Шенгенро пурра фаро гирад.
Низоми нав дар ҳамаи 25 давлати Иттиҳоди Аврупо (ба истиснои Кипр ва Ирландия), инчунин дар Исландия, Норвегия, Швейтсария ва Лихтенштейн, ки ба Иттиҳоди Аврупо дохил нестанд, амал мекунад. Мақсади навоварӣ назорати раванди хуруҷу духул мебошад. Аз ҷумла, расонаҳои расмии интернетии ИА ҳадафи низоми навро пешгирии зиёд шудани мӯҳлати будубош дар минтақаи Шенген таъкид мекунанд.
Протоколҳои EES аз воридшавандагон ва хориҷшавандагон чиро тақозо мекунанд? Сухан дар бораи будубоши кӯтоҳмуддати шаҳрвандони кишварҳои сеюм дар минтақаи Шенген меравад. Низоми иттилоотӣ барои назорат кардани онҳое, ки ба ИА барои 90-180 рӯз меоянд, равона карда шудааст. Ба туфайли он биометрия ва маълумот дар бораи ҳаракат ҳангоми ворид шудан ва баромадан аз минтақаи Шенген сабт карда мешавад.
Дар асл, сабти рақамии EES барои иваз кардани мӯҳри духул/хуруҷ дар шиносномаҳо пешбинӣ шудааст.
Низоми нав аз 12 октябри соли 2025 ба ҳукми амал даромад, шуруъ аз ин сана ҷамъоварии маълумот дар нуқтаҳои убури марзҳои кишварҳои иштирокчӣ оғоз ефт. EES бояд аз 10 апрели соли 2026 пурра ҷорӣ карда шавад, гуфта мешавад дар сомонаи Иттиҳоди Аврупо. Низоми мазкур маълумоти дар ҳуҷҷати сафар мавҷудбуда, сана ва ҷои ҳар як воридшавӣ ва хориҷшавӣ, инчунин маълумоти биометриро дар саҳифаи худи EES ҷамъ меорад.