Шаҳри бостонии Кӯлоб аз як воҳиди маъмурию ҳудудии аграрӣ ба шаҳри саноатӣ табдил меёбад. Намояндаи Ҳукумати ҶТ, Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим дар ҷараёни сафари корӣ ба ин шаҳр аз иншооти сохташаванда ва таҷдидшаванда дидан кард.
Дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи тадбирҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб ва «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидани соли 2026 дар шаҳри Кӯлоб сохтмону таҷдид ва тармими марказҳои саноатӣ, иҷтимоӣ, таълимӣ, варзишӣ, роҳу пулҳо ва маҳаллаҳои истиқоматӣ бо маром идома доранд.
1-2 июни соли равон намояндаи масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим зимни сафари корӣ ҳамроҳ бо Раиси шаҳри Кӯлоб Диловар Пирзода бо ҷараёни бунёди иншооте, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, аз назар гузаронид.
Шаҳри бостонии Кӯлоб, ки таърихи беш аз 2700-сола дорад, симои худро торафт бештар дигаргун мекунад, бо ташкил шудани Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» он аз як воҳиди идорию ҳудудии аграрӣ ба шаҳри саноатӣ табдил меёбад.
Намояндаи масъули Ҳукумати кишвар ва Раиси шаҳр бо фаъолияти корхонаи «Ваҳдат Текстайл», корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво, ки яке аз калонтарин корхонаҳо дар ин самт дар вилоят маҳсуб мешавад (айни замон дар он санҷиш ва танзими техникии таҷҳизот идома дорад), корхонаи истеҳсоли шарбат ва раванди корҳои сохтмонӣ дар корхонаҳои истеҳсоли нон, маҳсулоти қаннодӣ, гӯшти мурғ ва корхонаи дӯзандагӣ шинос шуданд. Ба роҳбарон, сохмончиён ва мутахассисони ин иншоотҳо супориш дода шуд, ки корҳои сохтмону навсозиро дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд анҷом дода, ба истифодаи технологияҳои муосир ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.
Вобаста ба рафъи пурраи оқибатҳои офати табиӣ, тозаву озода намудани муҳити атроф, шинондани гулу бутта ва дарахтони ороишӣ, истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб қитъаи замин, баланд бардоштани сифати таълим дар мактабҳо, пешбурди тарзи ҳаёти солим ба масъулин дастуру маслиҳатҳои мушаххас ва муфид дода шуд.