Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ОБУ ҲАВОИ НОМУСОИД. Вазорати нақлиёт аз ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ даъват мекунад, ки аз эҳтиёт кор гиранд

Санаи нашр: 03-06-2026 Просмотрено: 2555

Аз 1 то 5 июн дар як қатор минтақаҳои кишвар аз сабаби боришоти шадид эҳтимоли омадани сел мавҷуд аст, хабар медиҳад Агентии  обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи маълумоти ҳавошиносон, хатари офатҳои табиӣ дар  шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳуриявӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, инчунин дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боқӣ мемонад.

Номусоид гаштани вазъи ҳаво, зиёд шудани боришот ва шамолҳои шадид   метавонанд ба сангрезӣ, баланд шудани сатҳи об дар обанборҳо, пайдоиши ҷараёни сел, вайрон шудани биноҳо, хатҳои интиқоли барқ, пулҳо ва роҳҳо оварда расонанд. Ғайр аз он, офатҳои табиӣ метавонанд боиси садамаҳои нақлиетӣ шаванд.

Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи идораю муассисаҳои нигоҳдории  роҳҳо супориш додааст, ки ҳолати роҳҳои автомобилгардро  ба таври шабонарӯзӣ назорат намоянд. Вазорат аз ҳамаи иштирокчиени ҳаракат дар роҳ (ронандагон, мусофирон ва пиедагардон) даъват мекунад, ки Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро (ҚҲР) қатъиян риоя кунанд ва хеле эҳтиёткор бошанд.