КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» (РОТ) дар ҳамкорӣ бо ҶСК «Роҳҳои оҳани Русия» (РЖД) ва бо мувофиқа бо маъмурияти роҳи оҳани Қазоқистон ва Узбекистон алоқаи мустақимро байни Душанбе ва Маскав аз нав барқарор кард.
Қатораи мусофирбари № 423/424 «Душанбе – Маскав», ки аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ташкил карда шудааст, дар ду ҳафта як маротиба ҳаракат мекунад:
• Аз Душанбе – шуруъ аз 21 июн, рӯзи якшанбе, соати 3:25 (вақти маҳаллӣ) ба роҳ баромада, рӯзи чоршанбе соати 22:08 ба истгоҳи Павелецкийи Маскав ворид мешавад;
• Аз Маскав 25 июн, рӯзи панҷшанбе, соати 6:05 (вақти Маскав) ба роҳ баромада, рӯзи душанбе соати 2:48 (вақти маҳаллӣ) ба Душанбе ворид мешавад.
Вақти сафар тақрибан чор рӯзро ташкил медиҳад. Қатора аз ҳудуди Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Русия мегузарад. Дар Бухоро, Нуқус, Кунграт, Кандиагаш, Актобе, Сол-Илетск, Оренбург, Самара, Сизрани, Кузнетск, Пенза, Ряжск, Скопина, Ожерелйе ва дигар маҳалҳои аҳолинишин таваққуфи қатора барои вуруд ва фуруди мусофирон пешбинӣ шудааст.
Мусофирон метавонанд чиптаҳоро 45 рӯз пеш аз ҳаракат ба расмият дароранд. Чиптаҳо аз Душанбе аллакай ба фурӯш бароварда шудаанд ва фурӯши чиптаҳо аз Маскав дертар оғоз мешавад.
Чипта ба қатораи «Душанбе – Маскав» барои 21 июн дар вагони платскарт 2 617,6 сомонӣ (20 089 рубл) ва дар вагони купе 3 713,42 сомонӣ (28 499 рубл) арзиш дорад.
Бояд тазаккур дод, ки айни замон байни Тоҷикистон ва Русия се қатораи ташаккули КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мусофир мекашонанд: № 319/320 «Кӯлоб – Волжский» (ҳафтае як маротиба); № 329/330 «Душанбе – Волжский» (ҳафтае як маротиба); № 359/360 «Хуҷанд – Волжский» (ҳафтае як маротиба).
Ёдовар мешавем, ҳаракати қатораи мусофирбар байни Душанбе ва Маскав соли 2020 бинобар сабаби коронавирус қатъ гардида буд.