25 май бо ташаббуси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳтавои Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот муовини якуми Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода, прокурори Маркази ягонаи иттилоотии пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон Хасанзода Умед Юсуфхон, роҳбарон ва кормандани воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёт ва идораю муассисаҳои тобеи он иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки, ки тадбирҳои андешидаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ натиҷаи мусбӣ дода, сол то сол сатҳи содиршавии ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ тамоюли камшавӣ касб менамояд. Чунин ҳолат ба таъмини амнияти миллӣ мусоидат намуда, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистон ва пойтахти азизи мо – шаҳри Душанбе дар сархати кишварҳо ва шаҳрҳои барои зиндагӣ амнтарини ҷаҳон мавқеи устворро ишғол мекунанд.
Вале бо вуҷуди ин ягон кишвари олам имрӯз аз хатари экстремизм, терроризм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардаанд, эмин нест. Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани равандҳои геополитикӣ, таҳдиду хатарҳои муосир амсоли тундгароиву экстремизм ва терроризм, қочоқи силоҳ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ кишвари азизи моро низ бетараф намегузорад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Дар мулоқот прокурори Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон Хасанзода Умед Юсуфхон ба сухан баромада, моҳият ва муҳтавои «Стратегияи пешгирии экстемизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва «Нақшаи тадбирҳо оид ба амалисозии он барои солҳои 2026 – 2030»-ро шарҳу тавзеҳ дод.
Намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хатари ин зуҳурот барои ҷомеа ва вусъат бахшидани фаъолият дар ин самт ибрози назар намуд. Бино ба гуфтаи ӯ, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки созмонҳои экстремистию террористӣ шаклҳои нав ба нави мағзшӯӣ ва ҷалби ҷавононро ба сафҳои худ истифода мекунанд, бинобар ин тарзу усулҳои истифодашавандаи аксуламал ба онҳо низ бояд муодил ва муассир бошанд.
Аз ҷумла, тавре ӯ зикр кард,:
– барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ оид ба пешгирии экстремизм на дар шакли қолабӣ, балки бо усулҳои ҳозиразамони муқовимати иттилоотӣ аз қабили таҳияву пахши видеонаворҳо ва аудиосабтҳои кутоҳи зиддиэкстремистӣ таҳия ва пахш карда шаванд;
– сомонаҳои расмии субъектҳои татбиқи Стратегия танҳо бо пахши маълумоти кутоҳ оид ба чорабиниҳои расмӣ маҳдуд нагардида, иттилооти тоза, фаъол ва таваҷҷуҳангезро доир ба пешгирии тундравӣ ва экстремизм чоп кунанд;
– таҳқиқотҳои илмии олимону муҳаққиқон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба масъалаҳои марбут ба экстремизм бояст барои истифода дар амалия судманд бошанд, аз натиҷаи таҳқиқот хулоса ва таклифҳо оид ба тарзу усулҳои нави пешгирии экстремизм пешниҳод карда шаванд;
– тадқиқотҳои сотсиологию равоншиносӣ оид ба пешгӯии вазъи динӣ, рӯҳия ва ҳолати равонӣ дар қишрҳои гуногуни ҷомеа ҷиҳати муайян намудани дараҷа, сабаб ва манбаъҳои тундгароӣ, инчунин мониторинги мавзуӣ дар ин соҳа бештар ба роҳ монда шаванд;
– ҷиҳати аз байн бурдани хурофотпарастӣ ва осебпазирии сокинон, бахусус занону духтарон аз ташвиқоти экстремистӣ, бахусус дар деҳот нақши мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ пурзӯр карда шавад.
Дар робита ба ин, тибқи Стратегия ва Нақшаи амали он вазорату идораҳо вазифадор карда шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шарикони рушд ҷиҳати такмили тадбирҳои пешгирии экстремизм тадбирҳои маҷмуии дорои хусусияти иттилоотӣ-методӣ, ташкилию ниҳодӣ ва илмию таҳлилӣ андешанд.
«На танҳо тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифати кишварро зарур аст, ки аз оқибатҳои нангини ин зуҳуроти номатлуб огоҳ шуда, бар зидди ин хатар муқовимати дастаҷамъона нишон диҳанд», – таъкид гардид дар мулоқот.