Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ТОҶИКИСТОН СИСТЕМАИ ЭЛЕКТРОНИИ E-PERMIT БА КОР ДАРОМАД. Он раванди додани рухсатномаҳоро барои ҳамлу нақли байналмилалӣ рақамӣ сохта, онро содда мегардонад ва суръат мебахшад

Санаи нашр: 29-05-2026 Просмотрено: 4234

Дар Тоҷикистон системаи нави рухсатномаҳои электронӣ (Electronic permit System) ва платформаи мутамаркази пардохт ба кор даромад, ки раванди таҳия ва мубодилаи рухсатномаҳои  нақлиётиро дар кишвар содда ва рақамӣ мегардонанд. Дар ин бора хадамоти матбуотӣ ва Гуруҳи иттилоотии  Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хабар доданд.

Бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Олмон дар Тоҷикистон системаи нави  рухсатномаҳои электронӣ ва платформаи мутамаркази биллинг ҷорӣ карда шуд, ки раванди додани  рухсатномаҳои нақлиётиро дар кишвар барои ҳамлу нақли байналмилалӣ содда мегардонад ва ба формати рақамӣ табдил медиҳад.

Ин система як қадами муҳим дар роҳи баланд бардоштани суръат, шаффофият ва бехатарии хизматрасониҳои нақлиётӣ мебошад.

Вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Узбекистон расман созишномаи табодули иҷозатномаҳои электрониро (ePermit) имзо карданд. Дар рӯзҳои аввали пас аз оғози кор Тоҷикистон 100 адад рухсатномаҳои аввалини электрониро тавассути системаи нав ба Узбекистон интиқол дод, гуфта мешавад дар хабар.

Системаи нави  рухсатномаҳои электронӣ ва платформаи ҳисоббаробаркунии мутамарказ дар доираи Барномаи рушди иқтидори долони нақлиётии Транскаспий, ки аз ҷониби иттиҳоди Аврупо ва ҳукумати Олмон маблағгузорӣ  ва тавассути GIZ (Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон; Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit)  амалӣ карда мешавад, навсозӣ карда шудааст. Ин ба ширкатҳои нақлиётӣ муҳити бехатар ва ҳамгирошударо  ҷиҳати пешниҳоди дархостҳои дастаҷамъона, идоракунии тақсимоту истифодаи рухсатномаҳо, самаранокӣ ва шаффофияти пардохтҳо фароҳам меорад.

Ҳисоббаробаркунии мутамарказ бо системаҳои бонкӣ ва хизматрасониҳои пардохтҳои мобилӣ ҳамгиро мешавад ва санҷиши  онлайнӣ, муқоисаи автоматӣ ва шаффофияти пурраи молиявиро тавассути тадбирҳои  боэътимоди ҳифзи маълумот таъмин мекунад.

Бо ҷорӣ шудани система, вақти барои гирифтани рухсатномаи зарурӣ хеле коҳиш ёфт.

Талошҳои минбаъда ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва густариши истифодаи система дар Тоҷикистон ва минтақа равона карда мешаванд.