26 май Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Раиси Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоии СММ (ЭКОСОС; ECOSOC) Лок Баҳодур Тхапа мулоқот кард.
Вазири нақли1ти ҶТ раиси ЭКОСОС-ро, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси Чоруми Байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", 2018-2028 дар Душанбе қарор дорад, хайра мақдам гуфт.
Зимни мулоқот оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоии СММ дар соҳаи нақлиёт табодули афкор сурат гирифт.
Аз ҷумла, зарурати ҳамкорӣ оид ба ташаккули шабакаҳои муосири самаранок ва бехатари нақлиётӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ), ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ дар доираи «Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030» таҳия шудааст, таъкид гардид.
«Барои Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба тараққӣ, ки ба баҳр роҳи баромад надорад, масъалаҳои алоқаи нақлиётӣ аҳамияти стратегӣ доранд. - гуфт Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим. –Ташкили инфрасохтори муосир, устувор ва самараноки нақлиётӣ яке аз омилҳои муҳимтарини таъмини пешрафтииқтисодӣ, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва таҳкими ҳамгироии минтақавӣ мебошад».
Бино баа гуфтаи ӯ, имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳоеро амалӣ менамояд, ки ба навсозии инфрасохтори нақлиётӣ, рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, баланд бардоштани иқтидори транзитии мамлакат, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва механизмҳои муосири соддагардонии расмиёти нақлиётӣ ва логистикӣ нигаронида шудаанд. Дар ин замина, нақши ЭКОСОС дар дастгирии рушди устувори соҳаи нақлиёт, мусоидат ба муколамаи босамар ва роҳандозии ҳамкориҳои байналмилалӣ ба манфиати кишварҳои маҳсур дар хушкӣ баҳои баланд дода шуд.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.