Тавре қаблан хабар додем, бахшида ба Рузи чахонии футбол аз 12 то 25 майи соли 2026 дар варзишгоҳи «Авиатор»-и шаҳри Душанбе мусобика оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Вазири наклиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни муассисаю корхонахои зертобеьи вазорат баргузор гардид.
Ҳунарнамоии мазкур бо иштироки 16 даста дар чаҳор гуруҳ сурат гирифт. Вохуриҳои ҳалкунанда 25 майи соли равон доир гардиданд. Дастахои КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» ва МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» барои ҷои сеюм мубориза бурданд.Бозӣ бо ҳисоби 8:4 ба фоидаи дастаи КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» анҷом пазируфт.
Дар вохӯрии ниҳоӣ барои ҷои аввал дастаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва дастаи Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар ба майдон баромаданд. Дар ин бозӣ ғалаба насиби «хадамотчиён» гадид – онҳо бо ҳисоби 4:3 дастболо шуданд.
Ҳамин тавр, ҷоизаи асосӣ – Ҷоми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон насиби дастаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт гардид. Дастаҳои ИХРА-и Бохтар мақоми дуюм ва КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» мацоми сеюмро ба даст оварданд.
Дар мусобиқаи мазкур Саид Наимов (Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт) дарвозабони беҳтарин, Исмон Тағойбекзода (ИХРА-и Бохтар) ҳимятгари беҳтарин ва Сафаралӣ Бойзода (Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт) ҳамлавари беҳтарин дониста шуда, бо мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки мусобиқаи мазкур ба Рӯзи ҷаҳонии футбол – 25 май, ки имсол маротибаи сеюм дар саросари олам таҷлил гардид, бахшида шуд.
Ёдовар мешавем, ки 9 феврали соли 2024 Президенти Ассосиатсияи футболи Осиёти Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва моҳи майи ҳамон сол тибқи қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ таҳти рақами 78/281 25 май Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид.