Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ НАҚЛИЁТ БО ҲАЙАТИ ҶОПОН. Пули автомобилгард дар даромадгоҳи шаҳри Ваҳдат навсозӣ карда мешавад

Санаи нашр: 26-05-2026 Просмотрено: 2795

22 май байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Ёддошти техникӣ ("tech memo") дар бораи тарҳрезии пули нав дар даромадгоҳи шаҳри Ваҳдат (19+800 км шоҳроҳи байналмилалии "Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма") ба имзо расид. 

Дар асоси ин санад, мутахассисони Ҷопон дар давоми соли ҷорӣ ба ҷои пули мавҷуда пули нави 4-хатаро тарҳрезӣ хоҳанд кард, ки бинобар мавҷудияти ду хат ҳамарӯза пули мазкур ба  тамбашавии  воситаҳои нақлиёт дучор мешавад.

Тибқи нақша, тарҳрезӣ шаш моҳ давом мекунад ва то охири соли ҷорӣ барои амалиёти минбаъда ба ташхиси (экспертизаи) давлатӣ пешниҳод карда мешавад. Лоиҳа бо дастгирии техникии Агентии ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) амалӣ  мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки оид ба ин масъала 16 апрели соли 2026 байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Протокол  ҷиҳати гузаронидани корҳои илмӣ-лоиҳавӣ оид ба лоиҳаи «Таҷдиди пули автомобилӣ дар даромадгоҳи шаҳри Ваҳдат (19+800 км шоҳроҳи байналмилалии "Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма")» ба имзо расид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар марҳилаи аввал дар давоми шаш моҳ пурра тарҳрезии пулро амалӣ ва дар марҳилаи дуюм ба таҷдиди он шурӯъ мекунанд.