19 май дар Вазорати нақлиёт ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши ботантана таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» доир гардид.
Дар ҳамоиш, ки бо иштироки роҳбарияти вазорат ва воҳидҳои сохтори он, инчунин намояндаони идораю муассисаҳои тобеи вазорат сурат гирифт, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ширкаткунандагонро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, дар бораи таҳкими Истиқлоли давлатии кишвар дар тӯли беш аз 30 сол бо ҷаҳду талош ва кӯшишу эҳтимоми ватандӯстона ва фидокоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфт ва илова кард, ки дар ин раванди таърихӣ ҷавонони кишвар нақши бориз гузоштаанд.
Вазири нақлиёт аз он ёдовар шуд, ки 23 майи соли 1997 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармонро «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон» ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ боис шуд, ки 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон эълон карда шавад.
«Ғамхории Сарвари хирадманди давлатамон дар ҳақи ҷавонон дар тамоми самтҳои фаъолият бараъло намоён аст ва Роҳбарияти Олии кишвар оядндаи миллат ва кишвари азизамонро маҳз бо ин қишри ҷомеа тавъам медонанд», – изҳор дошт вазир.
«Шояд бештари Шумо, ки имрўз дар ин ҳамоиш ширкат доред, зодаи даврони Истиқлол ҳастед ва дар бораи он рўзҳое, ки бо машаққати зиёд осудагии кишвар ба даст омад, танҳо аз навиштаҳои рӯзномаю маҷаллаҳо ва барномаҳои телевизиону радио хондаву шунидаед ва ба назаратон афсона менамояд, – афзуд Вазир. – Вале нафарони зиёде, ки имрӯз аз синни ҷавонӣ гузаштаанд, дар айёми ҷавонии худ корномаю фидокориҳо нишон дода, дар пешрафту тараққиёти кишварамон саҳми арзанда гузоштаанд ва афсонаро ба ҳақиқат табдил додаанд».
Тавре Вазир иброз намуд, дар асоси сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ кор аз сохтмону таҷдиди роҳу пулҳо оғоз гардида буд. Дар давоми 34 соли Истиқлоли давлатӣ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 2400 километр роҳҳо, 237 адад пул, 2 роҳи сесатҳа, 2 роҳи дусатҳа, 11 нақб, 3,4 километр долонҳои зиддитрамавӣ ва 220 километр роҳи оҳан бо 3 нақби қаторагузар ва пули қаторагузар сохта шуда, қариб тамоми роҳҳои асосии мошингард, ки аксарашон куҳнаю фарсуда шуда буданд, тибқи меъёрҳои байналмилалӣ таҷдид гардиданд.
«Ва имрӯз, чуноне хоҷа Ҳофизи Шерозӣ фармудааст, “бубин тафовути роҳ аз куҷост то ба куҷо!”», – гуфт Вазири нақлиёт.
Ӯ суханашро дар иртибот ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар даврони Истиқлол идома дода, оид ба шароити наве, ки дар ин давра барои рушду пешрафти ҷавонон дар мамлакат муҳайё гардидааст, ибрози назар кард. Бино ба гуфтаи ӯ, дар даврони Истиқлол ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Барномаи давлатии тарбияи ватандустии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор санадҳои дигар таҳия ва мавриди амал қарор дода шуданд.
«Мақсади асосии қабули ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон, тарбия ва маърифатнокии комили онҳо дар рўҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, таъмин намудани ҳуқуқҳо ва тащаккули тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон ба ҳисоб меравад», – гуфт ӯ.
Дар поёни суханронӣ Вазири нақлиёт бори дигар аз ҷавонон даъват намуд, ки дар ҳама кор фаъол бошанд, барои такмили донишу маҳорату забондонии худ бештар заҳмат кашанд. «Зеро, – гуфт ӯ, – ояндаи кишвар дар дасти шумост ва онро ба даврони пешрафту дигаргуниҳои боз ҳам бештар табдил диҳед!».
Дар ҳамоиш муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода низ иштирок ва суханронӣ намуд. Ӯ ҳозиринро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик гуфт ва аз нақшаи тадбирҳои кумита ба ифтихори ин санаи муборак ҳарф зад.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки ҳоло дар соҳаи роҳу нақлиёт 3526 нафар ҷавонон фаъолият мекунанд, ки зиёда аз 1000 нафарашонро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд. Гуфта шуд, ки ин шумора кам нест ва дар сафи онҳо ҷавонони фаъолу болаёқат хеле зиёданд.
Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Сураҷ Чоршанбезода ба Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим барои тарбия ва дастгирии кадрҳои ҷавон медали ифтихории кумита «Барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ», ба чанд нафар ҷавонони пешқадами соҳа сипоснома супорид.
Иштирокчиёни ҳамоиш аз намоишгоҳи дастоварҳои соҳа дидан намуда, бо фаъолияти Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт шинос шуданд.