Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ОСТОНА ҶАЛАСАИ XVIII КБҲ ТРАСЕКА БАРГУЗОР ШУД. Дар он Вазири нақлиёти Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард

Санаи нашр: 16-05-2026 Просмотрено: 5406

15 май дар шаҳри Остона  ҷаласаи XVIII Комиссияи байниҳукуматии    (КБҲ) ТРАСЕКА баргузор шуд. Дар он намояндагони кишварҳои иштирокчӣ, Котиботи доимии ТРАСЕКА, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикон  ширкат намуданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳамоиш Вазири нақлиёти ҶТ   Азим Иброҳим роҳбарӣ кард.

Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои рақамикунонии нақлиёт, рушди хатсайрҳои байналмилалии нақлиётӣ, занҷираҳои нави логистикӣ ва соддагардонии расмиёти транзитиро баррасӣ карданд.

Ҷаласаро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлан Сауранбаев ифтитоҳ намуда, ҳозиринро шодбош гуфт ва афзалияти рушди ҳамкории байналмилалии нақлиётӣ, навсозии инфрасохтори нақлиётӣ ва баланд бардоштани самаранокии интиқолро дар  қаламрави давлатҳои иштирокчии ТРАСЕКА зикр кард.

Мавриди зикр аст, ки дар ин ҷаласа раесат дар КБҲ ТРАСЕКА соли 2026 аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Қазоқистон гузашт.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар доираи ТРАСЕКА ҳамчун механизми муҳими таҳкими ҳамбастагии нақлиётӣ ва ҳамгироӣ ба занҷираҳои байналмилалии логистикӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад», –  изҳор дошт зимни суханоронии худ дар ҷаласа Вазири нақлиёти  ҶТ Азим Иброҳим. Ба гуфтаи ӯ, дар доираи татбиқи Нақшаи фаъолияти ТРАСЕКА дар соли 2026 дар Тоҷикистон  ба таври мудовим навсозии инфрасохтори нақлиётӣ, рушди иқтидори нақлиётии кишвар, инчунин  рақамикунонии соҳаи нақлиёт амалӣ карда мешавад. Ҷумҳурӣ дар ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла ТРАСЕКА, CAREC, «Камарбанд ва роҳ», SPECA ва МНТ (масири байналмилалии нақлиётии Транскаспий) фаъолона иштирок мекунад.

«Ҳукумати  Тоҷикистон  ба баланд бардоштани самаранокии убури сарҳади давлатӣ диққати ҷиддӣ медиҳад, – таъкид  намуд  Вазири нақлиёти ҶТ. – Дар робита ба ин, лоиҳаи таҷдиди  гузаргоҳҳои  калидии сарҳадии дорои аҳамияти байналмидлалӣ, аз ҷумла Кулма – Қаросу ва Фотехобад – Ойбек, инчунин нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадии самти Қирғизистон амалӣ карда мешаванд  Ба гуфтаи вазир, ин тадбирҳо ба  коҳиш додани вақти убури сарҳад, баланд бардоштани қобилияти интиқол ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалӣ нигаронида шудаанд.

Вазири нақлиёти ҶТ нақши Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ дар соҳаи робитаҳои нақлиётӣ алоҳида зикр намуда,  илова кард, ки 24 апрели соли 2026 дар Бангкок, пойтахти Таиланд, дар доираи  иҷлосияи 82-юми ЭСКАТО бо ташаббуси Тоҷикистон қатънома қабул гардид, ки ба рушди системаҳои устувори нақлиётӣ ва дастгирии кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ равона гардидааст.

Ҳамчунин дар доираи раесати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2025 Стратегияи рақамикунонии  долонҳои нақлиётии мултимодалии давлатҳои иштирокчии ИДМ таҳия ва қабул карда шуд.

«Илова бар ин, бо ташаббуси Тоҷикистон Созишнома оид ба рушди алоқамандии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ таҳия ва ба имзо расид», – изҳор дошт Вазири нақлиёти ҶТ.

Дар ҷараени  ҷаласаи XVIII КБҲ ТРАСЕКА панҷ давлати иштирокчии  ин созмон – Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина ва Узбекистон Созишномаро дар бораи Иҷозати ягонаи транзитӣ (ИЯТ) оид ба содда кардани  ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ имзо карданд. ИЯТ танҳо дар  сиғаи  электронӣ тавассути портали ягона бо додани рақами мушаххас (РММ) ва штрих-код  амалӣ карда мешавад. Он расмиётро содда мекунад, гузариш аз марзҳоро суръат мебахшад, шаффофияти интиқолро баланд мебардорад.

Созишнома тартиби додан ва  истифода бурдани ИЯТ-ро танзим мекунад, барои интиқолдиҳандагони автомобилӣ шартҳои ягона муқаррар месозад, ҳамкории мақомоти салоҳиятдори давлатҳои иштирокчиро дар платформаи рақамӣ пешбинӣ менамояд. Созишнома пас аз анҷоми расмиёти дохилидавлатӣ ва гирифтани огоҳиномаҳо аз ҳамаи 14 давлати иштирокчӣ   эътибор пайдо мекунад.

Дар ҷараени ҷаласа Муншии Умумии нави Котиботи доимии ТРАСЕКА интихоб карда шуд.  Ба ин вазифа  муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон Ҷасурбек Чориев баргузида шуд.