Хабарҳо

slider_img

Баҳрабардорӣ аз китоби “Тоҷикон” дар Вазорати нақлиёт

Санаи нашр: 28-01-2022 Просмотрено: 3332

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷ гузоштан ба таърихи миллат ва бохабар гаштан аз гузаштаи мардуми тоҷик дастур дода буданд, ки ба ифтихори 30- солагии Истиқлоли давлатии кишвар китоби “Тоҷикон”- и Қаҳрамони миллат Бобоҷон Ғаффуровро чоп ва ба ҳар як хонадон тақсим кунанд.  Китоби мазкур дастраси тамоми оилаҳо гардид. Бо пайравӣ аз ин иқдоми неки Сарвари давлат бо ташаббуси роҳбарияти Вазорат дар маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Вазорат омӯзиши китоби “Тоҷикон” – и Бобоҷон Ғаффуров ташкил шуда, тибқи ҷадвал дар як ҳафта 2 маротиба рӯзҳои чоршанбе ва ҷумъа аз соати 15:00 то 17:00 гузашта, тамоми кормандони Дастгоҳи марказӣ аз он баҳраманд мегарданд.