15 май дар шаҳри Остона, дар доираи ҷаласаи XVIII Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлан Сауранбоев мулоқот кард.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи нақлиёт баррасӣ намуданд.
Тавре Вазири нақлиёти ҶТ иброз намуд, Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳои нақлиётӣ бо Қазоқистон ҳамчун яке аз шарикони калидӣ дар минтақа аҳамияти муҳим медиҳад.
Тазаккур дода шуд, ки аз рӯи натиҷаҳои 4 моҳи соли 2026 раванди мусбати боркашонии автомобилӣ байни кишварҳои мо мушоҳида мешавад: нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ҳаҷми умумии ҳамлу нақл 5,8% ва шумораи воситаҳои нақлиёт 17,9% афзоиш ёфтааст.
Инчунин афзоиши ҳамлу нақл бо роҳи оҳан ва транзит тавассути қаламрави Қазоқистон зикр карда шуд. Соли 2025 ҳаҷми умумии ҳамлу нақл бо роҳи оҳан зиёда аз 5,6 миллион тоннаро ташкил дод, ки дар қиёс бо соли 2024 беш аз 621 ҳазор тонна зиёд аст.
Вазирон ба мувофиқа расиданд, ки кори муштарак оид ба рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, содда кардани расмиёти транзитӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои нақлиётӣ ва баланд бардоштани қобилияти инфрасохтори дахлдори байни кишварҳои мо муҳим аст.