Ташаккули долонҳои муосири нақлиётиву иқтисодӣ дар ҳудуди Тоҷикистон барои пайванди Чин ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ бо Ховари Миёна яке аз омилҳои рушди ҳамкорӣ бо кишвари Чини ҳамсоя мебошад. Чунин изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 май дар шаҳри Пекин дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони ширкатҳои Чин.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони мулоқотро ба фазои мусоиди иқтисодӣ, имкониятҳои фарох барои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, тамоюли бомароми тавсеаву таҳкими ҳамкории тиҷоративу сармоягузорӣ ва робитаҳои доираҳои соҳибкории ду кишвар ҷалб намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Чинро шарики боэътимод ва калидии худ дар ин раванд номиданд ва иброз доштанд, ки кишварҳои мо дар соҳаи гардиши тиҷоратӣ нишондиҳандаҳои қобили таваҷҷуҳ ба даст овардаанд.
Таъкид шуд, ки ҳаҷми сармоягузориҳои чинӣ ба иқтисоди Тоҷикистон наздик ба 6 миллиард доллар расидааст, ки аз он қариб 3,5 миллиардашро сармояи мустақим ташкил медиҳад.
Оид ба имкониятҳои ҷалби сармоя андешаронӣ намуда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои коммуникатсионӣ дар кишвари моро барои ташаккули долонҳои нави нақлиётӣ, энергетикӣ ва робитаҳои байниминтақавӣ созгор номиданд.
Ташаккули долонҳои муосири нақлиётиву иқтисодӣ дар ҳудуди Тоҷикистон барои пайванди Чин ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ бо Ховари Миёна омили дигари рушди ҳамкорӣ бо кишвари Чини ҳамсоя маънидод гардид.
Зикр карда шуд, ки дар соли гузашта, ба иқтисоди миллӣ ба маблағи қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки ҳудуди 900 миллион ва ё 12,5 фоизи он аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 300 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии тақрибан 13 миллиард доллар амалӣ мегардад, ки дар бисёре аз онҳо ширкатҳои чинӣ ҳамчун паймонкор иштирок мекунанд. То имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод фаъолият доранд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ширкатҳои чинӣ Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Вэнтао, Раиси Кумитаи мусоидат ба рушди савдои байналмилалии Чин Рен Хонбин ва роҳбарону намояндагони як қатор корхонаву ширкатҳои азими Чин, ки дорои нуфузи ҷаҳонӣ мебошанд, сухан гуфта, андешаҳо ва пешниҳодҳои судманд ба миён гузоштанд.
Аз рӯйи натиҷаҳои ин мулоқот ва гуфтушунидҳои миёни ширкатҳои Тоҷикистону Чин беш аз 50 санади ҳамкорӣ, ки ҷалби беш аз 8 миллиард доллари амрикоиро ба Тоҷикистон дар назар доранд, ба имзо расид.
Қисмате аз ин созишномаҳо, аз ҷумла дар доираи Форуми технологияҳои иттилоотӣ бо унвони “Пайванди тиҷорати рақамии Тоҷикистону Чин” (Tajik-China Digital Business Connect) ба мувофиқа расид.
Манбаъ: www.President.tj