Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором мулоқот кард

Санаи нашр: 29-04-2026 Просмотрено: 4258

23 апрел дар Бангкок, пойтахти Таиланд, дар доираи иҷлосияи 82-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО; ESCAP), Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Котиби иҷроияи ЭСКАТО Армида Салсия Алишаҳбана мулоқот доир кард.

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои мустаҳкам ва созандаи шарикии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором ва саҳми ин созмонро дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишвари мо таъйид ва дастгирии доимии ЭСКАТО-ро ба рушди соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуд.

Аз ҷумла гуфта шуд, ки  моҳи июли  соли  2024 ЭСКАТО татбиқи лоиҳаи «Технологияҳои нав ва табдили рақамӣ барои дастгирии  фаъолияти устувортар ва рақобатпазири роҳи оҳан дар Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ»-ро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои баҳрабардори он мебошад, ба анҷом расонид.

Тоҷикистон яке аз 44 кишвари ҷаҳон аст, ки  «кишварҳои маҳсур дар хушкӣ» ном бурда мешаванд ва  роҳи мустақими баромадан ба баҳрро надоранд ва аз ин сабаб дар ҷараёни рушди иқтисодии худ бо як қатор мушкилот рӯ ба рӯ мешавад. Дар ин замина махсус таъкид гардид, ки дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ соли 2025 Стратегияи рақамикунонии долонҳои нақлиётии мултимодалии давлатҳои иштирокчии ИДМ қабул карда шуд, ки лоиҳаи онро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо ЭСКАТО таҳия кардааст.

Инчунин лоиҳаи «Суръатбахшии гузариш ба мошинҳои барқӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, марҳилаи II», ки бо дастгирии ЭСКАТО дар Тоҷикистон амалӣ мегардад, номбар карда шуд.

Тоҷикистон дар татбиқи Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором (қатъномаи 70/1 Ассамблеяи Генералии СММ) минбаъд низ фаъолона иштирок мекунад. «Дар робита ба ин, мо ба талошҳои давомдор барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика, аз ҷумла таҳияи лоиҳаи қатънома оид ба ин масъала, ки ба назари мо барои рушди системаҳои устувори нақлиёт дар тамоми минтақа заминаи  ммуҳим фароҳам меорад, таваҷҷуҳи махсус медиҳем», – изҳор дошт Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим.

Ёдовар мешавем, ки 24 апрели соли 2026 дар иҷлосияи 82-юми ЭСКАТО дар Бангкок ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъқул дониста шуд – иштирокчиёни иҷлосия қатъномаи пешниҳодкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо номи «Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи нақлиётӣ ва логистика ба манфиати рушди устувор дар Осиё ва Уқёнуси Ором» қабул карданд.