Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
ДАР ТОҶИКИСТОН
Ширкатҳои «Shohin Airlines» ва «Airbus» хариди ҳавопаймоҳои оилаи «Airbus A320neo»-ро баррасӣ карданд. Ширкакти ҳавонавардии Тоҷикистон «Shohin Airlines» ва ширкати трансмиллии аврупоии «Airbus» хариди 4 ҳавопаймои оилаи «Airbus A320neo»-ро баррасӣ карданд. Дар ин бора маркази матбуоти ширкати «Shohin Airlines» хабар медиҳад
Сафари ҳайати аврупоӣ идомаи муколамаи аввали соли равон дар Тулуза буд, ки дар натиҷаи он оид ба хариди 2 ҳавопаймои A320neo ва 2 ҳавопаймои A321neo !ддошти тафоҳум ба имзо расида буд.
«Shohin Airlines» - ширкати хусусии ҳавопаймоӣ, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ба рушди авиатсияи граждании кишвари мо, инчунин рушди ҳамлу нақли ҳавопаймоҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ нигаронида шудааст.
***
Вуруд ва хуруҷи воситаҳои нақлиёт ба пойтахти Тоҷикистон зери назорат гирифта мешавад. Дар Душанбе насби дурбинҳои (камераҳои) назоратӣ дар даромадгоҳ ва баромадгоҳҳои шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус хабаргузории Sputnik бо истинод ба роҳбари шӯъбаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт Лоиқ Шералӣ хабар дод.
Ҳамин тавр, 117 адад дурбини бақайдгирӣ (19 адади онҳо аллакай насб шудаанд) дар 68 кӯчаву ҷодаҳои Душанбе дар даромадгоҳ ва баромадгоҳҳои шаҳр фаъолият хоҳанд кард.
Бино ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар 115 чорроҳа дар маҷмӯъ 315 дурбин насб шудааст, ки вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳро сабт мекунанд. Дар баъзе кӯчаҳои пойтахт 63 радар барои пешгирии суръат ва 43 дурбин бо функсияи шинохти чеҳра насб ва истифода мешаванд.
Илова бар ин, ба гуфтаи Лоик Шералӣ, дар 350 истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ 137 дурбин барои бақайдгирии мусофирон насб шудааст.
Айни замон, дар 575 минтақа таъсиси таваққуфгоҳҳои пулакӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар 300 минтақа аллакай 4,5 ҳазор таваққуфгоҳҳои фаъол мавҷуданд, гуфт намояндаи МИҲД шаҳри Душанбе.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дурбинҳои назоратӣ ва радарҳо дар Душанбе ба таври худкор суғуртаи ҳатмӣ ва санҷиши техникии воситаҳои нақлиётро тафтиш мекунанд.
ДАР МИНТАҚА
Лазерҳо дар роҳ дар як минтақаи дигари Қазоқистон фаъол гардиданд. Дар қитъаи роҳи ҷумҳуриявии «Ушарал-Достык» дар вилояти Жетісу «ҳамсафар»-и лазерӣ пайдо шуд – ин тадбири муосир ба баланд бардоштани сатҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ равона карда шудааст, хабар медиҳад NUR.KZ.
Тавре хадамоти матбуотии муассисаи назорати роҳҳои вилояти Жетісу хабар медиҳад, дар минтақа андешидани тадбирҳои муосир, ки ба баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳ равона шудаанд, идома дорад. Яке аз чунин тадбирҳо истифодаи «ҳамсафар» - и лазерӣ дар қитъаи роҳи ҷумҳуриявии «Ушарал-Достык» мебошад.
«Вазифаи асосии низоми нав - ҳушдор додан оид ба хатар, баланд бардоштани диққати (тамаркузи) ронандагон ва пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, махсусан дар шароити нокифоягии биниши роҳ арзёбӣ мешавад», - омадааст дар хабар.
***
Дар роҳи оҳани Қирғизистон – Чин – Узбекистон корҳо оид ба сохтмони нақбҳо идома доранд. Дар доираи бунёди роҳи оҳани Қирғизистон – Чин – Узбекистон ҳоло корҳои кофтани нақбҳо ва омодасозии инфрасохтор идома доранд. Дар ин бора 15 апрел Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Қирғизистон дар сомонаи худ хабар дод.
Дар қисми инфрасохтор корҳо оид ба насби хатҳои муваққатии таъминоти барқ ба анҷом расиданд: 4 зеристгоҳи трансформаторӣ, 2 095 такягоҳ насб ва 259 километр хатҳои интиқоли барқ дароз карда шуданд.Дар тамоми тӯли роҳи оҳан 192,323 километр роҳҳои муваққатӣ сохта шудаанд.
Лоиҳа сохтмони 29 нақбро бо дарозии умумии 104,83 километр пешбинӣ кардааст. Дар ҳамаи нақбҳо, аз ҷумла дар 8 нақб бо дарозии беш аз 5 километр, корҳои зеризаминиии гузариш идома доранд.
***
Осиёи Марказиро чорроҳаи хатсайрҳои нақлиётӣ мебинанд. Кам кардани хароҷот ҳангоми интиқол дар долонҳои нақлиётии Авруосиё «шимол-ҷануб» ва «шарқ-ғарб», инчунин муттаҳид сохтани онҳо ҷараёни ҳамлу нақлро дар онҳо 40% афзоиш медиҳад – ба чунин хулоса расидаанд таҳлилгарони Бонки рушди Авруосиё (БРАО), менависад рӯзномаи «Коммерсантъ».
Ба қавли муаллифи мақола, ин имкониятҳои транзитии Чинро тавассути хатсайрҳои хушкӣ дар Авруосиё васеъ мекунад ва ба мӯҳлат ва ҳаҷми интиқол ба/аз Ҳиндустон таъсири мусбат мерасонад. Аммо барои муттаҳид кардани хатсайрҳои Авруосиё на танҳо бунёди инфрасохтори нав, балки коҳиш додани вақти бекористӣ дар марзҳо бо сабаби нокифоя будани таҷҳизоти гузаргоҳҳои сарҳадӣ зарур аст.
ДАР ҶАҲОН
Дар қаламравҳои озодшудаи Озарбойҷон зиёда аз 3700 километр роҳҳои автомобилӣ сохта мешаванд. Дар ин бора ба хабаргузории давлатии АЗЕРТАДЖ дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии давлатии роҳҳои автомобилгарди Озарбойҷон бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти он дар соли 2025 ва вазифаҳои дарпешистода хабар дода шуд.
Зикр гардид, ки дар давоми соли гузашта дар маҷмӯъ 440,7 км шоҳроҳҳо, хиёбонҳо ва кӯчаҳо (аз ҷумла 110,8 км дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 153,1 км дорои аҳамияти маҳаллӣ), 93,8 км роҳҳои шаҳрии Боку, 66 км роҳҳои шаҳрии Ганҷа ва 17 км роҳҳои шаҳрии Шекӣ сохта, таҷдид ва таъмир карда шуданд.
Дар қаламравҳои аз ишғол озодшуда дар доираи барномаҳои гуногун лоиҳаҳои сохтмони 64 шоҳроҳ бо дарозии умумии 3720,5 км ва як фурудгоҳ амалӣ карда мешаванд. Дар давраи солҳои 2015-2025 Агентии давлатии роҳҳои автомобилгарди Озарбойҷон дар маҷмӯъ 10 826,9 км роҳҳои автомобилгард, хиёбонҳо ва кӯчаҳоро сохта, таҷдид ва таъмир кард. Тибқи маълумоти Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, аз рӯи сифати роҳҳо Озарбойҷон дар байни кишварҳои ИДМ дар ҷои 1 ва Тоҷикистон дар ҷои 2-юм қарор доранд.
***
Консепсияи раёсати Туркманистон дар ИДМ дар соли 2026 нашр шуд. Консепсияи раесати Туркманистон дар соли 2026 дар ИДМ ва Нақшаи тадбирҳо оид ба татбиқи он дар сомонаи расмии Кумитаи иҷроияи ИДМ нашр шудааст.
Консепсия панҷ самти асосиро муайян мекунад: таъмини сулҳ ва амният, рушди иқтисодиет ва алоқаи нақлиётӣ, таҳаввулоти рақамӣ, рӯзномаи экологӣ ва ҳамкории гуманитарӣ.
Қисмати иқтисодӣ рушди долонҳои нақлиётии «Шимол–Ҷануб» ва «Шарқ–Ғарб», густариши ҳамкории энергетикӣ ва ҳавасмандгардонии савдо ва сармоягузориро пешбинӣ мекунад.
***
Дар Иттиҳоди Аврупо ба оғози татбиқи бузургтарин лоиҳаи нақлиётии асри XXI омодагӣ мегиранд. Дар тӯли 20 сол дар ин ҷо бунёди шабакаи баландсуръати роҳи оҳан бо дарозии 49,4 ҳазор километр ба нақша гирифта шудааст. Ин нақшаи беназир бояд шаҳрҳои калонтарини қитъаро аз Афина ва Истамбул то Мадрид ва Милан ба ҳам пайвандад, хабар медиҳад Travel And Tour World.
Лоиҳа, ки ташаббускори он Ҷомеаи ширкатҳои роҳи оҳан ва инфрасохтори Аврупо (CER) мебошад, як қисми стратегияи ҷадиди ИА оид ба рушди ҳамлу нақли устувор хоҳад буд,
Орзуи дидани Аврупо бидуни парвозҳои дилгиркунанда тадриҷан ба воқеият табдил меёбад. Шабакаи нав шаҳрҳои Иттиҳоди Аврупоро бо хатҳое муттаҳид мекунад, ки қатораҳо метавонанд бо суръати аз 250 то 350 километр дар як соат ҳаракат кунанд.
Ҳадафи асосии лоиҳа коҳиш додани вобастагӣ аз авиатсия ва мошинҳо тавассути пешниҳоди алтернативаи тозатар ва каммасраф ба мусофирон мебошад. Тибқи иттилои Ecosever, лоиҳа мустақиман бо ҳадафҳои иқлимии Иттиҳоди Аврупо ва лоиҳаи он «Давраи сабз» алоқаманд аст.
Вақте ки лоиҳа амалӣ мешавад, вақти сафар байни шаҳрҳои калонтарин якчанд маротиба кам мегардад. Аз Афина ба Истамбул дар муддати камтар аз чор соат, аз Мадрид ба Милан тақрибан ду маротипба зудтар нисбат ба ҳозира расидан мумкин аст. Масири Берлин – Рум низ ба ҷои сафари дурӯза як ҳаракати рӯзона хоҳад буд.
Дар назар аст, ки шабака ҳамаи пойтахтҳо ва шаҳрҳои калонтарини Аврупо, аз ҷумла Берлин, Мюнхен, Париж, Вена, Будапешт, Прага, Мадрид, Рим ва Афина, инчунин даҳҳо марказҳои минтақавиро бо аҳолии 250 ҳазор нафар пайваст кунад.
Арзиши умумии лоиҳа 546 миллиард евро арзёбӣ мешавад ва мӯҳлати татбиқи он тақрибан бист сол аст.